Зиёда аз 800 сол муќаддам дар хонадони Муњаммад ибн Њусайни Балхї машњур ба Султонулуламо Бањоуддин Валад, тифле бо номи Муњаммад ба дунё омад, ки Љалолиддин унвони ифтихории ў шуд. Ў дар аввал ифтихори падар буд ва билохир ифтихори оламиён гашт. Падар нисбати ў муњаббати беандоза дошт ва дар ташаккули љањонбиниву такмили саводаш сањми бузург гузошт. Њанўз хурдсол буд, ки бо падари бузургвораш дар сафарњо њамроњї менамуд. Аснои њамин сафарњо ба дидори шайх Фаридаддин Аттори Нишопурї мушарраф гашт, ки ин ба њаёти ў бетаъсир намонд.
Зењни бурро, акли расо ва дониши волои Љалолиддин боиси он шуд, ки ба зўдї машњур гардад ва њамон гуна, ки шайх Аттор гуфта буд: «Оташ ба сўхтагони олам занад». Ихлосмандону мўътаќидон ва пайравонаш аз гўшаву канор ба зиёраташ меомаданд ва хонаи ўро ба макони маљлису махфилњо ва мактаби омўзишу парвариши ањли адаб табдил дода буданд ва ўро бо номњои «Мавлоно Муњаммад, Мавлонои Рум, Мавлоно Љалолиддин Муњаммад Румии Балхї» ёд мекарданд. Сабаби ба Љалолиддини Румї машњур шуданаш дар он аст, ки ў Румро ватани дуюми худ ќарор дода, дар ин сарзамин истиќомати њамешагиро ихтиёр карда буд.
Зиндагонии рангини Љалолиддин Муњаммад пас аз шиносої бо Шамси Табрезї ном орифи дарвешмашрабе рангинтар гардида, ба њаёти ў таѓйироти куллие ворид сохт ва ўро мафтуну шефтаи худ гардонид. То он љо, ки ў барои Мавлоно њамчун тимсоли таљаллии нури Њак таљассум ёфт. Ба ин маънї худи Мавлавї борњо дар ашъораш ишора намуда, аз љумла дар ин байт мегўяд:
Мафхари Табрези љон Шамси Њаќї, ай ёри мо,
Равнаќи гуфтори мої, зиннати ашъори мо.
Ё ин ки:
Хомуш кардам ин забон, бо кас нагўям ин замон,
Шуд Шамси Табрезї аён бар мусњафи девони мо.
Аз он њангом, ки нуфузи Мавлоно ва шўру шавќи эњсоси ботиниву рўњонии ў рушд кардааст, тамаддуну фарњанги љањонї то ба имрўз ба ў ва ба мактаби таълимоти ў беш аз пеш ниёз доранд. Асарњои ўро дар давлатњои Аврупову Амрико, Фаронсаву Русия, Эрону Њиндустон, кишварњои арабизабон ва дар дигар манотиќи олам мавриди тањќиќу омўзиш ва бањрабардорї ќарор додаанд, ки њанўз он љўйишу омўзишњо идома доранд. Осори ин адиби шањир, аз љониби мутарљимон ва забондонони барљаста бо 40 забони дунё тарљума шуда, ба шефтагону алоќамандони Мавлоно пешкаш шудаанд.
Имрўз низ дар љањони Арабу Аљам шинохти Мавлоно ва асарњои бебањои ў маќоми хоса дорад. Ва дар ин замина зањмату талошњои муњаќќиќони барљаста, ки Мавлоноро барои оламиён муаррифї кардаанд, ба монанди Риналд Николсон, Абдулбоќии Гулпинорлї, Абдулњусайни Зарринкўб, Бадеъуззамони Фурўзонфар, Радий Фиш, Анамори Шиммел, Абдулвањњоб Иззом, Муњаммад Абдусалом Кафофї, Иброњим ад-Дасуќї ва чанде дигарон басо назаррас аст.
Муҳаққиқон дар тањќиќи осори ин адиби бузург камари њиммат гумоштанд ва дар натиљагирии он муваффаќ њам шудаанд. “Куллиёти девони Шамс” яке аз асарњои гаронбањои ў буда, аз ќасоиду ѓазалиёт, рубоиву мустадрикот ва ќитъаву муламмаот иборат аст, ки ҳудуди 50 000 байт дар он гирдоварӣ шудааст.
