Кафедраи забонҳои хориҷӣ аз 05.07. 2012 бо қарори шурои олимон ва фармони ректори донишгоҳ таҳти №269-09 дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо таъсис дода шудааст. Дар кафедраи мазкур омӯзгорон аз рӯйи 4 ихтисос: фаронсавӣ-тоҷикӣ, олмонӣ-тоҷикӣ, хитоӣ-тоҷикӣ ва хитоӣ-информатика ба шогирдон дарс мегӯянд. Ҳайати кафедраро 11 нафар омӯзгор ташкил медиҳад, ки аз ин шумора 5 нафар номзади илм, 3 нафар муаллими калон ва 5 нафар ассистент мебошанд.
Кафедраи мазкур дар омода кардани мутахассисони баландихтисос дар соҳаи забондонӣ баҳри ободиву гулгулшукуфонии кишвар саҳми худро хоҳанд гузошт. Ин гурӯҳҳои тарҷумонӣ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои тарҷумаи осори илмию адабии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ба забони тоҷикӣ ва ҳамзамон, тарҷумаи намунаҳои беҳтарини осори илмию адабӣ ва фарҳангии тоҷикон ба забонҳои хориҷӣ таъсисёфта, барои боз ҳам наздик овардани фарҳангу тамаддуни тоҷик ва миллатҳои дигар мусоидат хоҳад кард. Ҳоло кафедраро дотсент Маҳмадов Ҷ. Ш. сарварӣ мекунад.
Chaire des langues etrangères
La chaire des langues étrangères a été créé par la résolution du Conseil des scientifiques et par ordre du recteur de l’université national du Tadjikistan (l’ordre №269-09) le 05.07. 2012 et incorporée à la Faculté des langues asiatiques et européenne. Dans la chaire mentionnée, 4 spécialités sont enseignées aux étudiants: français-tadjik, allemand-tadjik, chinois-tadjik et chinois- informatique. Le personnel enseignant de la chaire des langues étrangères se compose de 11 professeurs, dont de 5 docents, 3 grands enseignants et 5 assistants. La chaire apportera sa contribution à la formation des grands professionnels dans le domaine de la langue et à la prospérité du pays. Ces spécialités ont été créés par le realisateur de paix et d’unité de la nation, leadeur de la nation, le President de Tadjikistan, Monsieur Imomali Rahmon dans le but de traduire des œuvres scientifiques, culturelles et litteraires venant de l’etranger en langue tadjik (et inversement). Cela permettra le rapprochement du peuple tadjik, de sa culture et de sa civilisation avec les peuples du monde. Maintenant, la chaire des langues étrangères est dirigé par docent Mahmadov Jovidon.
Abteilung für Fremdsprachen
Fachbereich Fremdsprachen vom 05.07. im Jahr 2012 wurde es in der Fakultät für asiatische und europäische Sprachen durch Beschluss des Akademischen Rates und Anordnung des Rektors der Universität unter der Nr. 269-09 eingerichtet. In dieser Abteilung unterrichten die Lehrer die Schüler in 4 Fachrichtungen: Französisch-Tadschikisch, Deutsch-Tadschikisch, Chinesisch-Tadschikisch und Chinesisch-Informatik. Das Personal der Abteilung besteht aus 13 Lehrern, von denen 5 Kandidaten für Naturwissenschaften, 3 Oberlehrer und 5 Assistenten sind. Diese Abteilung wird zur Ausbildung hochspezialisierter Spezialisten auf dem Gebiet der Linguistik für den Wohlstand und Wohlstand des Landes beitragen. Diese Übersetzungsgruppen wurden auf Anregung des Begründers des Nationalen Friedens und der Einheit, des Präsidenten der Republik Tadschikistan, des ehrenwerten Emomali Rahmon, gegründet, um die wissenschaftlichen und literarischen Werke der entwickelten Länder der Welt in die tadschikische Sprache zu übersetzen Gleichzeitig wird die Übersetzung der besten Beispiele der wissenschaftlichen, literarischen und kulturellen Werke der Tadschiken in Fremdsprachen dazu beitragen, die tadschikische Kultur und Zivilisation anderen Völkern näher zu bringen. Jetzt wird die Abteilung von außerordentlichem Professor J. Mahmadov geleitet.
外语教研室
外语教研室根据学术委员会的决定和大学校长编号为269-09的命令于 2012 年 7 月 5 日位于亚欧语言系成立的。 在该教研室,教师教授学生法语-塔吉克语、德语-塔吉克语、汉语-塔吉克语和汉语计算机四个专业。全教研室教职工为11人,其中副博士5人,高级教师3人,助教5人。该教研室将有助于培养语言学领域的高素质专家,并在促进国家的繁荣做出贡献。这些翻译组是在和平与民族团结奠基人,国家领导人、塔吉克斯坦共和国总统、尊敬的埃莫马利·拉赫蒙的建议下成立的,旨在将世界发达国家的科学和文学作品翻译成塔吉克语,同时将塔吉克斯坦科学和文学作品和文化的最佳范例翻译成外国语言,使它们更紧密地联系在一起,有助于把塔吉克人和其他民族的文化和文明联系起来。2018年,中国驻塔吉克斯坦大使馆在该教研室建成并投入使用配套设施“语音室”。现在该教研室由副教授 Mahmadov J. SH 领导
МАЪЛУМОТНОМА ДАР БОРАИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРА:
Маҳмадов Ҷовидон Шарифович
Вазифа: мудири кафедраи кафедраи забонҳои хориҷӣ, дотсент
Дараҷа, унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ
Ихтисос: забоншинос (кафедраи забонҳои хориҷӣ)
МАЪЛУМОТИ МУХТАСАР:
Маҳмадов Ҷовидон Шарифович соли 2010 ба факултаи забонҳои романӣ-германии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ дохил шуда, соли 2014 донишгоҳи мазкурро дар дараҷаи бакалавр бо дипломи аъло хатм кардааст. Соли 2014 таҳсилро дар магистратураи факултети мазкур идома додааст. Соли 2016 дараҷаи магистратураи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо дипломи аъло хатм намудааст. Аз соли 2016 то 2019 Маҳмадов Ҷовидон Шарифович аспиранти кафедраи забонҳои хориҷии Академияи милии илмҳои Тоҷикистон буда, дар соли 2019 рисолаи номзадиро дар мавзуи «Способы выражения ирреальности в таджикском и английском языках» бомуваффақият дифоъ кардааст.
Аз соли 2016 то соли 2019 ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буд. Соли 2019 – муаллими калони кафедраи мазкур.
Аз соли 2020 ба ҳайси котиби илмии Маркази мероси хаттии назди Академияи милии илмҳои Тоҷикистон ва аз соли 2021 ба ҳайси ходими калони илмии (0,5 басти корӣ) Маркази мероси хаттии назди АМИТ кор намудааст. Солҳои 2018-2019 дар назди АМИТ курсҳои омӯзиши забонҳои санскрит, авестоӣ ва суғдиро гузаштаст.
Солҳои 2013-2014 дар конфронсҳои байналмилалии «Об манбаи ҳаёт» ва «Бонки рушди исломӣ» БА ҳайси таҷрибаомӯз ва тарҷумон кор кардааст.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2014 бо ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 30 июни соли 2014 №АП_296) ба Фаронса сафар карда, дар таҷлили 100-умин солгарди Ҷанги Якуми Ҷаҳон ширкат намудааст.
Таҳқиқотҳои Маҳмадов Ҷ. мавзуҳои гуногунро ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ дар бар мегиранд.
Аз 20-уми апрели соли 2022 то 08.06.2023 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ ва аз 08.06.2023 инҷониб мудири кафедраи мазкур ба ҳисоб меравад.
Фанҳои таълимӣ:
• амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ, грамматикаи назариявӣ ва амалӣ, таърихи тарҷума, таърихи забон;
Монография:
– Махмадов Джовидон Шарифович. Способы выражения ирреальности в таджикском и английском языках. – Душанбе, 2022.- 148 с.
ЗАМОНОВ ЗАМОН ИНАТУЛЛОЕВИЧ
15. 09. 1964
Зодаи деҳаи Тагноб ноҳияи М.А. Ҳамадонӣ. Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии ИДПД (1981-1985) (ҳоло ДДОТ ба номи С.Айнӣ). Муаллими МТМУ №3-и н. Маскав (1985-2002), Аз соли 2003 – 2017- ассистент ва дотсенти кафедраи умумидонишгоҳии ДМТ ва айни ҳол дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии факултетит забонҳои Осиё ва Аврупо.
Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ ва ихтироот (аз 1 то 5-6 ҷумла):
-воридшавии калимаҳои архаистӣ ва лаҳҷавӣ дар забони тоҷикӣ – пажуҳиши калимаҳои лаҳчавӣ дар минтақаи Ҷануб (дар мисоли Дашти Ҷум);
– мувофиқат ва фарқияти гўишҳои минтақаи Ҷануб
Мукофоту ҷоизаҳо
Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 2020.
Китобҳо:
- Забони олмонӣ. Душанбе, 2016. -196с.
- Забони олмонӣ барои факултетҳои ғайри тахассусӣ.бо тағйиру иловаҳо). Душанбе. 2017. -2035с.
- Вожанмаи истилоҳоти иҷтимоӣ сиёсӣ дар забонҳои тоҷикӣ ва олмонӣ. Душанбе. 2020.- 196с.
- Учебное пособие «Немецкий язык» Издательство «Эрграф» 2016г. -196 с.
- Учебное пособие «Немецкий язык» для вне филологических факультетов Издательство «Эрграф» 2017г.- 205 с.
ҶУМАЕВ ТУЙЧИБОЙ БОҚИЕВИЧ
12. 10. 1971
номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Зодаи деҳаи Дарғ ноҳияи Айнӣ.
Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (1993-1998). Аз соли 1998 – 2012- ассистенти кафедраи забони франсавӣ ва методикаи таълими он дар ДДОТ ва аз соли 2012 то ҳол дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ.
E-mail: dopemuhammad@yahoo.com
Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:
– воридшавии калимаҳои иқтибосӣ форсӣ-тоҷикӣ дар забони франсавиро мавриди баррасӣ қарор додааст.
– роҳҳо ва таърихи воридшавии иқтибосоти форсӣ- тоҷикиродар забони франсавӣ ба риштаи таҳқиқ кашидааст.
Мукофоту ҷоизаҳо:
- Медали дараҷаи 2, таҳти фармони 191 соли 1991 дар
сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ
- Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон. Душанбе. 2009
Китобҳо:
- Забони франсавӣ барои синфи 10. Душанбе, 2009
- Забони франсавӣ барои синфи 8. Душанбе, 2010 Муҳаммад Асар
- Ҷумаев Т.Баъзе зарбулмасалҳои забони тоҷикӣ ва муодили онҳо дар забони франсавӣ. Душанбе: ДДОТ, 2011. 62 с.
- Ҷумаев Т. Луғати феълҳои забони франсавӣ. – Душанбе: ЭР- граф, 2013.275 с.
- ҶумаевТ. Фарҳангимухтасариибораҳоирехтаизабонифаронсавӣ-тоҷикӣ.–Душанбе: Сино, 2015.42 с.
- Ҷумаев Т. Грамматикаи забони фаронсавӣ. Душанбе: ЭР- граф, 2018. 123 с.
- Луғати франсавӣ-тоҷикӣ. – Душанбе, 2022. 720 с.
МАҲМУДОВ ДАВЛАТХУҶА ОРИФОВИЧ
16.11.1969
Зодаи деҳаи Лолазор, ноҳияи Фархор. Хатмкардаи факултети забонҳои хориҷии ДДОТ ба номи Қандил Ҷураев (ҳоло ба номи Садриддин Айнӣ). 1993-2018 – ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети журналистикаи ДМТ ва аз соли 2018 то ҳол дотсенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ мебошад.
