МАҲФИЛИ “ЗЕҲН”

165

Имрӯз дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили илмии “Зеҳн” баргузор гардид. Дар маҳфил мудири кафедраи забонҳои хориҷӣ дотсент Ҷ.Маҳмадов, устодони факултет дотсент Д. Маҳмудов, муаллими калон З. Иброҳимов, асситет М. Сафаров ва донишҷӯёни иштирок намуданд.

Шаҳриёр Назиров – муаллими калони кафедраи забонҳои хориҷӣ дар мавзуи “Таснифот ва хусусиятҳои фонетикии гидронимҳо дар забони фаронсавӣ”суханронӣ намуда, изҳор дотш, ки гидронимҳои имрӯзаи Аврупо асосан аз забонҳои лотинӣ, юнонӣ ва келтӣ ворид шудаанд. Ӯ перомуни таснифоти гидронимҳои фаронсавӣ ибрози назар кард. Сипас дар атрофи мавзуи мавриди назар мубодилаи афкор миёни устодону донишҷӯён сурат гирифт.