Дар ин куллиёт қариб 100 ғазал бо забони арабӣ, беш аз 120 ғазал ашъори дузабонаи форсиву арабӣ ва теъдоди камтаре абёти туркӣ ва ҳам ашъори сезабонаи шоир фароҳам оварда шудааст. “Куллиёти девони Шамси Табрезӣ” бо ғазали маъруфи:
“Эй растахези ногањон, в—эй рањмати бемунтањо,
Эй оташе афрўхта дар бешаи андешањо.
Имрўз хандон омадї, мифтоњи зиндон омадї,
Бар мустамандон омадї, чун бахшишу фазли Худо.
Хуршедро њољиб туйї, умедро вољиб туйї,
Матлаб туйї, толиб туйї, њам мунтањо њам мубтадо”
оғоз шудааст.
Бо назардошти ин њама масъалаи тањќиќи хусусиятњои бадеї, мавзўй ва шаклии ашъори арабии Мавлавии Балхї, аз муњимтарин љузъиёти эљодиёти ў буда, он дар вазнњои гуногуни шеърї аз ќабили рубої, ѓазал, ќитъа, ќасида ва ѓайра суруда шудааст, ки ин шеърњо аз љињати вазну ќофия ва мазмуну мундариља дорои фаркиятњо мебошанд.
Илова бар ин, омўзиши ашъори арабии Љалолиддини Балхї дар муайян намудани шеъри арабизабони асри ў сањми беандоза мегузорад.
Намунаи чанде аз ашъори арабии Мавлоно Љалолиддини Балхї:
Љоа рабиъу муфтахиран фї љиворино,
Љоа-л-њабибу мубтасиман васта дорино.
Тайибу ва акриму ва таъолу литашрабу,
Инда-л-њабиби мубташиран фї уќорино.
[283,153]
Умрука ё воњидан фї дараљотил камол,
Ќад назала-л-њаму бї ё сайидї ќум таъол.
Ё фарањї, мўнисї, ё ќамара-л- маљлисї,
Ваљњука бадру тамом, риќука хамру њалол [1368,530]
Мисоли дигар:
Ё мунирал-бадри қад авзаҳта бил-билболи бол,
Билҳаво залзалтанӣ вал-ақлу физ-зилзоли зол.
Кам унодӣ, унзуруно нақтабис мин нурикум,
Қад раҷаъно ҷонибан мин тури анворил-ҷалол [5, 529]
Ќудрати Мавлоноро дар маъниофаринї аз ин чиз эњсос кардан мумкин аст,ки як воњиди забониро дар доираи як мисра ё байт ба маънињои мухталиф мавриди истифода ќарор додааст ва умумияту тафовутњои ѓоявї ва мавзўии ашъори арабї ва форсиро баён кардааст. Њангоми омўзиш ва мутолиаи ашъори арабї таваљљўњи хонандаро љозибаи дигари забонї ва луѓавии арабиаслу форсї ба худ љалб мекунад. Аз љумлаи санъатњои бадеї, он чї Мавлоно Љалолиддини Балхї бештар истифода бурдааст, ин санъати муламмаъ ё худ рангорангии каломи адабии дузабонаи форсию арабї мебошад, ки беш аз 120 ѓазали худро бо он тараннум намудааст. Мањорати баланди ѓазалсароии Мавлоно воќеан беназир аст. Ў њатто як калимаро дар лафзи арабиву форсї бо санъати баланди шоирона омезиш дода, нињоят хушоянду дилписанд гуфтааст.
В—ар фаќињї, пок бош аз иннањум ло яфќањун,
Чашми шухи савфа юбсир бош, пеш аз юбсирун.
***
Сарсабзу хуш њар туррае, наъразанон њар заррае,
К-ассабру мифтоњу-л-фарањ, ваш-шукру мифтоњу-р-ризо.
