КАФЕДРАИ ФИЛОЛОГИЯИ АРАБ

Кафедраи филологияи араб яке аз кафедраҳои бонуфузтарини факултет ба ҳисоб меравад, ки дар тули фаъолияти худ доир ба ташкили корҳои илмӣ, таълимию методӣ ва тарбиявӣ таҷрибаи ғанӣ дорад. Кафедра соли 1968 бо ташаббус ва иштироки бевоситаи дастпарвари Донишгоҳи Санкт–Петербург (собиқ Ленинград) профессор Владимир Павлович Демидчик таъсис ёфтааст. Профессор В.П. Демидчик, то охирин рӯзҳои ҳаёти пурбаракаташ (1987) сарварии кафедраро ба уҳда дошт. Хизматҳои профессор В.П.Демидчик дар рушди илми шарқшиносии тоҷик сазовори таҳсин аст.

Аз соли 1988 то соли 2004 устоди зиндаёд Ҳусейнзода Матин Шарипович сарварии кафедраро бар уҳда дошта, дар тарбияи мутахассисони соҳаи арабшиносӣ нақши муҳим бозидааст. Аз соли 2004 то соли 2012 роҳбарии кафедраро доктори илми филология, профессор Сулаймонов Саидраҳмон ба зимма дошта, бо фаъолияти пурсамари худ барои пешрафти кафедра ҳиссаи арзандаи худро гузошт. Аз соли 2013 то 2016 сарварии кафедра ба дӯши номзади илмҳои филология, дотсент Саломов Аскар ва аз соли 2017 то 2020 ба зиммаи номзади илмҳои филология, дотсент Яқубов Тоҷиддин гузошта шуда буд.

 Аз моҳи феврали соли 2020 номзади илми филология, дотсент Раҷабова Марҳабо мудири кафедра таъйин гардидааст. Ба ҳамин тартиб, имрӯз дар кафедра 16 нафар устодони соҳибтаҷриба фаъолияти хешро пеш мебаранд, ки дар байни онҳо 2 профессор, 7 дотсент, 4 муаллими калон ва 3 ассистент ҳастанд. Аксарияти муаллимонро дастпарварони факултет ташкил медиҳанд, ки дорои таҷрибаи корӣ ва омӯзишӣ дар кишварҳои араб ва дигар давлатҳо мебошанд.

Ҳанӯз дар аҳди Иттиҳоди Шуравӣ устодони кафедра дар кишварҳои арабӣ ба корҳои тарҷумонӣ, омӯзишӣ ва илмӣ – таҳқиқотӣ машғул шудаанд, ки марҳум профессор М. Ҳусейнзода дар донишгоҳи Санъо (Яман, 1967), марҳум дотсенти кафедра К. Мусофиров дар Донишгоҳи Бағдод (Ироқ, 1966), марҳум муаллими калон М. Тоҳиров дар донишгоҳи Қоҳира (Миср, 1967) ва ҳамчунин профессор Сулаймонов С. (Яман ва Ироқ), дотсент Шодиев М. (Сурия) дар радифи чунин устодон қарор доранд. Дар даврони Истиқлолият низ ҳамин анъана идомаи худро пайдо намуд. Аз ҷумла, дотсент Саломов А. дар донишгоҳи Муҳаммади V (Марокаш, 2001-2003) ба фаъолияти омӯзишӣ ва илмӣ – таҳқиқотӣ машғул гардидааст. Ҳамзамон аксари устодони кафедра, аз қабили дотсентон Исаева Ф., Раҷабова М., Нуриддинова Ш., Исмонов К., муаллими калон Илёсов Ф. дар Ҷумҳурии Мисри Араб такмили ихтисос гузаштаанд.

