СИТОРАИ ДУРАХШОНЕ ДАР ИЛМИ ЗАБОНШИНОСИИ ТОҶИК

142

Сайфиддин Назарзода – 3-юми ноябри соли 1956 ба дунё омадааст. Баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон муддати як сол аз тариқи Вазорати саноати нафти Шуравӣ ва чор соли дигар тарҷумони неруҳои мусаллаҳ дар Афғонистон буд.

Баъди бозгашт аз моҳи октябри соли 1984 то декабри соли 1985 дар вазифаи сарлаборанти кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои шарқи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва аз моҳи декабри соли 1985 то моҳи ноябри соли 1990 чун муҳаррир дар Сарредаксияи гуфторҳои хориҷии Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон кор кард.

Аз моҳи ноябри соли 1990 то моҳи июни соли 1992 корманди калони илмӣ ва котиби илмии кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз июни соли 1992 то феврали соли 1993 директори барномаҳои радиои Кумитаи давлатии телевизион ва радиои Тоҷикистон, аз моҳи феврали соли 1993 то январи соли 2000 муовини раиси Кумитаи истилоҳоти назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 2000 то 2003 иҷрокунандаи вазифаи Раиси Кумита ва аз соли 2003 то моҳи октябри соли 2004 дар вазифаи муовини раиси Кумита кор кардааст.

Аз моҳи октябри соли 2004 Раиси Кумитаи истилоҳоти назди Раёсати АИ ҶТ ва аз марти соли 2006 Директори Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ буд.

Моҳи майи соли 2011 декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, аз 15-уми декабри соли 2014 то соли2017 директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон, солҳои2017-2019 сарходими илмии шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи А.Рӯдакӣ буд. Аз соли 2019 то ҳол мудири шуъбаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳоти Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ мебошад.

Соли 1991 вобаста ба таърихи лексикологияи забони форсии нав рисолаи номзадӣ ва соли 2004 дар мавзуи «Истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсии забони тоҷикӣ: таърих, гароиш ва дурнамо» рисолаи докторӣ ҳимоя кард ва соҳиби унвони доктори илм гашт.

Сайфиддин Назарзода дар давоми фаъолияташ дар Кумитаи истилоҳот ва Институти забон ва адабиёти ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар кори амалӣ намудани Қонуни забон кӯшиши зиёде ба харҷ додааст ва таҳия, таҳрир ва ба чоп расонидани луғатҳои соҳавӣ ва таҳияву тартиби истилоҳоти коргузорӣ аз самтҳои асосии фаъолияти ӯ гардид ва то кунун ин корро идома медиҳад.

Луғату фарҳангномаҳое, ки дар таҳия, таҳрир ва чопи онҳо ширкат намудааст:

 Фарҳанги мухтасари истилоҳоти коргузорӣ. С. Назарзода, Душанбе, «Симурғ», 1993, 120 саҳ.

– Асноди додраси тафтишоти пешакӣ. Мураттибон М. Аслам, С. Назарзода, Ҳ. Қаҳҳор, муҳаррири масъул М.Ҳ. Султон. Душанбе,1994, 224 саҳ.

– Луғати истилоҳоти иқтисодӣ (русӣ-тоҷикӣ). Таълифи С.Ҳабибов ва дигарон. Таҳрири С.Назарзода ва М. Султон, Душанбе 1999, 260 саҳ.

– Луғати мухтасари русӣ-тоҷикии истилоҳоти гумрук. Мураттибон: Аҳмадҷон Сияров ва Абдурасул Шарипов. Муҳаррири масъул С.Назарзода, Душанбе 1999, 220 саҳ.

– Луғати русӣ ба тоҷикии истилоҳоти ҳарбӣ. Мураттибон: П. Нурбахш ва дигарон, таҳрири С. Назарзода ва М. Султон. Душанбе, 2003, 780 саҳ.

– Фарҳанги истилоҳоти иҷтимоӣ ва сиёсӣ. Душанбе2006, 220 саҳ. Мураттиб С. Назарзода- Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Иборат аз ду ҷилд. Мураттибон Назарзода С. ва дигарон. Душанбе, чопи аввал соли2008 ва чопи дувум соли 2010.

– Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ. Мураттибон С. Назарзода ва дигарон. Ҷилди аввал, ҳарфи «А», Душанбе, соли 2011, ҷилди2, ҳарфи «Б», Душанбе, соли2022.

