Кафедраи филологияи Эрон

Кафедраи филологияи Эрон ҳамзамон бо ташкили факултет (1958) таъсис ёфта, аввалин мудири он профессор Ҳилол Каримов буд. Саҳми ӯ дар ташаккулу инкишофи кафедра ва омода кардани мутахассисони маҳаллӣ хеле бузург аст. Дар радифи устод Ҳилол Каримов дар ташаккулу таҳкими шуъбаи форсӣ устодон – зодагони Эрон Акбар Зореъ, Юсуф Ҳасанлӣ ва Дурроҷ хидмати арзанда намуда, барои таълиму тарбияи мутахассисони забони форсӣ ва адабиёти Эрон, мутарҷимони варзида ва кормандони соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ, сиёсӣ, илмиву фарҳангии кишвар саҳми босазое гузоштаанд.

Бояд зикр кард, ки аксари устодони ҳозираи кафедраи филологияи Эрон ин бузургонро устоди ҳақиқии худ мешуморанд ва хотираи неки эшонро дар ёд доранд.

Соли 1982 устод Ҳилол Каримов роҳбарии кафедраро ба шогирд ва ҳамкори худ – дотсент Файзалӣ Наҷмонов таҳвил дод, ки ӯ дар навбати худ то соли 1992 дар ин вазифа пурмаҳсул меҳнат кард. Баъдан кафедраро устодон Фирӯза Амонова ва Усмон Сулаймонӣ роҳбарӣ намуданд. Аз 01.10.2011 то 01.04.2023 кафедраро доктори илми филология, профессор Сафаров Умархоҷа сарварӣ карданд. Айни ҳол иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи мазкур номзади илми филология, дотсент Қосимов Ҷумъахон Салимович мебошад.

Дар кафедра 13 нафар устод фаъолият мекунанд, ки дар байни онҳо 2 нафар доктори илм, профессор, 8 нафар номзади илм, 1 нафар муаллими калон, 1 нафар ассистент ва 1 нафар лаборант ҳастанд.

کرسی فیلولوژی ایران

 کرسی فیلولوژی ایران همزمان با تشکیل دانشکده (1958) تأسیس یافته، اوّلین مدیر آن پروفسور هلال کریم­اف بود. سهم او در تشکّل و انکشاف کرسی و آماده کردن متخصصان محلی خیلی بزرگ است. در ردیف استاد هلال کریم­اف در تشکّل و تحکیم شعبه فارسی استادان – زادگان ایران اکبر زارع، یوسف حسنلی و دُرّاج خدمت ارزنده نموده، برای تعلیم و تربیه  متخصصان زبان فارسی و ادبیات ایران، مترجمان ورزیده و کارمندان ساحه‌های گوناگون اقتصادی، سیاسی، علمی و فرهنگی کشور سهم باسزایی گذاشته‌اند. باید ذکر کرد، که اکثر استادان حاضره­ی کرسی فیلولوژی ایران این بزرگان را استاد حقیقی خود می‌شمارند و خاطره­ی نیک ایشان را در یاد دارند

 سال 1982 استاد هلال کریم­اف راهبری کرسی را به شاگرد و همکار خود – دانشیار فیض‌علی نجمان­اف تحویل داد، که او در نوبت خود تا سال 1992 در این وظیفه پرمحصول محنت کرد. بعداً کرسی را استادان فیروزه اماناوه و عثمان سلیمانی راهبری نمودند.  از سال 2011 تا ماه اوریل سال 2023 کرسی را پروفسور صفراف عمر‌خواجه ‌سروری کردند. در حال حاضر کرسی مذکور را قاسم اف جمعه خان بر دوش دارند. در کرسی 13  نفر استاد فعالیت می‌کنند، که در بین آنها 2 نفر پروفسور، 8 نفر دانشیار 1 نفر استاد ارشد، 1 نفر استادیار و 1 نفر دستیار هستند

МАЪЛУМОТНОМА

Қосимов Ҷумъахон Салимович

Соли таваллуд: 01.01.1982                                      

Ҷои таваллуд:  Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Соли 2006 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст

Ихтисос: шарқшинос (филологияи Эрон).                                                                                                                                    

Унвони илмӣ: номзади илми филология.

Дараҷаи илмӣ: дотсент.                                              

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: нест.

Ҳизбият: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон.

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не.

Вазъи оилавӣ:   оиладор, соҳиби се фарзанд.

Собиқаи корӣ:

Солҳои 2000-2006 Донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Солҳои 2007-2008 Мудири китобхонаи ба номи С. Нафисии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ
Солҳои 2008-2016 Ассистенти кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ
Солҳои 2009-2010 Ҷонишини декани оид ба корҳои тарбиявии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ
Солҳои 2016-2020 Муаллими калони кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ
Соли 2019 Номзади илми филология
Аз соли 2020   Дотсенти кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ
Ҳамзамон аз соли 2022 Раиси шурои илмию методии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ
Аз 01.04 2023 Иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ

Сафаров Умархоҷа Раҳимович

Соли тавваллуд: 01.01.1960

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон.    

 Миллат: тоҷик

Маълумот: олӣ

Ихтисос: филолог-шарқшинос, муаллими забон ва адабиёти форсӣ ва тоҷикӣ.

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филологӣ, профессор

Сафар ба давлатҳои хориҷӣ: 1980-1981, 1985-1987 Афғонистон (хизмати ҳарбӣ) 1996, 1999, 2003,2007 Ҷумҳурии Исломии Эрон (сафари хизматӣ)

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, форсӣ, англисӣ (бо луғат)

Вакили халқ ҳаст ё не: нест 

Бо кадом мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст: ордени «Ситораи сурх», нишони «Барои хизматҳои ҷангӣ» Нишони ифтихории «Аълочии маорифи Тоҷикистон» 

Вазъияти оилавӣ: оиладор, соҳиби 5 фарзанд

Собиқаи корӣ:

Солҳои 1983-1985 ассистенти кафедраи филологияи Эрони ДМТ 

1985-1987 хизмати ҳарбӣ дар Афғонистон

1987-1997 ассистент, дотсенти кафедраи филологияи Эрони ДМТ 

1997-2007 мудири кафедраи филологияи Эрони ДМТ 

Аз 2007-2011 декани факултети шарқшиносии ДМТ 

Аз 01.10.2011 то 01.04.2023 мудири кафедраи филологияи Эрони ДМТ

Усмон Сулаймонӣ

  Усмон Сулаймонӣ 25-уми июни соли 1951 дар ноҳияи Ҳисор, дар хонаводаи коргар ба дунё омада, соли 1968 пас аз хатми мактаби миёнаи ба номи Рӯдакӣ-и ноҳияи мазкур ба факултети Шарқшиносии ДМТ (собиқ ДДМТ) дохил шуда, онро соли 1973 бомуваффақият хатм кардааст. Худи ҳамон сол бо роҳхати Комиссияи имтиҳоноти давлатӣ ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи АФ Тоҷикистон дохил шудааст.

         Солҳои 1975-1977 ва солҳои 1979-1981дар сафари хидматии хоричӣ, аниқтараш ба сифати тарҷумон ва котиби дуюми сафорати собиқ Шуравӣ (бо роҳи дипломатӣ) дар Афғонистон ифои вазифа кардааст. Хидматҳои ӯ дар ин кишвар бо нишонҳои «Даҳсолагии Инқилоби Савр» ва «Миннатдории мардуми Афғонистон» қадршиносӣ шудааст.

         Пас аз бозгашт, солҳои 1981-1983 дар Институти Шарқшиносии АФ ҶТ машғули кор шуда, дар мавзуи: «Феълҳои ғайримунсариф дар забони адабии ҳозираи тоҷик (таҳқиқи қиёсӣ бо форсии муосири Эрон)», таҳти роҳнамоии профессор А.Л. Хромов, рисолаи номзадӣ дифоъ кардааст.

         Аз соли 1985 то соли 2006 ба ҳайси дотсенти кафедраи филологияи Эрон ва ҷонишини декани факултети мазкур оид ба корҳои илмӣ ва аз соли 2007 то соли 2011 ба сифати мудири кафедраи филологияи Эрон ифои вазифа намудаст.