قسم اللغة العربية

يعتبر قسم اللغة العربية من أرقى أقسام الكلية التي تتمتع بخبرة غنية في تنظيم الأنشطة العلمية والتعليمية -المنهجية والتربوية خلال نشاطها.  تأسس القسم في عام 1968 بمبادرة ومشاركة مباشرة من خريج جامعة سانت بطرسبرغ (لينينغراد سابقًا) الأستاذ فلاديمير بافلوفيتش ديميدتشيك. الثناء خدمات البروفيسور ديميدتشيك (V.P. Demidchik)  في تطوير علم الاستشراق الطاجيكي

من عام 1988 إلى 2004 ، كان الاستاذ حسين زاده متين شريفوويتش رئيس القسم ولعب دورًا مهمًا في تدريب المتخصصين في الدراسات العربية. من عام 2004 إلى عام 2012 ، كان رئيس القسم هو الاستاذ الدكتور  و متخصص فقه اللغة الأستاذ سليمانوف سعيد الرحمن ، الذي ساهم في تطوير القسم بأعماله النشيطة المؤثرة يهمه البارز. من عام 2013 إلى 2016 ، تم تعيين رئيس القسم لمرشح العلوم اللغوية ، الأستاذ المساعد سلاموف عسكر ، ومن عام 2017 إلى 2020 ، ثم لمرشح العلوم اللغوية ، الأستاذ المساعد يعقو

منذ فبراير عام 2020 ، تم تعيين مرشحة فقه اللغة ، الأستاذة المساعدة رجب اوا مرحبا رئيسًة للقسم. وبنفس الطريقة ، يعمل اليوم في القسم  16معلمًا متمرسًا ، من بينهم أستاذان و 7 أساتذة .مشاركون(مساعدون) و 4 مدرسون كبار و 3مساعدون

يتشكل معظم المدرسين من خريجي الكلية ولديهم خبرة عملية ودراسة في الدول العربية والدول الأخرى. حتى في ظل الاتحاد السوفيتي ، كان أساتذة القسم يعملون في أعمال الترجمة والتدريب والبحث العلمي في الدول العربية ، وهو ما فعله الأستاذ الراحل م.  حسين زاده في جامعة صنعاء (اليمن 1967) ، أستاذ مشارك القسم المرحوم كامل مسافروف بجامعة بغداد (العراق ، 1966) ، ومدرس كبير الراحل ميرزا  طاهروف (في جامعة القاهرة ، جمهورية مصر العربية ، 1967) وكذلك الأستاذ سليمانوف س.  (اليمن والعراق) ، ومحاضر شادي يف ميرزا  (سوريا) من بين هؤلاء السادة المحترمين

واستمر هذا التقليد في عهد الاستقلال. على سبيل المثال، شارك المحاضر عسكر سلام اف في الأنشطة التعلمية و التربوية والبحثية العلمية في جامعة محمد الخامس (المغرب ، خلال الأعوام 2001-2003). أضف الى هذا، فإن معظم معلمي خضعوا للتطوير المهني في جمهورية مصر العربية، مثل الأستاذة المساعدة عيسى يوا فيينا عبدالبكراونا، والأستاذة المساعدة نورالدين اوا شهلا و الأستاذ المساعد عثمان اف كرامة الله والأستاذ المساعد  الياسوف فاضل

МАЪЛУМОТНОМА

Раҷабова Марҳабо Тӯхтасуновна, соли таваллуд 1975, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Соли 1998 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо дипломи аъло хатм намудааст. Дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ 10 июли соли 2006 аз ҷониби Шӯрои диссертатсионии К. 737.002.02 назди ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров дода шуда, тавассути КОА Федератсияи Русия 23 марти соли 2007 тасдиқ гардидааст. Ҳамзамон 31 декабри соли 2013 аз тарафи Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия №1036 / нк-3 унвони илмии дотсенти кафедраи филологияи арабро соҳиб гардидааст.

Собиқаи илмӣ-педагогии Раҷабова М.Т. дар донишгоҳ 20 солро ташкил медиҳад.

Аз соли 2000 то 2016 дар ДДХ ба номи ак. Бобоҷон Ғафуров ва аз соли 2017 дар ДМТ фаъолият менамояд.

Аз моҳи феврали соли 2020 мудири кафедраи филологияи араби факултаи забонҳои Осиё ва Аврупо таъйин гардидааст. Аз фаннҳои “Забони арабӣ”, “Таърихи адабиёти араб”, “Курси махсус”, “Мадхали сарчашмашиносӣ” дарс гуфта, ҳамчунин роҳбарии илмии унвонҷӯёнро низ ба зимма дорад.

