ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – ФИРИСТОДАИ ДОНОВУ ТАВОНО

122

Дар таърихи инсоният рухдодҳои зиёде ба амал меоянд, ки ҳар кадом вобаста ба авзои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангӣ аз вижагиҳои худ бархурдоранд. Гуфтан зарур аст, ки дар ба амал омадани ин рухдодҳо нақши инсонҳо, махсусан шахсиятҳои вижаи таърихсоз хеле муҳим ва зарурӣ аст. Ин шахсиятҳо фиристодагоне мебошанд, ки аз лиҳози ақлониву равонӣ ва физикӣ дорои донишу хирад ва зеҳни зоянда бошанд, то битавонанд амнияту бехатарии ояндаи давлату миллати хеш ва пайравони сиёсати худро аз нафарони бадхоҳу бадандеши дохиливу берунӣ ҳифз кунанд. Тавре ки шоири мубориз ва посдори забону адабиёту фарҳанги ниёкони мо Абулқосим Фирдавсӣмефармояд:

Фиристода бояд, ки доно бувад,

Ба гуфтан далеру тавоно бувад.

Чуноне ки медонем даҳаи охири қарни гузашта дар таърихи давлатдории миллати мо таҳаввулоте ба вуҷуд омад, ки метавонист омили пароканда шудани давлату миллат шавад, вале бо сари кор омадани сиёсатмадоре мисли Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва садоқату вафодории пайравону сарсупурдагони сиёсати ӯ, ин пешомад ҷилавгирӣ шуд. Бидуни шак метавон гуфт, ки Пешвои миллат нафари вижае аст, ки Худованд барои миллати мо фиристодааст. Ӯ медонистанд, ки некиву поксириштӣ инсонҳоро ба қуллаи мурод мерасонад ва ҳамеша некӣ бар баъдӣ пирӯз меояд. Маҳзи хотири ин, некӣ кардан ба мардуми худ, махсусан ниёзмандонро кори вижаи худ дониста, дигар мардуми саховатпешаи кишварро ба ин роҳи неку хайр даъват мекунанд.

Тавре ки Фирдавсии суханвар мефармояд:

Ба гетӣ дар он кӯш, чун бигзарӣ,

Саранҷом некӣ бари худ барӣ…

Дар ҳақиқат дуруст аст, ки билохира ҷуз некӣ чизе наметавон бо худ бурду аз худ ёдгор монд, вале ҳамаи инсонҳо ин амалро наметавонанд дар сиришти худ парвариш кунанд.

Пешвои миллат нафаре ҳастанд, ки корномаи нотакрори ӯ барои ҳаммиллатони мо, яъне тоҷикон хеле арзишманд мебошад ва ҳар як тоҷику тоҷикистониро мебояд, ки ин хидматҳову корҳои пурарзиши эшонро ба назар гирифта, ҷонибдори ин сиёсати созанда бошанд ва иҷоза надиҳанд, ки душманони даруниву берунии миллати мо, ба ин сиёсат халале ворид кунанд.

Қосимов Ҷ. С. – дотсент, мудири кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