Аз соли 2012 то ҳол дотсенти кафедраи мазкур буда, ба тарбияи шогирдон ва тайёр намудани кадрҳои ҷавони шарқшинос ва инчунин барои пешрафти илми филология саҳм гузошта истодааст. Таҳқиқотҳои ӯ, на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар як қатор кишварҳои Шарқ ва Ғарб низ ба нашр расидаанд.

Шодиев Рустам Азизуллоевич

Шодиев Рустам Азизуллоевич (тав.10.11.1974, ноҳияи Ҳамадонӣ, вилояти Хатлон) шарқшинос-забоншинос, номзади илмҳои филологӣ (2010), дотсент (2012). Хатмкардаи факултети шарқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (1997) ва аспирантураи Институти забон ва адабиёти ба номи Рудакии Академияи Илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Аз соли 1997 то 2002 ассистенти кафедраи филологияи Эрон, ҷонишини декан оид ба тарбияи факултети шарқшиносӣ, аз соли 2002 то 2005 муовини сардори шуъбаи таълими ДМТ, аз соли 2005 то 2010 сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалии ДМТ, аз соли 2010 то 2015 директори Маркази фарҳангию таълимии Конфутсий дар назди ДМТ буд. Аз 1-уми январи соли 2015 то моҳи декабри соли 2023 декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо буд.

Муаллифи 2 монографияи илмӣ, 3 дастури таълимӣ ва зиёда аз 70 мақолаи илмию оммавӣ мебошад. Доктори фахрии Донишгоҳи омўзгории Синзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин (2015) мебошад. Ба Ифтихорномаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (2015) сазовор дониста шудааст. Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон (2016) ва Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2018) мебошад.

Оиладор, соҳиби 4 фарзанд.

Осор: Вижагиҳои маъноии феълҳои сода дар «Шоҳнома».– Душанбе: ҶДММ Шуҷоиён, 2010. – 80 с.; Феълҳои пешвандӣ дар «Шоҳнома»- Фирдавсӣ (дастури таълимӣ), Душанбе, 2011, 48 с.;  Феъл дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ (маъно ва сохтор) (монография). – Душанбе: Зиннат, 2012. – 152 с.; Масоили лингвистии номвожаҳои таърихии Хатлон (монография). – Душанбе: Меҳроҷ-Граф, 2016. – 118 с.

Ҷобиров Давлятҷон Юсуфович

Ҷобиров Давлятҷон Юсуфович- номзади илмҳои филологӣ,  дотсенти  кафедраи  филологияи    Эрони факултети  забонҳои  Осиё  ва  Аврупои  Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

14-уми августи соли 1958 дар ноҳияи Дарвози вилояити ВМКБ таваллуд шуда, соли 1975 мактаби миёнаро хатм намуда, соли 1976 ба  шуъбаи рӯзонаи факултети забонҳои Шарқи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И. Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) қабул шуда, то соли 1979 таҳсил намудааст. Номбурда солҳои 1979-1980 ба сифати тарҷумони ҳарбӣ аз тарафи Вазорати мудофиаи СССР дар Ҷумҳурии Афғонистон хизмат намудааст.

Солҳои 1981-1982 дар шуъбаи рӯзонаи факултети забонҳои Шарқи Университети давлатии Тољикистон ба номи В. И. Ленин таҳсилашро идома додааст.

Мазкур аз соли 1982 то 1984 ба сифати тарҷумон аз тарафи Вазорати авиатсияи граждании СССР дар Ҷумҳурии Афғонистон хизмат намудааст.

Солҳои 1984-1985 дар шуъбаи рӯзонаи факултети забонҷои Шарқи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин таҳсилашро идома додааст.

Соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси забон ва адабиёти Шарқ бомуваффақият хатм намудааст. Солҳои 1985-1989, ба сифати лаборант ва мудири кабинети кафедраи филологияи Эрони ДМТ  кор ва фаъолият намудааст.

Солҳои 1989-1992 дар шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Донишгоҳи миллии Тољикистон таҳсил намудааст. Рисолаи номзадиро дар мавзӯи «Зиндагӣ ва эҷодиёти Ҳазини Лоҳиҷӣ» соли 2003 ҳимоя намудааст.

Аз соли 1993 то имрӯз дар вазифаҳои ассистенти кафедра, муаллими калон ва дотсенти кафедраи филологияи Эрон фаъолият мекунад.

Аз моҳи апрели соли 1995 то моҳи ноябри соли 2023 дар вазифаи муовини декан оид ба таълими факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (пеш Шарқшиносӣ)-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Дар соли 2018 барои хизматҳои бисёрсола дар соҳаи маорифи кишвар, иҷрои корҳои илмию таҳқиқотӣ, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва ба камол расонидани мутахассисони баландихтисос бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони «Корманди шоистаи Тоҷикистон» мушарраф гардидааст.

Байзоев Азим Муҳаммадиевич

Байзоев Азим Муҳаммадиевич (01. 02. 1959) филолог-шарқшинос, ҳуқуқшинос, забоншинос, мутарҷим, мактабшинос.  Аълочии маорифи Тоҷикистон (2010).

   Соли 1982 факултети забонҳои Шарқи УДТ ба номи В.И.Ленин (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва с. 2005 Донишкадаи ҳуқуқ ва андози Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. С.-ҳои 1982-84 – ассистенти кафедраи филолгияи Эрон. С.-ҳои 1984-86 – хидмат дар Артиши Шуравӣ дар Афғонистон. С.-ҳои 1986-89 – ассистенти к. ф. Эрон, 1989-1992 – ассистенти ҳамин кафедра. С. 1992 то имрӯз – д. к. ф. Эрон. С.-ҳои 2012-16 – ходими калони илмии Пажӯҳишгоҳи рушди маориф (ҳамкор), аз с. 2016 то имрӯз – сармутахассиси Академияи таҳсилоти Тоҷикистон (ҳамкор). 

С. 1981 – таҷрибаомӯзи Донишгоҳи Кобул, Афғонистон, с. 1997 – шунавандаи курсҳои дипломатӣ дар Академияи хизмати хориҷии Исломобод, Покистон, с. 2006 – муҳаққиқи Донишгоҳи Канзас, ИМА, с. 2015 – иштирокчии барномаи байналмилалӣ оид ба таҳсилоти фарогир, Йокогама, Япония. С. 2009-2013 дар Донишгоҳи давлатии Аризона (ИМА) аз забонҳои тоҷикӣ ва форсӣ дарс додааст.

     Муаллифи 4 монография, 8 асари илмӣ-таҳлилӣ (дар ҳаммуаллифӣ), 10 китоби дарсӣ (аз ҷумла, ду китоби дарсӣ барои хориҷиён), 12 дастури таълимӣ-методӣ, 8 осори бадеӣ, бештар аз 180 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ, ки ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва форсӣ дар нашрияҳои Тоҷикистон, Россия, ИМА, Британияи Кабир, Эрон, Покистон, Афғонистон ва Қирғизистон ба табъ расидаанд. Иштирокчии бештар аз 30 конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ дар Россия, ИМА, Эрон, Венгрия, Япония, Словакия, Руминия, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Литва ва Туркия. 

     Таҳти роҳбарии ӯ се нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

     Ҷанговари интернатсионалист (1984-1986). Бо нишони Ситораи Сурх, Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии ИҶШС, Ифтихорномаи фахрии КМ ВЛКСМ, медали “Хизмати шоиста”, ҷоизаи ба номи Аббос Алиев (дар соҳаи маориф), медалҳои ҷангӣ ва ҷашнӣ, ифтихорномаҳои Вазорати маориф ва илм, Вазорати мудофиа, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон мукофотонида шудааст.

Расулзода Алидод Бобо

OLYMPUS DIGITAL CAMERA

Соли таваллуд: 11.01.1977    

Ҷои таваллуд: ноҳияи ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ

Миллат: тоҷик.

Таҳсилот: олӣ.