Роҷеъ ба робитаҳои адабии Арабу Аҷам пажӯҳиш анҷом медиҳад. Дар пайвастагӣ ба ин, мавсуф муаллифи як монография ва зиёда аз 45 мақолаҳои илмиву методӣ мебошад.

Сулаймонов Саидраҳмон  

  профессори кафедраи филологияи араб

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои филологӣ, профессор

        Сайидраҳмон Сулаймонӣ 10 майи соли 1947 дар ноҳияи Тоҷикободи Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Соли 1969 шуъбаи арабии факултаи таърих ва филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистонро ба итмом расонидааст.

        Аз соли 1972 то соли 1985 ба ҳайси муаллим ва сипас дотсенти кафедраи филологияи араби факултети шарқшиносии ДДТ кор кардааст. Соли 1979 дар мавзуи «Асосҳои лингвистии топонимика дар асари Муъҷамулбулдон»-и Ёқути Ҳамавӣ дар Институти шарқшиносии АИ СССР дар Маскав рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

        Дар соли 1997 дар мавзуи «Таҳаввули истилоҳи фалсафӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва арабӣ дар пояи мероси фалсафии Ибни Сино» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.

        Дар солҳои 1970-1971 дар маъмурияти хизматӣ дар Ҷумҳурии Арабии Яман ва дар солҳои 1980-1983 дар Ҷумҳурии Ироқ ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ ифои вазифа намудааст.

        Аз соли 1985-1992 ба ҳайси ходими калони илмӣ ва солҳои 1992-2005 ҳамчун мудири бахши тарҷума ва таҳияи мероси фалсафии Пажӯҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ кор кардааст.

Рисолаи номзадиашро соли 1979 дар Маскав дифоъ кардааст.

Рисолаи докториашро соли 1997 дар Душанбе ҳимоя намуда, соли 2002-юм унвони профессори кафедраро гирифтааст.

         Аз соли 2005-2012 мудири кафедраи филологияи арабии ДМТ ва ходими пешбари «Маркази синошиносӣ»-и Пажуҳишгоҳи фалсафа ва ҳуқуқи АМИ ҶТ фаъолият кардааст.

        Дар ҳоли ҳозир профессори кафедраи филологияи арабии ДМТ ва ходими пешбари «Маркази синошиносӣ»-и Пажуҳишгоҳи  фалсафа ва ҳуқуқи АИ ҶТ мебошад.

Мукофоту ҷоизаҳо:

а) медали “Хизмати шоиста” (2003);

б) унвони фахрии “Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон ” (2011);

б) узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира (2012);

в) аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1917).

Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:

– аввалин фарҳанги шомили арабӣ-тоҷикӣ дар арабшиносии тоҷик бо теъдиди зиёда аз 100 000 калима (2005, 2010); Фарҳанги васити арабӣ-тоҷикӣ бо теъдиди 30 000 калима (2008)

– тарҷумаи 50% осори фалсафии Ибни Сино ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, ки дар тарҷумаи ҳол ишора гардидаанд ва тарҷума ва таҳияи осори Умари Хайём, Носири Хисрав, Насираддини Тӯсӣ, Садриддини Шерозӣ ва дигар мутафаккирони форсу тоҷик.

– таҳти роҳбарии ӯ 7 нафар рисолаҳои номзадӣ роҷеъ ба арабшиносӣ ва тоҷикшиносӣ ҳимоя намудаанд.

Фанҳои таълимӣ:

  • мадхали тахассус;
  • ҷуғрофияи кишварҳои араб;
  • таърихи шарқшиносӣ;
  • таърихи забони арабӣ.

Самтҳои қобили таваҷҷуҳи  илмӣ:

• фонетикаи забони арабӣ;

•синтаксис ва морфологияи араб;
• фарҳангномаҳоиарабӣ
• сарчашмаҳои грамматикии араб.

