Меҳргон — Рамзи фаровонӣ

17

16 октябри соли 2025, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷашни бостонии Меҳргон — яке аз куҳантарин ва зеботарин идҳои миллии мардуми ориёинажод, бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид. Дар ин чорабинӣ устодон ва донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо нақши назаррас доштанд ва бо иштироки фаъолонаи худ фазои идонаро пуртаъсир сохтанд.Меҳргон дар партави сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ва мутобиқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009, №538, ҳамасола дар якшанбеи сеюми моҳи октябр таҷлил мегардад. Ин ҷашн рамзи арҷгузорӣ ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳёи суннатҳои ниёгон мебошад.Барномаи идона аз намоиши гӯшаҳои идона ва маҳсулоти миллии факултетҳо оғоз ёфт. Донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бо ташкили гӯшаҳои зебо, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва дастархонҳои анъанавӣ саҳми хос гузоштанд. Ин иқдом на танҳо завқи бадеии донишҷӯёнро нишон дод, балки ифодаи эҳтироми онҳо ба фарҳанги миллӣ буд.