Сайфиддин Назарзода дар канори корҳои илмиву амалӣ, барномаҳои илмиву таҳқиқотии хешро низ фаъолона пеш мебарад. Таҳияи асарҳои илмии «Аҷоиб-ул-махлуқот» ва вожашиносии таърихии форсӣ-тоҷикӣ», 1999, (210 саҳ.), маҷмуаи «Афғонистони имрӯз» ( ба забони русӣ), 1988; «Забон ва истилоҳот»(Андешаҳо дар атрофи забони тоҷикӣ ва ташаккули истилоҳот), Душанбе 2003 (148с.), «Лингвистическое изучение классических письменных памятников» (Пажуҳиши забонии осори хаттии классикӣ), Душанбе, 2004 (333с.), «Ташаккули истилоҳоти иҷтимоӣ – сиёсии забони тоҷикӣ дар садаи ХХ», Душанбе, 2004 (303с.) «Забон ва ваҳдати миллӣ», Душанбе, 2007 (120 с), «Истилоҳоти забони тоҷикӣ: таърих, гаройиш ва дурнамо», Душанбе, 2013; «Имло ва забони адабӣ», Душанбе, 2015; «Пояҳои густариши забони миллӣ», Душанбе, 2016, «Забон ва худшиносии миллӣ», Душанбе, 2018, «Пажуҳише дар таърихи забони тоҷикӣ» Душанбе, 2020 ва мақолаҳои зиёде дар рӯзномаву маҷаллаҳои ҷумҳурӣ ва кишварҳои хориҷӣ самараи талошҳои фазояндаи ӯ барои пешрафти илм ва фарҳанг дар кишвар аст. Дар ин муддат бештар аз 180 мақолаву асарҳои илмии ӯ дар Тоҷикистон ва берун аз он, аз ҷумла дар саҳифаҳои матбуоту маҷаллаҳои илмии Эрону Афғонистон, Фаронса, Кореяи Ҷанубӣ, Узбекистон ва Русияву Қазоқистон чоп шудаанд.

Вай ҳамчунин ширкаткунандаи чандин ҳамоишу конфронсҳои илмӣ дар дохил ва хориҷи Тоҷикистон аст.

12 нафар унвонҷӯ, аз ҷумлаи олимони ҷавон таҳти роҳбарии ӯ машғули корҳои илмӣ буда, 17 нафар рисолаҳои илмии худро дар мавзуъҳои гуногун ҳимоя кардаанд. Панҷ нафари дигар таҳти сарпарастии ӯ рисолаҳои доктории худро дифоъ ва соҳиби унвони доктори илм шудаанд.

Ӯ ҳамчунин дар баробари корҳои идориву созмонӣ ба рисолаҳои докториву номзадӣ доир ба забоншиносиву истилоҳошиносӣ тақризҳо навишта, солҳои2007-2011 Раиси Шурои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ буд ва ҳоло узви ду Шурои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории ДМТ (русиву тоҷикӣ) ва ду Шурои диссертатсионии ҳимояи рисолаҳои доктории Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ мебошад. Устод инчунин узви вобастаи АМИТ ҶТ мебошад.

Хизматҳои ӯ бо нишону медал ва ифтихорномаҳои зерин қадр шудаанд:

1. Медали «Барои хидмати ҷангӣ». Фармони Шурои Олии СССР аз 22-сентябри соли 1982.

2. Медали «70-солагии Қувваҳои Мусаллаҳи СССР». Фармони Шурои Олии СССР аз28-январи соли 1988.

3. Медали «Ба сарбози интернатсионалист аз халқи қадрдони Афғонистон». Фармони Президенти Ҷумҳурии Афғонистон аз 15-уми майи соли 1988.

4. Ифтихорномаи Президиуми Шурои Олии СССР аз 28-уми декабри соли 1988.

5. Ифтихорномаи Вазорати Мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, феврали соли 2003.

6. Барандаи ҷоизаи ба номи Осимии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахши илмҳои ҷамъиятшиносӣ, соли 2009.

7. Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2016.

Имрӯз, ки донишманди шинохта ва дар айни камолот дар остонаи 67-умин солгарди зодрӯзаш қарор дорад, мо сидқан, ӯро, ба ин ҷашни фархунда шодбош мегӯем. Ӯ, ки ҳамин ҳоло аз худ манораҳои илмие чун «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ», «Фарҳанги мукаммали забони тоҷикӣ» ва осори илмии зиёде оид ба вожашиносӣ, истилоҳшиносӣ, таърихи забон ва амсоли ин ба ҷой гузоштааст, дар таърихи илми забоншиносии тоҷик чун шаҳобе, чун ситораи дурахшоне, ки ҳамеша ва то абад ҷилои худро кам намекунад, мондагор хоҳад монд.

Шодиев Р.А.,декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо