Боиси ифтихор ва фараҳу шодмонист, ки ҳамасола донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз ҷумла муҳассилини факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар Озмунҳои байналмилаливу ҷумҳуриявӣ иштироки фаъолона меварзанд. Имсол низ барои дарёфти «Ҷоми раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Ӯлуғзода» донишҷӯёни факултет Зарифов Ҳусейн аз фанни забони фаронсавӣ, Ғаффоров Аҳрор аз фанни забони хитоӣ ва Ибодзода Шафоат аз фанни забони ҳиндӣ миёни донишҷӯёни дигар Донишгоҳҳои кишвар сазовори ҷойи аввал гардиданд. Ин муваффақияти беназирро ба кулли устодону донишҷӯёни факултет ва Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муборакбод мегӯем.