***
Яке аз сабабњои истифодаи забони арабї ва туркї дар ашъори Мавлоно он аст, ки ў аз кишварњои гуногуни форсизабон ва арабиву туркизабонон дидан карда, баъзе унсурњои баёнро бо ин забонњо ва омезиши онњо дар ашъори худ иброз доштааст. Аз њамин сабаб дар истифодаи алфози арабиву туркї ва њамљоягии онњо бо забони форсї дар ашъораш мањорати баланди суханшиносиву сухандонї нишон дода, бо чунин сабки эљод тавонистааст, ки забони асари худро ба олами бою рангини маонишиносї ворид созад.
Дар миёни ин ѓазалиёт мисрањо ва байтњои муламмаъшудаи арабие њастанд, ки дар вазни шеъри форсї суруда шудаанд ва баръакс мисра ё абёти форсие њаст, ки дар вазни шеъри арабї суруда шудаанд. Бино ба гуфти муњаќќиќи тољик Алии Муњаммадии Хуросонї, Мавлоно зиёда аз чињил авзони шеъриро дар ѓазалњои арабї истифода кардааст.
Муламмаоти Мавлоно Љалолиддин бо мањорати баланд њам дар мисрањо ва њам дар абёту ѓазал гардиш ёфта, бархе аз сурудањояш ибтидо бо мисрањои форсї ва интињо бо арабист ва баръакс бо мисрањои арабї оѓоз шуда, ба форсї анљом ёфтаанд.
Њон эй табиби ошиќон, савдоие дидї чу ман
Ё соњибайя иннанї мустањлику лав локумо
Эй Юсуфи сад анљуман, Яъќуб дидастї чу ман
Исфарра хаддї мин љаво вабяза айнї мин буко
Аз чашми Яъќуби суфї ашке равон бин Юсуфї
Таљрї думуъї билвало мин муќлато айнил вало
Хомуш, боќиро биљў аз нотиќи икромхў
Фал фањму мин ињоињи мин кулли макруњи шифо.
[261, 146]
Чанд аз ин ќилу ќол, ишќ парасту бибол,
То ту бимонї чу ишќ дар ду љањон бе завол.
Чанд кашї бори њаљр, ѓуссаву тимори њаљр,
Хоса ки минќори њаљр канад туро пару бол.
Як дам бонги наљот, як дам овози мот,
Мезад он хушсифот бар ману бар васфи њол.
Туслињу мизонано, туњсину алњонано
Тузњибу ањзонано анта шадидул мињол.
[1352, 524]
Дар ин ду мисоли дигар ибтидои ѓазал арабї буда, бо форсї интињо ёфтаанд.
Антумуш шамс вал ќамар минкумус самъ вал басар
Назарул ќалбї фикум бикум янљалї назар
Ќултумус сабру аљмал сабарал ъабду мо ансабар
Нањну абноу ваќтино рањималлоњу ман ѓабар.
Бар он ёри хушназар ту магў њељ аз хабар,
Чу хабар нест аз мањрамаш, бари ў бош бохабар.
Бирав аз гӯш сӯи дил, бинигар кист масттар?
Арабї гар чї хуш бувад, аљамї гў ту эй писар.
[1176, 465]
Руњука бањрул вафо лавнука ламъус сафо
Умрука лав ло илтаќо ќулту аё зулљалол.
Оњ зи нафси фузул, оњ зи заъфи уќул
Оњ зи ёри малул, чанд намояд малул.
Тудрибу ќалбул варо тускируњум билњаво
Тудрику мо ло юро анта латифул хиёл.
Љумла суолу љавоб з-ўсту манам чун рубоб,
Мезанадам ў шитоб, захма ки яъне бинол [1361, 528]
Аз рубоиёти пурра арабии Мавлоно намунае ин аст:
Мавлоя анна т тоибу миммо салафо,
Њал юќбалу узру ошиќин ќад талафо.
Ин кона надоматї судудан ва љафо,
Мавлоя афаллоњу афаллоњу, афо.
Мисоли дигар дар рубоиёте, ки бо рангорангии фарњанги себона аз рўи абёти ѓазалиёти туркию арабї ва форсї истифода шудааст.
Ё авњаду бил љамоли, ё љонум сан
Аз ањди ман, ай дўст, магар ёдум сан.
Ќад кунта туњиббунї, фа ќул тољик сан
Вал явма њаљартанї , фа ќул сен ким сан.
Каримова Дилором Баҳромовна-дотсенти кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо