30-юми октябри соли 2025 дар пояи кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, бо ташаббуси профессори кафедра Мамадназаров Абдусалом семинари илмӣ дар мавзуи “Аз таърихи тарҷумаҳои Ибни Сино ба забонҳои лотинӣ ва англисӣ” баргузор гардид, ки дар он ҳайати садорати факултет, устодон ва донишҷӯён ширкат доштанд. Устод Мамадназаров А. дар бораи мавқеъ ва ҷойгоҳи осори Ибни Сино дар хориҷи кишвар ва тарҷумаи он бо забонҳои хориҷӣ аз ҷумла, лотинӣ ва англисӣ ёдовар шуданд. Машҳуртарин осори Ибни Сино “Китоб ал-Қонун фи-т-тиб”, “Китоб аш-шифо” ва даҳҳо асарҳои дигари илмӣ, фалсафӣ маҳсуб меёбанд, ки дар асрҳои 12-17 ба забонҳои лотинӣ, англисӣ, фаронсавӣ, итолиёӣ ва олмонӣ тарҷума шуда, беш аз 600 сол дар Аврупо, дар донишгоҳҳои Порис, Оксфорд ҳамчун китоби дарсӣ барои донишҷӯёни бахши тиб истифода бурда мешуд. Олимони аврупоӣ аз асарҳои Ибни Сино илҳом гирифта, дар пояи илми тиб ва фалсафа таҳқиқотҳои арзишманде ба анҷом расонидаанд.Семинари илмии мазкур хеле пурмазмуну пурмуҳтаво буда, бо саволу ҷавобҳо ва баҳсу мунозираҳои илмӣ мавриди писанди аҳли нишаст қарор гирифт.





