ФАКУЛТЕТИ ЗАБОНҲОИ ОСИЁ ВА АВРУПО

Дар даврони истиқлолият муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон рӯз ба рӯз густариш ёфта истодаанд. Имрӯз бештар аз 100 кишвари ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба таври расмӣ мешиносад ва бо аксари ин мамлакатҳо Тоҷикистон муносибатҳои дипломатӣ барқарор намуда, дар ин кишварҳо намояндагиҳо ва сафоратхонаҳои Тоҷикистон амал мекунанд. Аз ин рӯ, зарурати тарбияи кадрҳои маҳаллӣ, ки дорои донишу малакаи забонӣ ва мутахассиси донандаи таърих, иқтисод ва фарҳанги кишварҳои ҷаҳон мебошанд, пеш омадааст.

Дар тӯли бештар аз 40 сол факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (собиқ факултети Шарқшиносӣ) маркази ягонаи тайёр кардани кадрҳои баландихтисоси шарқшинос дар ҷумҳурӣ ва яке аз марказҳои беҳтарини шарқшиносии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт. Ҳоло низ, бо вуҷуди он ки дар баъзе донишгоҳҳои Тоҷикистон факултетҳо ва шуъбаҳои шарқшиносӣ амал мекунанд, факултети мазкур маркази асосии таълиму омӯзиш ва тарбияи мутахассисони варзидаи ин соҳа боқӣ мемонад.

Аз рӯзҳои аввали таъсисёбӣ дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо профессор Ҳилол Каримов, ки баъдан аввалин декани он буд, профессорон Владимир Павлович Демидчик, Алберт Леонидович Хромов, дотсентон Ҳасан Наққош, Файзалӣ Наҷмонов ва дигарон садоқатмандона ва самаранок фаъолият мекарданд, ки дар рушду нумуи факултет ва тайёр кардани мутахассисон-шарқшиносони варзида ва инкишофи илми шарқшиносӣ дар ҷумҳурӣ саҳми арзанда доранд. Имрӯз саҳми профессорон С. Сулаймонов, Ҳ. Раҷабов, А. Мамадназаров ва У. Сафаров дар ташаккулу инкишофи кафедраҳо, тарбияи олимони ҷавон, пеш бурдани корҳои илмию таҳқиқотӣ, ба роҳ мондани таҳияи китобҳои дарсӣ, маводи методӣ ва барномаҳои таълимӣ назаррас аст.

Дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо имрӯз ислоҳоти сохторӣ идома дорад. Шурӯъ аз соли 2011 бо тағйири ном кардани ин факултет бахшҳои забономӯзии он васеъ шуда, дар баробари омӯзиши забонҳои маъмулии пешин арабӣ, форсӣ, пашту, ҳиндӣ ва урду таълими забонҳои чинӣ, англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ оғоз гардид. Инчунин, дар баробари таълими забон ва адабиёт бар уҳдаи устодони факултет тадриси таъриху ҷуғрофиё ва фолклори ин кишварҳо низ гузошта шуд. Вазифа гузошта шуд, ки тамоми ҷараёни омӯзишу парвариш ва низоми дарсӣ дар заминаи забонҳои омӯхташаванда ба роҳ монда шавад. Агар ба таври иҷмолӣ ба ин тағйирот нигарем, равшан мешавад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди роҳбарияти донишгоҳ ва садорати факултет вазифаи пурмасъулияти ислоҳоти куллии ҳам сохторӣ ва ҳам таълимии факултетро гузоштааст. Ин ислоҳоту дигаргуниҳои бунёдӣ, пеш аз ҳама, ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси тахассусӣ барои риштаҳои гуногуни сохторҳои давлативу ғайридавлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бештар ба муносибатҳои иқтисодиву иҷтимоии байналмилалӣ робита доранд, нигаронида шудааст.

Бинобар васеъ шудани ҳаҷми соатҳои дарсӣ, тағйир ёфтани барномаҳои таълимӣ, зиёд шудани миқдори кишварҳои омӯхташаванда имрӯз зарурати таҷдиди сохторӣ ва идории факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ба миён омадааст. Кафедраҳои ин факултет бештар ба тадриси бахшҳои филологии кишварҳои араб, Эрону Афғонистон ва Ҳинду Покистон машғул ҳастанд. Барои омӯхтани таъриху ҷуғрофиё, иқтисоду тиҷорат ва дигар бахшҳои танҳо ҳамин кишварҳои омӯхташаванда ба ном ва сохтори ин кафедраҳо тағйироту дигаргунӣ ворид кардан зарурати вазъияти имрӯзаи низоми омӯзишу парвариш гардидааст. Аз тарафи дигар ба сохтори факултет ворид шудани гурӯҳҳои нави забонӣ, аз ҷумла, забонҳои англисӣ, фаронсавӣ, олмонӣ, хитоӣ бо омӯзиши хусусиятҳои таърихиву ҷуғрофиёӣ ва фарҳангии кишварҳои омӯхташаванда талаб мекунад, ки мутахассисони ин риштаҳо низ дар факултет ҷойгоҳи худро ёбанд.

Дар соли таҳсили 2019 факултети забонҳои Осиё ва Аврупо довталабонро аз рӯйи ихтисосҳои арабӣ-англисӣ, арабӣ-фаронсавӣ, форсӣ-англисӣ, форсӣ-фаронсавӣ, урду-англисӣ, ҳиндӣ-англисӣ, пашту-англисӣ, олмонӣ-тоҷикӣ, англисӣ-тоҷикӣ, фаронсавӣ-тоҷикӣ, хитоӣ-тоҷикӣ ва хитоӣ (информатика) қабул менамояд. Инчунин пешбинӣ мешавад, ки дар солҳои оянда дар сохтори факултет таълими забонҳои дигари дунё, аз қабили испанӣ, португалӣ, забонҳои бузурги африкоӣ, забонҳои туркӣ, ветнамӣ, куриёӣ, ҷопонӣ ва ғайра ба роҳ монда шавад.

Имрӯз дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо кафедраҳои филологияи араб, филологияи Эрон, филологияи Ҳинду Покистон, забонҳои хориҷӣ ва кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ амал карда, дар онҳо беш 1030 нафар донишҷӯ, 57 нафар магистр, 15 нафар аспирант ва 24 нафар докторантони ихтисоси доктори Ph.D таҳсил карда истодаанд.