Кадом муассисаи таълимиро хатм кардааст: Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1999)

Ихтисос: филолог-муаллими забон ва адабиёти форсӣ-тоҷикӣ.                                        

Дараҷаи илмӣ: доктори илмҳои филология (2009)

Кадом забони хориҷиро медонад: русӣ, забони форсӣ 

Аз соли 2000 инҷониб дар вазифаи муаллими забон ва адабиёти форсии факултети шарқшиносии (забонҳои Осиё ва Аврупо) Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мутахассиси пешбар, сармутахассис, муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сармутахассиси шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мушовири вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27.02.2015, №76 то моҳи марти соли 2020 ба ҳайси сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф иҷрои вазифа намудааст.

Кор ва фаъолияти собиқа:

1994-1999 донишҷӯи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;

1999-2003 аспиранти Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;

2000-2004 муаллими забон ва адабиёти форсии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон;

2004-2006 мутахассиси пешбари идораи таҳсилоти миёна ва олии касбии Вазорати маориф;

2006-2007 муовини сардори раёсати таҳсилоти миёна, олии касбӣ ва баъди муассисаи олии касбии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2007- муовини сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2007-2008 сармутахассиси шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2008-2009 сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2009-2011 мушовири вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2011-2015 сардори раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2015-2020 сардори Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи маориф;

2020-2023 мушовири вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2023 инҷониб профессори факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.

Бо «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф аз 5.02.2006, №1900 ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» аз 1.10.2007, №1907 сарфароз гардонида шудааст.  

Абдулҳадов Ҷумъахон Зикируллоевич

Абдулҳадов Ҷумъахон Зикируллоевич, 4-уми ноябри соли 1983 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ба дунё омадааст.

Соли 2001 ба шуъбаи форсии факултети Шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2006 онро бо ихтисоси шарқшиносӣ бо муваффақият хатм кардааст.

Солҳои 2007-2012 ассистенти кафедраи филологияи Эрон, солҳои 2007-2010 аспиранти шуъбаи ғоибона, солҳои 2012-2013 муовини декан оид ба тарбия, солҳои 2014-2016 муаллими калони кафедраи филологияи Эрон ва аз соли 2016 то кунун дотсенти кафедраи мазкур аст.

Аз соли 2018 то ҳол муовини декан оид ба илми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мебошад.

Номбурда муҳаққиқи таърихи забон буда, дар санаи 12.04.2012 рисолаи номзадиашро дар мавзуи “Лексикаи иқтибосии “Таърихи Байҳақӣ”-и Хоҷа Абулфазл Муҳаммад бинни Ҳусайн Байҳақии Дабир” (рамз ва номи ихтисос 10.02.22 – забонҳои мамлакатҳои хориҷии Аврупо, Осиё, Африқо ва аборигенҳои Амрико ва Австралия /забони форсӣ/) ҳимоя кардааст.

Абдулҳадов Ҷ. З. муаллифи як монография, се дастури таълмӣ, як китоби дарсӣ (ҳаммуаллиф) ва 30 мақолаи илмӣ мебошад.

Барои фаъолияти босамар дар бахшҳои илм ва таълим ва собиқаи кории 16 сола бо “Ифтихорнома”-и Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз шудааст.

Муминзода Рузигул

Аз августи соли 1998 дар вазифаи асистенти кафедраи филологияи Эрони факултети забонхои Осиё ва Аврупо  кор мекунад.

Соли тавваллуд: 05.07.1974

Ҷои таваллуд: н. Фархор

Миллат: тоҷик

Маълумот: олӣ

Ихтисос, дараҷаи илмӣ: забон ва адабиёти Шарқ, муаллими забон ва адабиёти форсӣ.                 

Забони хориҷиро медонад: форсӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ.

Вазъияти оилавӣ: оиладор, соҳиби як фарзанд.

Фаъолияти корӣ:

Солҳои 1998-2007  ассистенти кафедраи филологияи Эрони ДДМТ.

2000-2003 аспиранти Институти забон ва адабиёти АИ Тоҷикистон.

2003-2008 гӯяндаи бахши форсии Идораи барномаҳои бурунмарзии Радиои Тоҷикистон “Овози тоҷик”.

20042015 Вебнигори намояндагиии ББС дар шаҳри Душанбе.

Аз соли 2019 муаллими калони кафедраи филологияи Эрони ДМТ.

Муҳаббатзода Абулфазл

Муҳаббатзода Абулфазл (28.05.1958) филолог-шарқшинос. Соли 1980 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос, муаллими забон ва адабиёти форсии тоҷикӣ ва соли 1986 аспирантураи ҳамин донишгоҳро хатм намудааст.

Тайи солҳои 1978-1980 мутарҷим дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, 1980-1984 муаллими забон ва адабиёти форсии факултети шарқшиносии Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, 1984-1986 дар сафи Артиши Иттиҳоди Шуравӣ дар Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, 1986-1992 ассистенти кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1993-2006 муаллими калони кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, 1999-2000 мутарҷим дар Ҷумҳурии Исломии Эрон, 2007-2024 дотсенти кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Соли 2006 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон ва солҳои 2001 ва 2009 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз курси бозомӯзии забони форсӣ гузаштааст.

Соли 2007 дар мавзуи «Истилоҳоти варзишии забони форсӣ» рисолаи номзадӣ ҳимоя намудааст.

Бо «Ифтихорнома»-и Президиуми Шурои Олии Иттиҳоди Шуравӣ, Ордени «Ситораи Сурх», медалҳои ҷашнии Ҷумҳурии Демократии Афғонистон, «Ифтихорнома»-и Вазорати маориф ва «Аълочии маорифи Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст.  

Оиладор ва соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Тоҳирзода Сурайёхони Тоҳирӣ

Соли таваллуд: 05.12.1974.

Ҷои таваллуд: ноҳияи Ваҳдат.

Миллат: тоҷик

Таҳсилот: олӣ

Кадом муассисаи таълимиро хатм кардааст: Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (1997)

Ихтисос: филолог-муаллими забон ва дабиёти форсии тоҷикӣ

Дараҷа ва унвони илмӣ: номзали илмҳои филология (2013), дотсент.

Собиқаи корӣ:

1992 – 1997 донишҷӯи ДМТ,

1997-2000 ассистенти кафедраи филологияи Эрон, факултети Забонҳои Шарқ, ДМТ. 2000 – 2010 тарҷумони ҶШСК «Купруксоз-32».

2006-2009 Шурои Амрикоӣ (ACCELS).

2009 – муаллими забони тоҷикӣ ва форсӣ дар Донишгоҳи Аризона ШМА.

2010-2011 мусаҳҳеҳ ва ҳуруфчин дар маркази Табъу нашри ДМТ.

2011-2015 ассистенти кафедраи филологияи Эрони ДМТ.

2015-2020 муаллими калони кафедраи филологияи Эрони ДМТ.

Аз соли 2020  инҷониб дотсенти кафедраи филологияи Эрони ДМТ.

Шодиева Фархунда Тоҷиддиновна

Шодиева Фархунда Тоҷиддиновна (02.02.1982) лаборанти кафедраи филологияи Эрони ДМТ аз соли 2023 то имрӯз.

Соли 1999 ба шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 2005 донишгоҳи мазкурро хатм намуд. Соли 2002 ба ҳайси танзимгар дар шуъбаи ғоибонаи факултети филологияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба кор шуруъ намуд.

Соли 2007 ба вазифаи мудири кабинет, ба кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупо (собиқ шарқшиносӣ) интиқол ёфт.

Соли 2016 ба шуъбаи магистратураи кафедраи филологияи Эрони ДМТ қабул гардида, онро соли 2018 бо ихтисоси Шарқшинос (забони форсӣ) хатм намуд.

Аз соли 2019 дар кафедраи филологияи Эрони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси унвонҷӯ қабул гардид ва дар мавзуи «Таҳлили андешаҳои назарӣ ва адабии Аҳмади Шомлу» ба кори илмӣ машғул аст.

Дар маҷаллаҳои илмӣ ва илмӣ-пажӯҳишӣ мақолаҳои илмӣ («А. Шомлу асосгузори шеъри сафед», «Шеър аз нигоҳи А. Шомлу», «Нигоҳе ба гузингӯяҳои Аҳмади Шомлу», «Гунаҳои шеърӣ дар девони Аҳмади Шомлу», «Нигоҳе ба ҷанбаи мусиқоии шеъри А. Шомлу» ва ғ.) ба чоп расонидааст.