Интишорот:

Монографияҳо ва дастурҳои таълимӣ:

  • Ташаккули забони фалсафаи тоҷик. Душанбе, (монография) 1997.
  • Маҷмӯаи мақолаҳо доир ба забоншиносии арабу тоҷик ва фарҳанги исломӣ.
  • Дастури мукотиботи бозаргонӣ ба забони арабӣ ва тоҷикӣ. (Дастури таълимӣ), Душанбе, 1999.
  • Мавлоно Ҷомии Сонии Қаротегинӣ. (Таҳқиқ ва тарҷума аз арабӣ ба тоҷикӣ). Душанбе, 2005.
  • Очерки мухтасари сарф (морфология)-и забони арабӣ. Душанбе, 2005.
  • Омар Хаййам: «Философские трактаты» (комментария и подготовка текста к издании). Душанбе, 2002.
  • Садруддин аш-Ширази: трактат «Небесная мудрость». Алмаата, 2004.
  • Осори Ибни Сино: «Ҳикмати машриқия», «Ҳидоя», «Ибора» аз «Китобушшифо», маҷмӯи «Осори ирфонӣ ва динии Ибни Сино» (20 рисола), аз ҷумла рисолаҳои: «Ҳудуд», «Андар ахлоқ», «Тафсири Ибни Сино ба бархе аз сураҳо ва оятҳои Қуръон», «Андар ишқ», «Саломон ва Абсол», «Ҳай ибни Яқзон», «Рисолаи тайр», «Илми ладунӣ», «Андар салот», «Фирдавс дар моҳияти инсон», «Андар ҳузн», «Аршия дар сифоти Аллоҳтаоло» ва ғ. Душанбе, 2005, 2006, 2008, 2009, 2010, 2011., «Гиёҳнома», «Ҷонварнома», 2021.
  • Фарҳангномаҳо:
  • Сулаймонӣ. С. Фарҳанги арабӣ – тоҷикӣ (70 000 калима). Душанбе, «Эр-Граф», 2- ҷилд, 2004-2005.
  • Сулаймонӣ. С. Фарҳанги васити арабӣ – тоҷикӣ (30 000 калима). Душанбе, «Нур», 2008.
  • Сулаймонӣ. С. Фарҳанги шомили арабӣ – тоҷикӣ (100 000 калима). Душанбе, «Эр-Граф», 2011.
  • Сулаймонӣ. С. Фарҳанги шомили алифбоии арабӣ – тоҷикӣ – русӣ (150 000 калима). Душанбе, «Меҳроҷ – Граф», 2023.

Фаъолияти илмӣ ва фарҳангӣ:

  • Аъзои ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Шоҳигарии Арабистони Саудӣ.
  • Аъзои ҷамъияти дӯстии Тоҷикистон – Либия.
  • Аъзои Шурои дифои рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ доир ба илми филология (ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ).
  • Узви вобастаи Академияи забони арабӣ дар Қоҳира. (Ҷумҳурии Мисри Араб).

Назарзода Сайфиддин

профессори кафедраи филологияи араб

Дараҷа ва унвони илмӣ: доктори илмҳои филологӣ, профессор

         Назарзода Сайфиддин 3 ноябри  соли 1956 дар н. Темурмалик  таваллуд ёфтааст. Соли  1974  мактаби миёнаи №2  ноҳияи  Совети  вилояти Кӯлобро хатм кардааст. Соли 1980 Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленинро аз рӯи ихтисоси «шарқшинос-филолог» хатм кардааст. Соли 1991 диссертатсияи номзадиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ  ҳимоя намудааст. Соли 2004 диссертатсияи докториро барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илми филология дифоъ кардааст.

         Солҳои 1984-1985 лаборанти калони кафедраи филологияи Эрони факултети шарқшиносии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин Солҳои 1985-1990 муҳаррири барномаҳои хориҷии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон,   солҳои 1990-1992 корманди калони илмӣ ва котиби илмии кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1992-1993 директори барномаҳои радиои Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 1993-2000 муовини раиси кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2000-2003                иҷрокунандаи вазифаи раиси кумитаи истилоҳоти назди Раёсати Академияи миллии  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  солҳои 2003-2004, солҳои 2004-2006 раиси кумитаи ҷумҳуриявии истилоҳоти назди  Раёсати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2006-2011  директори Институти забон ва адабиёти ба номи  Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011-2011 мудири шуъбаи забони Институти забон, адабиёт, шарқшиносӣ ва мероси хаттии ба номи  Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  солҳои 2011-2014 декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии тоҷикистон, солҳои 2014-2017 директори муассисаи давлатии “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”-и назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2017-2019  сарходими илмии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон,  солҳои 2019-2023 мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи  Рӯдакии Академияи миллии  илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Аз соли 2011 то ҳол профессори кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият мекунанд.

