Роҳбарият


Декани факултет – номзади илмҳои филология, дотсент Сайдализода Шодмон Абдувоҳид.

Маълумотнома

Сайдализода Ш.А. 17 – уми майи соли 1989 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи зиёӣ таваллуд шудааст. Соли 2006 мактаби таҳсилоти миёнаиро хатм бо баҳои аъло хатм карда, худи ҳамон сол ба факултети шарқшиносӣ, ҳоло факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 2011 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло, ихтисоси шарқшинос – филолог, соли 2017 зинаи магистратураро бо ихтисоси иқтисодиёт-иқтисодиёти ҷаҳон бо дипломи аъло ва ихтисоси ҳуқуқшинос бо дипломи аъло хатм кардааст.

Соли 2012-2015 аспиранти рӯзона ва баъдан ғоибонаи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, солҳои 2014-2019  ёвари муовини аввал, муовини ректор оид ба таълими ДМТ ва солҳои 2019 – 2023 сардори шуъбаи магистратураи ДМТ буданд. Аз 18.12.2023 ба ҳайси декани факултети забонхои Осиё ва Аврупои ДМТ таъйин гардидааст.

Сайдализода Ш.А. ҷиҳати баррасии мавзуҳои гуногуни илмию таълимӣ дар чандин конференсия ва ҳамоишҳои байналмилалӣ дар шаҳрҳои Душанбе (Тоҷикистон), Маскав (Русия), Деҳлӣ (Ҳиндустон), Остона (Қазоқистон), Ашкобод (Туркманистон) ва Тошкент (Ӯзбекистон) иштирок ва суханронӣ намудааст.

Сайдализода Ш.А. дар доираи фаъолияти кориаш бо Ҷоизаи ба номи И. Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника (бахши филологӣ) – соли 2023, Ҷоизаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар “Соли ҷавонон – 2017”, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Аълочии фарҳанги Ҷумхурии Тоҷикистон ва соҳиби чандин ифтихорнома ва сипосномаҳои сохторҳои мухталифи ҷумҳурӣ гаштааст, ки муҳимтаринашон ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ДМТ мебошанд.

Сайдализода Ш.А. муаллифи зиёда аз 40 мақолаи илмию оммавӣ мебошад, ки дар робита ба самтҳои гуногуни илми филологӣ (2 монография ва 3 воситаи таълимӣ) пажуҳиши илмӣ ва дар робита ба татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маводи оммавӣ нашр намудааст.    

Оиладор, соҳиби 3 фарзанд мебошад.