Муовини декан оид ба илм

Абдулҳадов Ҷумъахон Зикируллоевич, 4-уми ноябри соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба дунё омадааст.

Соли 2001 ба шуъбаи форсии факултети Шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси шарқшиносӣ бо муваффақият хатм кардааст.

Солҳои 2007-2012 ассистенти кафедраи филологияи Эрон, солҳои 2007-2010 аспиранти шуъбаи ғоибона, солҳои 2012-2013 муовини декан оид ба тарбия, солҳои 2014-2016 муаллими калони кафедраи филологияи Эрон ва аз соли 2016 то кунун дотсенти кафедраи мазкур аст.

Аз соли 2018 то ҳол муовини декан оид ба илми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Номбурда муҳаққиқи таърихи забон буда, дар санаи 12.04.2012 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Лексикаи иқтибосии “Таърихи Байҳақӣ”-и Хоҷа Абулфазл Муҳаммад бинни Ҳусайн Байҳақии Дабир” (рамз ва номи ихтисос 10.02.22 – забонҳои мамлакатҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо ва аборигенҳои Амрико ва Австралия /забони форсӣ/) ҳимоя кардааст.

Абдулҳадов Ҷ. З. муаллифи як монография, се дастури таълмӣ, як китоби дарсӣ (ҳаммуаллиф) ва 30 мақолаи илмӣ мебошад.

Барои фаъолияти босамар дар бахшҳои илм ва таълим ва собиқаи кории 16 сола бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.