
Каримова Д.Б. 6-уми сентябри соли 1984 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар оилаи зиёӣ ба дунё омадааст. Соли 2000-ум мактаби миёнаро бо баҳои аъло хатм намуда, худи ҳамон сол ба факултети шарқшиносӣ (ҳозира Забонҳои Осиё ва Аврупо) Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шудааст. Соли 2005-ум донишгоҳро бо ихтисоси шарқшинос-филолог бо дипломи аъло хатм кардааст. Солҳои 2006-2010 дар шуъбаи ғоибонаи аспирантураи ДМТ, факултети забонҳои Осиё ва Аврупо таҳсил намудааст.
Аз соли 2005 то 2007 дар кафедраи муносибатҳои байналхалқии ДМТ ба ҳайси ассистенти кафедра кору фаъолият кардааст.
Аз соли 2011 то 2019 ассистенти кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ фаъолият доштааст.
Солҳои 2019 то 2025 ба вазифаи муаллими калони кафедраи мазкур кору фаъолият намудааст.
Соли 2025 иҷрокунандаи вазифаи дотсенти кафедраи филологияи араб мебошад.
Соли 2020 рисолаи номзадии худро дар мавзуи «Хусусиятҳои жанрӣ-мавзуии ашъори арабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ» (Жанрово-тематические особенности арабской поэзии Джалаладдина Балхи-Руми) барои дарёфти дараҷаи номзади илмҳои филологӣ ҳимоя намуд.
Соли 2024 ба вазифаи муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ таъин гардид.
Каримова Д.Б. муаллифи беш аз 50 адад корҳои илмӣ, аз қабили монография, воситаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Ҳамчунин, ӯ дар конференсияҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ бо зиёда аз 30 маърӯзаҳои илмии худ иштирок ва суханронӣ намудааст.

