МАКТУБИ ИТТИЛООТӢ

77

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар пояи кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, санаи 27-уми октябри соли 2022 конференсияи байналмилалии илмию назариявиро дар мавзуи «Филологияи араб ва замони муосир», ки ба 75-солагии доктори илми филология, профессор Сулаймонов Саидраҳмон бахшида шудааст, баргузор менамояд.

         Дар конференсия масоили зерин баррасӣ мешаванд:

  • Дастовардҳои филологияи араб дар ҷаҳони муосир ва саҳми донишмандони арабшинос дар ҳалли масъалаҳои ховаршиносӣ.
  • Забоншиносии муқоисавӣ ва аҳаммияти он дар замони муосир.
  • Робитаҳои адабии Арабу Аҷам ва инъикоси онҳо дар таҳқиқоти донишмандон;
  • Таҷассуми таъсири мутақобили фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ ва арабӣ  дар адабиёти арабизабони асрҳои миёна.
  • Нақши олимону адибони форсу тоҷик дар ривоҷи забоншиносӣ ва адабиётшиносии асримиёнагии араб.
  • Вижагиҳои адабиёти навини араб ва аҳаммияти омӯзиши адабиётшиносии қиёсӣ дар ховаршиносии муосир.

               Талабот нисбат ба пешниҳоди маърузаҳо дар шакли мақола

Матнҳои ирсолшуда бояд таҳрир ва ба талаботи техникии зерин ҷавобгӯй бошанд:

– саҳифаи А4, ҳошияҳо аз тарафи чап 3см, аз тарафи рост 1,5 см, боло ва поён 2 см;

– ҳуруфи шакли Times New Roman, Times New Roman Тj бо андозаи – 14;

– сатри якум – номи маъруза БО ҲАРФҲОИ КАЛОН бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри дуюм – насаби муаллиф, ҳарфи аввали ном ва номи падар, бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– сатри сеюм – номи муассисаи ҷои кори асосӣ (таҳсил) бо баробаркунии матн дар байни саҳифа;

– матни маъруза бояд дар таҳриргари матнии MS Word ҳуруфчинӣ шуда, фосилаи байни сатрӣ – 1,5, баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа, истифодаи ҳиҷобандии калимаҳо мумкин нест;

– ҳаҷми матни маъруза бо ҷадвал, рӯйхати адабиёт, аннотатсия ва калидвожаҳо набояд аз 6 саҳифа зиёд бошад;

– ишора ба адабиёти истифодашуда дар матн ҳатмӣ буда, ба таври [3, с. 25] омода карда мешавад, ки дар он рақами аввал рақами тартибии сарчашма дар рӯйхати адабиёт ва рақами дувум саҳифаи он мебошад;

– рӯйхати адабиёт дар охири матн баъд аз калимаи «АДАБИЁТ» овардашуда, бо тартиби алифбо омода карда мешавад;

– баъди рӯйхати адабиёт бояд номи маъруза, аннотатсия ва калидвожаҳо бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ оварда шаванд (бо андозаи 10);

– дар охир маълумот дар бораи муаллиф – насаб, ном ва номи падар пурра, дараҷаи илмӣ, унвони илмӣ, вазифа (таҳсил) ва рақами телефон бо баробаркунии матн бо паҳноии саҳифа (бо забони маърузаи пешниҳодшуда);

Дархост барои иштирок ва матни маъруза бояд то санаи 1-уми октябри соли 2022 ба Кумитаи тадорукот ирсол карда шавад.

Забони конференсия: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ.

Кумитаи тадорукоти конференсия ҳуқуқи таҳрири техникиро дошта, метавонад маърузаҳоеро, ки ба мавзуъ мувофиқ нестанд ва ё бо риоя нагардидани талаботи техникии пешниҳодгардида омода карда шудаанд, ба муаллифон баргардонад. Маърузаҳое ба чоп пешниҳод мешаванд, ки дараҷаи нотакрории матни онҳо на кам аз 70% бошанд.

Маводи конференсия нашр мешавад.

Хароҷоти рафту омад ва зист ба зиммаи иштирокчиён аст.

Суроғаи мо: шаҳри Душанбе, маҳаллаи Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (бинои № 10).

Тел.: (+992) 927-35-94-68 ё (+992) 98-750-99-68. E-mail:rajabova.marhabo@mail.ru.

ИНФОРМАЦИОННОЕ ПИСЬМО

Таджикский национальный университет, на базе кафедры арабской филологии факультета языков Азии и Европы 27 октября 2022 года проводит международную научно-практическую конференцию на тему: «Арабская филология и современность», посвященную 75-летию доктора филологических наук, профессора Сулаймонова Саидрахмона.

 На конференции предусматривается обсуждение следующих вопросов:

Достижения арабской филологии в современном мире и роль учёных арабистов в решении вопросов востоковедения; 

  • Сопоставительное языкознание и его значение в современном мире.
  • Арабо-Аджамские литературные связи и их отражения в исследованиях современных учёных.
  • Отражение взаимовлияния персидско-таджикской и арабской культуры в арабоязычной литературе средних веков.
  •  Роль   персидско-таджикских учёных и литературных деятелей в развитии средневекового языкознания и литературоведения.
  • Особенности современной арабской литературы и важность изучения сравнительного литературоведения в современном востоковедении.

Требования к оформлению текста докладов, представленные для печати

Присылаемые тексты должны быть отредактированы и соответствовать следующим требованиям:

– страница А4, поля: левое – 3см, правое – 1,5 см, верхнее и нижнее – 2см;

– шрифт: тип – Times New Roman, Times New Roman Tj, размер (кегль) – 14;

– первая строка – название доклада ПРОПИСНЫМИ БУКВАМИ- выравнивание по центру;

– вторая строка – фамилия автора, инициалы -выравнивание по центру;

– третья строка –полное название учреждения места работы (учебы) -выравнивание по центру;

– основной текст, набранный в текстовом редакторе MS Word: межстрочный интервал – 1,5, выравнивание по ширине, функция автоматического переноса слов не допускается;

– объем текста не должен превышать 6 страниц с таблицами, списком литературы, аннотацией и ключевыми словами;

– ссылки на литературу в тексте обязательны и оформляются следующим образом: [3, с.25;], где первая цифра – номер источника в списке литературы, вторая – страница;

-список литературы располагается в конце доклада после слова «Литература» и оформляется в алфавитном порядке;

– после списка литературы должны быть представлены название доклада, аннотация и ключевые слова на таджикском, русском и английском языках (размер (кегль) – 10).

– последняя строка сведение об авторе – полное фамилия, имя, отчество, научная степень и научное звание, должность (учеба) и номер телефона, выравнивание по ширине (на языке представленного доклада).

Заявки на участие и текст докладов следует прислать в Оргкомитет до 1-го октября 2022 года

Язык конференции: таджикский, русский и английский.

Оргкомитет конференции оставляет за собой право технического редактирования или отклонения материала, который не соответствует теме конференции или оформлен с нарушением предъявляемых требований. Доклады, имеющие оригинальность текста менее 70%, не могут быть приняты к печати.

Материалы конференции будут опубликованы.

Проезд и проживание участники оплачивают самостоятельно.

Наш адрес: 734025, Республика Таджикистан, г. Душанбе, Буни Хисорак, Студентческий городок, факультет языков Азии и Европы Таджикского национального университета (10 корпус).

Тел.: (+992) 927-35-94-68 ё (+992) 98-750-99-68.  E-mail:rajabova.marhabo@mail.ru.