Кафедраи филологияи Ҳинду Покистон

Кафедраи филологияи Ҳинду Покистон соли 1983 таъсис ёфтааст ва то имрӯз дар ҷумҳурӣ маркази ягонаи тайёр кардани кадрҳои шарқшиносии маҳаллӣ доир ба забону адабиёти Ҳинду Покистон мебошад. Асоси ҳайати устодони кафедраро собиқ дастпарварони мактаби шарқшиносии Санкт-Петербург профессор Ҳ.Р.Раҷабов, устодон М.А.Усмонов ва И.Нуров ташкил додаанд. Дар як муддати кӯтоҳ бо саъю кӯшиши онҳо мутахассисони маҳаллӣ ба воя расиданд, ки ҳоло дар кафедра содиқона фаъолият мекунанд. Аз соли 1983 то соли 2006 профессор Раҷабов Ҳабибулло ва аз соли 2008 то соли 2012 дотсент Нурова Майрамбӣ сарварии кафедраро бар уҳда доштанд. Аз соли 2013 то соли 2018 дотсент Раҳматуллоева Зарина ва аз соли 2018 то ҳол кафедраро дотсент Қурбонов Ҳайдар сарварӣ мекунад. Дар кафедра 8 нафар устод фаъолият мекунанд, ки дар байни онҳо 2 нафар доктори илм, 2 нафар номзади илм ҳастанд. Дар пояи кафедраи мазкур соли 2009 «Маркази илмии Покистон» ва соли 2017 «Маркази омӯзиши Ҳиндӯстон» кушода шудааст.

Қурбонов Ҳайдар Абдураҳмонович

(номзади илми филология, дотсент)

Қурбонов Ҳайдар Абдураҳмонович соли 1964 дар шаҳри Душанбе таваллуд шудааст.

Соли 1986 шуъбаи забони урдуи факултети забонҳои Шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро хатм намуда, аз соли 1995 инҷониб дар кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба фаъолияти омӯзгорӣ машғул аст.

Дар солҳои 2001-2007  ба ҳайси  муовини декан оид ба тарбия ва солҳои 2012-2018 ба ҳайси  муовини декан оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ кор кардааст.

Аз соли 2018 то имрӯз вазифаи мудири кафедраи филологияи Ҳинду Покистонро ба уҳда дорад. Котиби Ҷамъияти дӯстии Тоҷикистону Покистон мебошад.  

 Муаллифи ду китоби дарсӣ, аз ҷумла “Фонетикаи забони урду” ва “ Забони урду (грамматика)”, як монография –“Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳафиз Ҷоландҳарӣ”, дастурҳои таълимии “Муҳовараи тоҷикӣ – урду ва урду – тоҷикӣ” ва беш аз як саду панҷоҳ мақолаҳои илмӣ мебошад.

Дар як қатор конференсияҳои байналмилалии илмӣ дар Ҷумҳурии исломии Покистон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, соҳиби мукофот гардидааст.

Барои хзматҳои шоиста дар соҳаи маориф, бо нишони “Аълочии маориф ва илм”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардидааст.