22

29 октябри соли 2025, дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷаласаи волидайни донишҷӯёни ихтисосҳои арабӣ-англисӣ ва арабӣ-франсавӣ баргузор гардид.Дар ҷаласа декани факултет, дотсент Сайдализода Шодмон, муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ Саидзода Одинааҳмад, сарпарасти факултет аз шуъбаи тарбияи донишгоҳ Нуриддинзода Раҳматулло, мудири кафедраи филологияи араб Раҷабова Марҳабо, сарпарасти гурӯҳ Аминов Ҷумахон иштирок намуданд.Дар оғоз дотсент Сайдализода Шодмон ҳозиринро бо мақсади баргузории ҷаласа ошно намуда, зикр кард, ки ҳамкории пайвастаи волидон бо устодон ва роҳбарияти факултет барои таҳсил, рафтори намунавӣ ва пешрафти таълимии донишҷӯён нақши муҳим дорад.Баъдан Раҷабова Марҳабо, мудири кафедраи филологияи араб, дар бораи аҳамияти омӯзиши забони арабӣ дар замони муосир, нақши волидайн дар ташаккули муҳити таҳсил ва зарурати дастгирии фарзандон дар омӯзиши забонҳои хориҷӣ сухан гуфтанд. Ӯ таъкид намуд, ки омӯзиши забони арабӣ барои тавсеаи ҷаҳонбинии донишҷӯён ва муаррифии арзишҳои миллӣ дар сатҳи байналмилалӣ нақши муҳим мебозад.Сипас Аминов Ҷумахон, сарпарасти гурӯҳ, сухан намуда, аз дастовардҳо ва фаъолияти таҳсилии донишҷӯён ёдовар шуд. Ӯ изҳор дошт, ки аксари донишҷӯён бо масъулият дарс мехонанд, дар чорабиниҳои фарҳангӣ ва илмии факултет фаъолона иштирок мекунанд. Ҳамзамон, ба волидайн тавсия дод, ки фарзандонашонро бештар барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, риояи интизом ва рушди ҷаҳонбинии илмӣ ташвиқ намоянд.Нуриддинзода Раҳматулло, сарпарасти факултет аз шуъбаи тарбияи донишгоҳ, низ сухан намуда, ба аҳамияти ҳамкории волидайн бо муассисаҳои таълимӣ ва нақши муҳити солим дар тарбияи ҷавонон ишора кард. Ӯ таъкид намуд, ки дастгирии оилавӣ, эҳсоси масъулият ва иртиботи доимии падару модар бо донишгоҳ калиди муваффақияти ҳар як донишҷӯ мебошад.Дар идома устодон масъалаҳои вобаста ба низоми таҳсил, ҳузури донишҷӯён дар дарсҳо, риояи интизоми донишгоҳ ва нақши волидон дар ташаккули шахсияти донишҷӯёни ҷавонро мавриди баррасӣ қарор доданд.Дар анҷоми ҷаласа ба саволҳои волидайн ҷавобҳои мушаххас дода шуда, пешниҳодҳои судманд барои беҳтар намудани ҳамкории волидайн ва устодон ироа гардиданд.