Муовини декан оид ба тарбия

Саидов О.С.

Саидов Одинаҳмад Сайдамирович 11 – уми феврали соли 1994 дар ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон ба дунё омадааст. Соли 2012 мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, ба факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил гардидааст. Соли 2017 донишгоҳи мазкурро аз рӯи ихтисоси мутахассис оид ба робитаҳои байнифарҳангӣ, тарҷумон – референт (арабӣ – англисӣ) хатм намудааст.

Ҳамчунин, солҳои 2017 – 2019 дар зинаи магистратураи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз рӯи ихтисоси таъминоти забонии робитаҳои байнифарҳагӣ (забони арабӣ) аз рӯи касби шарқшинос таҳсил намудааст. Ҳамзамон, аз моҳи январи соли 2020 ба ҳайси унвонҷӯи кафедраи филологияи Эрони ДМТ мебошад.

Курси таҷрибаомӯзӣ ва такмили забономӯзиро моҳҳои ноябр – декабри соли 2018 дар Ҷумҳурии Мисри Араб гузаронидааст.

Фаъолияти кориро бошад аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оғоз намуда, то инҷониб, дар вазифаҳои лаборанти калон, ассистент ва муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо фаъолият менамояд.

Рисолаи номзадиаш дар арафаи ҳимоя қарор дорад. Муаллифи беш аз 20 мақолаҳои илмӣ ва оммавӣ мебошад.

Дар баробари ин, оид ба мавзуҳои ҷанбаи сиёсию идеологӣ дошта, аз қабили, терроризму экстремизм, ифротгароии динӣ, ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон, истиқлоли сиёсӣ, амният, сулҳу субот, сиёсати хориҷӣ, ҷавонон ва ғайра пайваста мақолаҳо ба нашр мерасонад.