Кафедраи филологияи Эрон

Кафедраи филологияи Эрон ҳамзамон бо ташкили факултет таъсис ёфта, аввалин мудири он профессор Ҳилол Каримов буд. Саҳми ӯ дар ташаккулу инкишофи кафедра ва тайёр намудани кадрҳои маҳаллӣ хеле бузург аст. Дар радифи устод Ҳилол Каримов дар ташаккулу таҳкими шуъбаи форсӣ устодон – зодагони Эрон Акбар Зореъ, Юсуф Ҳасанлӣ ва Дурроҷ хизмати арзанда намуда, барои таълиму тарбияи кадрҳо, мутахассисони забони форсӣ ва адабиёти Эрон, мутарҷимони варзида ва кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ, илмиву фарҳангии кишвар саҳми босазое гузоштаанд. Қобили қайд аст, ки аксари устодони ҳозираи кафедра ин бузургонро устоди ҳақиқии худ мешуморанд ва хотираи неки эшонро дар ёд доранд. Соли 1982 устод Ҳилол Каримов роҳбарии кафедраро ба шогирд ва ҳамкори худ – дотсент Файзалӣ Наҷмонов таҳвил дод, ки ӯ дар навбати худ то соли 1992 дар ин вазифа пурмаҳсул меҳнат кард. Баъдан кафедраро устодон Фирӯза Амонова ва Усмон Сулаймонӣ роҳбарӣ намуданд. Кафедраро ҳоло доктори илми филология, профессор У. Сафаров сарварӣ менамояд. Дар кафедра 13 нафар устод фаъолият мекунанд, ки дар байни онҳо 2 нафар доктори илм, 7 нафар номзади илм 2 нафар муаллими калон ва 2 нафар ассистенти ҳастанд.

МАЪЛУМОТНОМА

Ному насаб: Сафаров Умархоҷа Раҳимович

Аз 01.10.2011 то ҳол мудири кафедраи филологияи Эрон мебошад.

Соли тавваллуд: 01.01.1960

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон Миллат: тоҷик

Маълумот: олӣ Ихтисос, дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филологӣ, профессор филолог-шарқшинос , муаллими забон ва адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ

Сафар ба давлатҳои хориҷӣ: 1980-1981, 1985-1987 Ҷумҳурии Афғонистон (хизмати ҳарбӣ) 1996, 1999, 2003,2007 Ҷумҳурии Исломии Эрон (сафари хизматӣ )

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, форсӣ, англисӣ

Вакили халқ ҳаст ё не: нестам

Бо кадом мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст: ордени «Ситораи сурх», нишони «Барои хизматҳои ҷангӣ» Нишони ифтихории «Аълочии маорифи Тоҷикистон»,

Вазъияти оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1983-1985 ассистенти кафедраи филологияи Эрон

1985-1987 хизмати ҳарбӣ дар Ҷумҳурии Афғонистон

1987-1997 ассистент, дотсенти кафедраи филологияи Эрон

1997-2007 мудири кафедраи филологияи Эрон

Аз 2007-2011 декани факултети шарқшиносӣ

Аз 01.10.2011 то ҳол мудири кафедраи филологияи Эрон