Исаева Фия Абдулбариевна

дотсенти  кафедраи филологияи араб

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади  илмҳои филологӣ, дотсент

        Исаева Фия Абдулбариевна  1-уми марти  соли 1938  дар шаҳри Уфа (Ҷумҳурияи Бошқирдистони Федератсияи Россия) таваллуд ёфтааст.  Мактаби миёнаи рақами 45 шаҳри Уфаро (соли 1956) хатм намудааст. Факултети Шарқшиносии Донишгоҳи давлатии Ленинградро ба номи А.А. Жданов  аз рӯи ихтисоси «филологияи араб»  (соли 1962)  хатм  намудааст.

        Соли 1979 диссертатсияи номзадиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоя кардааст. Аз соли 1962 дар кафедраи филологияи араби Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун ассистент (1962), муаллими калон (1965), дотсент (1980) фаъолият мекунад. Дар солҳои 2003 – 2004 ба вазифаи иҷрокунандаи мудири кафедраи филологияи араби ДМТ фаъолият намудааст.

         Аз соли 1962 то соли 2023 дар кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ дар вазифаи дотсенти кафедра фаъолият кардааст. 

  Худойдодова Санавбара

муаллими калони кафедраи филологияи араб

         Худойдодова  Санавбара 26 ноябри соли 1945 дар дар деҳаи Маҳрами ноҳияи Конибодом таваллуд ёфтааст.
Соли 1963 мактаби миёнаи № 15 шаҳри Душанберо бо  медалли тилло  хатм кардааст. Шуъбаи арабии факултети таъриху филологияи Университети  давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин  (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро аз рӯи ихтисоси «Шарқшинос – муаллими забон ва адабиёти тоҷик ва араб дар мактабҳои миёна» бо дипломи аъло соли 1968 хатм кардааст.  

Аз соли 1968 то 1985 дар вазифаҳои ходими кабинети забон ва адабиёти ба номи А.Ҷомӣ, муаллими соатбайъ ва ассистенти кафедраи забони арабӣ фаъолият кардааст. Аз соли 1995 то 2010 ба ҳайси раиси шурои илмӣ-методии факултети Шарқшиносӣ ифои вазифа намудааст.  Аз соли 2010-ум  то 2015 муаллими забони тоҷикӣ дар Литсеи филиали душанбегии Донишгоҳи давлатии Москва фаъолият  кардааст.

Аз соли 1968 дар кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ дар вазифаи муаллими калони кафедра фаъолият  мекунад.

Шодиев Мирзохӯҷа

дотсенти кафедраи филологияи араб

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади  илмҳои филологӣ, дотсент

        Шодиев Мирзохӯҷа 18 феврали соли 1955 дар ноҳияи Сангвор таваллуд шудааст. Соли 1971 мактаби №25, н. Қумсангирро хатм кардааст. Соли 1979 шуъбаи арабии факултети забонҳои Шарқи Университети Давлатии Тоҷикистон (УДТ) ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро хатм кардааст.

         Соли 1987 аспирантураро дар назди кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Шарқи УДТ ба номи В.И.Ленин хатм кардааст.

Соли 1990 диссертатсияи номзадии худро дифоъ кардааст.

Соли 1979 лаборанти калони Институти шарқшиносии АФ Тоҷикистон, солҳои 1979 – 1984 хизмат дар сафи қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ ҳамчун афсар-тарҷумони забони арабӣ, солҳои 1984; 1987-1993 лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими илмӣ: Институти шарқшиносии АФ Тоҷикистон,  солҳои 1993-1995  ходими илмии калони Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмилалии АФ Тоҷикистон, дар  солҳои 1977-1978, 1982-1984 ва 1995-2001 дар кишварҳои  Ироқ,  Либия  ба ҳайси тарҷумони забони арабӣ адои вазифа кардааст.