Муҳимтарин дастовардҳои илмӣ:
- омӯзиши сужаҳо, образҳо ва мавзуҳои адабиёти форсу тоҷик дар адабиёти Фаронса;
- омӯзиши таъсири афсонаҳои форсӣ-тоҷикӣ ба адабиёти асрҳои XVII-XVIII-и Фаронса;
- маҷмуи масъалаҳои вобаста ба сужаҳо ва образҳои ба адабиёти форсу тоҷик алоқамандро ҳамчун хусусияти жанрӣ дар ориентализми фаронсавӣ мавриди тадқиқ қарор додааст.
Рисолаи номзадӣ
- Влияние персидско-таджикских сюжетов на французскую повествовательную прозу XVII-XVIII вв. (на примере «Тысячи и одной ночи»). Душанбе (2021)
Китобҳо:
- Дастури таълимӣ. Забони франсавӣ (барои донишҷӯёни факултетҳои хуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналмилалӣ ва журналистика). Нашриёти «Садои қалб», Душанбе – 2021. -130 с.
- Дастури таълимӣ. Забони франсавӣ (барои донишҷӯёни курси якуми факултетҳои умумидонишгоҳӣ). Душанбе – 2018. 200 с.
- Дастури таълимӣ. Грамматикаи забони франсавӣ (Мухтасар). Душанбе – 2012. – 121 с.
Имомзода Маҳина Муҳаммадюсуф
Вазифа: дотсенти кафедра
Дараҷа, унвони илмӣ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент
Ихтисос: забоншинос
E-mail: mahina-07@mail.ru
Имомзода Маҳина Муҳаммадюсуф, 20.11.1989 дар шаҳри Душанбе дар оилаи омўзгор ба дунё омада аст. Соли 2007 мактаби № 6 дар шаҳри Душанбе хатм карда, ба донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия, факултаи филология, ихтисоси забони чинӣ дохил шуда, соли 2012 онро хатм мекунад. Ҳамин сол ба вазифаи ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ ба кор шуруъ намудааст. Соли 2015 ба вазифаи танзимгари ҳуҷҷатҳои Донишкадаи Конфутсии назди ДМТ фаъолият намудааст. Соли 2020 ба вазифаи муовини директори Донишкадаи Конфутсий назди ДМТ оид ба корҳои тарбиявӣ таъин шудааст.
Рисолаи номзадӣ:
Хусусияти миллии объективии забоншиносии мафҳуми оила дар забонҳои тоҷикӣ ва чинӣ.
Китобҳо:
- «Языковая объективация концепта «семья» в таджикском и китайском языках». Учеб. пособие. / Имомзода М.М., О.Х. Касимов, С.Г.Сабирова – 2022. – 159 стр.
- Учебное пособие по русскому языку для студентов-юристов / Имомзода М.М., Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Атакуллаев У.И., Джураева О.В., Шосафарова Г.Л., Гулмирзоева З.У., Юлдошева Л.У.. – Душанбе: Издательство ТНУ, 2020. – 198 с. ISBN 978-99947-808-8-4
- Русский язык (практический курс русского языка) / Имомзода М.М., Мухаметов Г.Б., Рузиева Л.Т., Шарипов С.С., Нурматова Д.С. – Душанбе: Издательство ТНУ, 2020. – 141 с.
- Тексты для изучающих таджикский и китайский языки / Каримов Н.С., Имомзода М.М. – Душанбе: Издательство ТНУ, 2020. – 74 с. ISBN 978-9997559-77-7
- Краткий русско-таджикский и китайский словарь/ Каримов Н.С., Имомзода М.М., Курбонов С.Х. – Душанбе: Издательство ТНУ, 2020. – 40 с. ISBN 978-9997559-77-7
Шарипова Гулнора Маҳмадмуродовна
вазифа: муалими калон
ихтисос: забоншинос
29 январи соли 1981 дар ноҳияи Панҷакент вилояти Суғд таваллуд шудааcт.
Дар соли1998 гимназияи №2 ноҳияи мазкурро хатм намудам. Соли 2003 факултети забонҳои романӣ ва германии Донишгоҳи давлатии Омузгории Тоҷикистон ба номиСадриддин Айниро бо ихтисоси муаллими забони олмонӣ-англисӣ хатм намудам. Фаъолияти кории худро дар ДМТ аз соли 2003 оғоз кардааст. Солҳои 2003 – 2012 дар кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои олмонӣ ба ҳайси ассистент кор кардааст. Аз соли 2012 то ҳол дар кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, ба сифати муаллими калон кору фаъолият мекунад.
ИБРОҲИМОВ ЗОИРҶОН НЕЪМАТУЛЛОЕВИЧ
Аз моҳи сентябри соли 2016 ба ҳайси ассистенти кафедраи забонҳои хориҷӣ, ҳамзамон аз моҳи феврали соли 2019 дар вазифаи мушовири академӣ (эдвайзер)-и дараҷаи 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кору фаъолият дорад.
Соли таваллуд: 5 июли 1993
Ҷои таваллуд: деҳаи Хуррамзамининоҳияи Данғара
Миллат: тоҷик. Таҳсилот: олӣ
Соли 2010 макбати таҳсилоти миёнаи умумии № 8-и н. Данғараро бо медали тилло хатм намудааст. Соли 2014 Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзодаро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос: муаллим аз рӯи ихтисоси забони фаронсавӣ
соли 2016 Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айниро (зинаи магистратура, рӯзона) хатм намудааст.
Ихтисос: забоншинос аз рӯи ихтисоси забони фаронсавӣ
Унвони илмӣ – надорад
Забонҳои хориҷиро медонад фаронсавӣ, русӣ.
Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби як фарзанд
Фаъолияти корӣ:
Солҳои 2010-2014 | Донишҷӯи Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода (ҳозира Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода) |
Солҳои 2014-2016 | Магистранти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ |
Солҳои 2016-2019 | Ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ |
Солҳои 2019-2023 | Мушовири академӣ (эдвайзер)-и дараҷаи 2-юми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ, ҳамзамон муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ |
НАЗИРОВ ШАҲРИЁР БАХТИБЕКОВИЧ
аз 12-уми октябри соли 2017 дар вазифаи муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо кор мекунад.
Соли таваллуд – 03-10-1994 Ҷои таваллуд- д. Сафедоб, н.Ҳамадонӣ
Миллат -тоҷик Таҳсилот – олӣ
Соли 2017 факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ-ро хатм намуд
Ихтисос – Забоншинос.Тарҷумон. Фаронсавӣ-тоҷикӣ
Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ) – надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, фаронсавӣ, англисӣ, эсперанто
Вазъи оилавиӣ- оиладор соҳиби ду фарзанд
КОР ВА ФАЪОЛИЯТИ СОБИҚА
2012-2017 Донишҷӯи факултети Забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ
2019-2021 Магистранти факултети Забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ
аз 12 – уми октябри соли 2017 то ҳол ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо
Асозода Ҳусайни Нарзулло
аз 1-уми сентябри соли 2022 дар вазифаи ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факулттети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ кор мекунад.
Соли таваллуд 07.07.1992
Ҷои таваллуд ноҳияи Файзобод
Миллат- тоҷик
Таҳсилот- олӣ
Соли 2019 факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон (зинаи бакалавр)-ро хатм кардааст.
Ихтисос: забони хитоӣ – тоҷикӣ, тарҷумон.
Унвони илмӣ (дараҷаи илмӣ)- надорад.
Забонҳои хориҷиро медонад- русӣ, хитоӣ.Вазъи оилавӣ- оиладор соҳиби 1 (як) фарзанд.
ОДИНАЕВА МАШҲУРА ЗАЙНИДДИНОВНА
Соли таваллуд- 26-июни соли 1999
Ҷои таваллуд- шаҳри Панҷакент, вилояти Суғд
Миллат- тоҷик
Таҳсилот- олӣ
Соли 201 макбати таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳри Панҷакентро хатм намудааст. Соли 2020 ихтисоси хитоӣ- информатикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм намудааст соли 2022 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (зинаи магистратура, рӯзона) хатм намудааст.
Аз соли 2023 ба сифати ассистент дар кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ кор мекунад.
Ихтисос: забоншинос аз рӯи ихтисоси забони хитоӣ
Унвони илмӣ – надорад
Забонҳои хориҷиро медонад- хитоӣ, русӣ.Вазъи оилавӣ: оиладор, соҳиби як фарзанд
Сафаров Меҳрубон Муродович
аз 31-уми сентябри соли 2021 дар вазифаи лаборанти ва аз 1-уми сентябри соли 2023 ассистент кафедраи забонҳои хориҷӣ факултети забонҳои Осиё ва Аврупо кор мекунад.
Соли таваллуд-24-11-1993
Ҷои таваллуд- ноҳияи Ҳамадонӣ
Миллат – тоҷик
Таҳсилот – олӣ
Соли 2016 факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ-ро хатм намуд
Ихтисос– Мутахасис оид ба робитхои байнифарханги тарҷумон референт арабӣ –фаронсавӣ
Унвони илмӣ (дараҷаи илми) – надорад
Забонҳои хориҷиро медонад – арабӣ, фаронсавӣ, русӣ
Вазъи оилавӣ – оиладор соҳиби як фарзанд.
Кор ва фаъолияти собиқа:
2011-2016 Донишҷўи факултети Забонхои Осиё ва Аврупои ДМТ
2016-2018 Магистранти факултети Забонхои Осиё ва Аврупои ДМТ
2018-2021 Докторанти фалсафа Ph.D доктор аз руи ихтисоси “Забоншиносӣ”-и кафедраи филологияи арабӣ факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ.
аз 31-уми сентябри соли 2021 лаборанти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо.
аз 1-уми сентябри соли 2023 то ҳол ассистенти кафедраи забонҳои хориҷии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо мебошад.
Ҳаитмаҳматова Нодира Музаффаровна
аз 01-уми феврали соли 2023 дар вазифаи ассистент дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон кор мекунад.
Соли таваллуд – 28.07.1997
Ҷои таваллуд ноҳияи Шаҳринав
Миллат – тоҷик
Таҳсилот – олӣ
Соли 2019 факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии
Тоҷикистон (зинаи бакалавр)-ро хатм кардааст.
Соли 2021 факултаи Таълимоти байналмилалии забони чинии Донишгоҳи Шанхай (зинаи магистр)-ро хатм кардааст.
Ихтисос забони хитоӣ – информатика, омӯзгор
Кор ва фаъолияти собиқа
2017-2018 Омӯзгори забони чинии маркази омӯзишии Атлас
2018 – 2019 Омӯзгори забони чинии маркази омӯзишии Royal school
20.05.2019-09.07.2019 Иштирокчии курси такмили ихтисоси Донишкадаитакмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ назди ДМТ аз рӯи равияи забономӯзӣ (забони хитоӣ)
28.07.2019-10.08.2019 Такмили ихтисоси омӯзгорони хоричии забони чинӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Пекин
18.07.2022-30.07.2022 Такмили ихтисоси омӯзгорони маҳаллии забони чинӣ дар Донишгоҳи Пекин
10.09.2022-25.09.2022 Такмили ихтисоси омӯзгорони маҳаллии забони чинӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Хуадон
13.09.2022-30.09.2022 Такмили ихтисоси омӯзгорони хориҷӣ ва чинӣ дар Донишгоҳи омӯзгории Синзян
18.02.2023-4.03.2023 Такмили ихтисоси омӯзгорони маҳаллии забони чинӣ дар Донишгоҳи Пекин.