Кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ

Соли 2014 дар пояи кафедраи забонҳои хориҷии факултет кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ таъсис дода шуд, ки роҳбарии онро дотсент Б.Наврӯзшоев ба уҳда дорад. Дар кафедра устодони бомаҳорату кордон ва пуртаҷриба ба кор ҷалб шуда, шумораи ҳайати кормандон ба 16 нафар мерасад. Дар кафедра 1 нафар доктори илмҳои филологӣ, профессор, 5 нафар дотсент 3 нафар муаллими калон ва 7 нафар ассистент кору фаъолият доранд. Бояд гуфт, ки хатмкунандагони факултет дар созмонҳои мухталифи Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ ба фаъолияти тарҷумонӣ пардохта, дар таблиғи расму оин, фарҳангу тамаддун ва дастовардҳои илмию фарҳангии ҶТ дар кишварҳои хориҷа нақши босазо хоҳанд дошт. Вазъи нави кунунӣ, шеваҳои нави идора ва сиёсати давлатӣ, сафарҳои расмии Президенти Ҷумҳурӣ ба Ҳиндустон, Покистон, давлатҳои арабӣ ва кишварҳои Аврупо гувоҳ бар ин аст, ки кишвари мо ба мутахассисони варзидаи донандаи забонҳои Осиё ва Аврупо ниёз дорад. Таҳаввулоту дигаргуниҳое, ки дар зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегиранд, устодонро вазифадор месозад, то дар омодасозии коршиносону мутахассисони баландихтисос, ки дар оянда кишвари моро дар арсаи байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд, бо неруи тоза саъю талош намоянд.