         Солҳои 2001-2008 мудири шуъба, ёвари вазир, сардори раёсати  вазорати меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  солҳои 2008-2009 мушовири маркази омӯзиш ва иттилоот барои муҳоҷирони меҳнатии СБМ, аз соли 2009 то ҳол муаллими калон, дотсенти кафедраи филологияи араби факултети Забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият мекунад.

Саломов Аскар Ҷаборович

дотсенти кафедраи филологияи араб

Саломов Аскар Ҷаборович соли 1972 дар деҳаи Нимичи ноҳияи Рашт (собиқ Ғарм) таваллуд шудааст. Соли 1989 мактаби миёнаи  №23-и деҳаи Нимичро хатм намудааст.

Шуъбаи арабии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро аз рӯи ихтисоси «Муаллими забон ва адабиёти арабӣ ва тоҷикӣ» (с.1999)  хатм кардааст, аспирантураи бахши ғоибонаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро ба итмом расонидааст (с.2007)
Соли 2010 диссертатсияи номзадиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоя намудааст.

Аз соли 2000-ум дар кафедраи филологияи араб ба ҳайси ассистент кору фаъолият намудааст.

Дар солҳои 2001-2003 дар Мамлакати Марокаш ба ҳайси магистранти Донишгоҳи Муҳаммади V таҳсил намудааст.

Аз соли 2003 то соли 2010 ба ҳайси ассистенти кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо кору    фаъолият намудааст.

Соли 2010 зери роҳбарии профессор Сулаймонов С. рисолаи номзадии худро зери унвони «Мутобиқати иқтибосоти арабї дар забони тоҷикӣ» (аз рўйи маводи Ёддоштҳо-и С. Айнӣ) ҳимоя кардааст.

Соли 2011 дар кафедраи мазкур ба вазифаи дотсенти кафедра интихоб гардида, аз соли 2012 то соли 2013 ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ кору фаъолият намудааст.

Соли 2013 ба вазифаи мудири кафедраи мазкур интихоб гардида, то 01.02. 2018 дар ин вазифа бо муваффақият фаъолият намудааст. Дар ҳоли ҳозир ба ҳайси дотсенти кафедраи мазкур кору фаъолият намуда истодааст.

Нуриддинова Шаҳло Исломовна

 Дотсенти кафедраи филологияи араб.

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент.

         Нуриддинова Шаҳло 2-юми ноябри соли 1974 дар ш. Ҳисор таваллуд  шудааст. Соли 1992 мактаби миёнаи № 11-и ба номи Хуршед  Аловиддинови шаҳри Ҳисорро хатм кардааст.

         Шуъбаи араб ии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро аз рӯи ихтисоси «Муаллими забон ва адабиёти арабӣ ва тоҷикӣ» (с. 1997)  хатм кардааст, аспирантураи бахши ғоибонаи Донишгоҳи  миллии Тоҷикистонро ба итмом расонидааст (с.2007)
         Соли 2009 диссертатсияи номзадиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоя намудааст.

Аз соли 2001-ум то ҳол дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, дар кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо  кор ва фаъолият менамояд.

Исмонов Кароматулло Бадридинович

Пас аз хатми шуъбаи арабии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДДМТ (ҳоло ДМТ) бо ихтисоси «Шарқшинос-филолог» соли 2005 бо қарори комиссияи тақсимоти хатмкунандагон ба кафедраи филологияи араби ДДМТ ба кор омадааст.

Собиқаи кориаш аз соли 2005 – 18 сол, аз ҷумла:

Солҳои 2000-2005 Донишҷӯи шуъбаи арабии  факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;

2005-2014 Асстистенти кафедраи филологияи араби  ДДМТ;

2014-2016 Муаллими калони кафедраи филологияи араби ДМТ;

2014-2019  Сармуҳаррири нашрияи “Ба қуллаҳои дониш”-и ДМТ;

2016 то ҳол и.в.дотсенти кафедраи филологияи араби ДМТ;

Аз соли 2019 то ҳол Директори Маркази табъу нашр, баргардон ва тарҷумаи ДМТ.

Соли 2013 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Тобишҳои лексикӣ-грамматикии эъроб дар забони тоҷикӣ» ва соли 2023 рисолаи докториро дар мавзуи “Саҳми донишмандони форсу тоҷик дар таҳаввул ва ташаккули забоншиносии араб” дифоъ намудааст.

Муаллифи зиёда аз 50 асар, барнома ва мақолаи илмӣ мебошад. Аз ҷумла: монография – 2 адад; воситаи таълимї -3 адад; дастури таълимӣ-методӣ -1 адад; барномаи таълимӣ – 4 адад; мақолаи илмӣ– 25 адад; фишурдаи мақолаву маводи чопӣ дар маводи конференсияҳо– 18 адад.

Номбурда дар давоми фаъолияти кориаш дар зиёда аз 30 конференсияи илмии дараҷаҳои гуногун бо маърузаҳои илмӣ баромад кардааст.

Латипов Маҳмуд Мансурович

Муаллими калони кафедраи филологияи араб

         Латипов Маҳмуд Мансурович 1 апрели соли 1963 дар Орҷоникидзеобод (Ваҳдат) таваллуд ёфтааст. Соли 1980 мактаби миёнаи №20 ба номи Низомии Ганҷавии ноҳияи Орҷоникидзеободро хатм кардааст.

         Хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон. В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) бо ихтисоси «Муаллими забон ва адабиёти тоҷик» (1986), дар шуъбаи фолклори Институти забон ва адабиёти ба номи  А.Рӯдакии АИ Тоҷикистон (солҳои 1986-2005), магистратураи факултаи филологияи арабии Донишгоҳи байналмилалии Исломободро хатм кардааст (1997-2001).

        Аз соли 2002 дар кафедраи филологияи арабии факултети Шарқшиносӣ (ҳоло забонҳои Осиё ва Аврупо)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад.

Каримова Дилором Баҳромовна

6 сентябри соли 1984 дар ш. Душанбе таваллуд ёфтааст.

Соли 2000 мактаби миёнаи №2 ба номи Бобоҷон Ғафурови вилояти Хатлонро хатм кардааст.

Соли 2005 шуъбаи арабии факултети Шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро аз рӯи ихтисоси «Филолог-Шарқшинос»  бо дипломи аъло хатм кардааст.

Соли  2010 аспирантураи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро ба итмом расонидааст.  

Соли 2020 диссертатсияи номзадиро барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ ҳимоя намудааст.

Аз соли 2005 то 2007 дар ДДМТ, дар кафедраи муносибатҳои байналхалқии факултети таърих фаъолият намудааст.

Аз соли 2011 дар кафедраи филологияи араби ДМТ фаъолият дорад.

Аз соли 2020-ум вазифаи муаллими калони кафедраи филологияи арабро ба зимма дорад.

Саидов Одинаҳмад Сайдамирович

муаллими калони  кафедраи филологияи араб

11-уми феврали соли 1994 дар н. Муъминобод таваллуд шудааст.

Соли 2012 мактаби миёнаи №2-и ба номи Соиб Табаровро хатм кардааст.

Шуъбаи арабии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро аз рӯи ихтисоси «Тарҷумон-референд» (с. 2017) хатм кардааст. Зинаи магистратураи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (с. 2019) бо ихтисоси забони арабӣ ба итмом расонидааст.

Солҳои  2017-2020 лаборанти калони кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон, соли 2020-2023 ассистенти кафедраи филологияи араб, аз соли 2023 то ҳол муаллими калони кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мебошад.

Аминов Ҷумъахон Ҳомидович

Ассистенти кафедраи филологияи араб

24-уми январи соли 1985 дар н. М.А.Ҳамадонӣ таваллуд шудааст.

Соли 2004 омӯзишгоҳи техникии №3-ро хатм кардааст.
Соли 2016 шуъбаи магистратураи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисоси «Тарҷумон-референт» (забони арабӣ) бо дипломи аъло хатм кардааст.

Соли 2019 зинаи докторантураи Ph.D-и факултети мазкурро ба итмом расонидааст.

Аз соли 2019-ум то ҳол ба ҳайси ассистенти  кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои  Донишгоҳи миллии  Тоҷикистон фаъолият менамояд.