Кафедраи забонҳои хориҷӣ аз 05.07. 2012 бо қарори Шӯрои олимон ва фармони ректори донишгоҳ таҳти №269-09 дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо таъсис дода шудааст. Дар кафедраи мазкур омӯзгорон аз рӯйи 4 ихтисос: фаронсавӣ-тоҷикӣ, олмонӣ-тоҷикӣ, хитоӣ-тоҷикӣ ва хитоӣ-информатика ба шогирдон дарс мегӯянд. Ҳайати кафедраро 12 нафар омӯзгор ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 4 нафар номзади илм, 3 нафар муаллими калон ва 7 нафар ассистент мебошанд. Кафедраи мазкур дар тайёр намудани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи забондонӣ баҳри ободиву гулгулшукуфонии кишвар саҳми худро хоҳанд гузошт. Ин гурӯҳҳои тарҷумонӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарҷумаи осори илмию адабии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба забони тоҷикӣ ва ҳамзамон, тарҷумаи намунаҳои беҳтарини осори илмию адабӣ ва фарҳангии тоҷикон ба забонҳои хориҷӣ таъсис ёфта, барои боз ҳам наздик овардани фарҳангу тамаддуни тоҷик ва халқҳои дигар мусоидат хоҳад кард. Соли 2018 сафоратхонаи Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон дар назди кафедраи забонҳои хориҷӣ “Синфхонаи лингофонӣ”-ро бо тамоми шароит бунёд намуда ба истифода доданд. Ҳоло кафедраро дотсент Т. Талабов сарварӣ мекунад.
МАЪЛУМОТНОМА

- ТАЛАБОВ Тағоймурод Сайфович
*аз моҳи июни соли 2016 дар вазифаи мудири кафедраи
забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои
ДМТ кор мекунад
*Соли таваллуд 14.07.1975
*Миллат тоҷик
*Таҳсилот олӣ
*соли 1999 Донишгоҳи Давлатии Омўзгории Тоҷикистон ба номи Қ. Ҷураевро хатм кардааст
*Ихтисос забони олмонӣ-англисӣ. Муаллим
*Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) номзади илмҳои филологӣ, дотсент
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, олмонӣ, англисӣ бо луғат
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не
*Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби чор фарзанд
*Суроға н.Фирдавсӣ, кӯчаи Н. Қарабоев 150/2, хонаи 341
*Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 1994-1999 | Донишҷўи факултети забонҳои романӣ-германии ДДОТ ба номи Қ. Ҷураев. |
Солҳои 1999-2003 | Ассистенти кафедраи назарияи тарҷума ва услубшиносии факултети рўзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2004-2016 | Ассистент, муаллими калон, н.и.ф. кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ва фаронсавии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |
Солҳои 2016- то ҳол | н. и.ф., дотсент, мудири кафедраи забонҳои хориҷии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон |