Ӯ ҶОНИ МИЛЛАТ АСТ

224

Корномаҳои неки бузургон гувоҳ аст, ки дар ҳама рӯзгорони душвору печида ва лаҳзаҳои сарнавишсози миллат, мардум ба шахсияти бузург ва фарзанди хирадманде ниёз дорад, ки ў бештару беҳтар аз дигарон арзиши таърихиро дармеёбад ва дар бозкушоӣ ва раҳоии душвориҳои мардумон покдилонаву дурусткорона хидмат мекунад.

Хирадманде, ки дар ҳамин давраи нозуку шикананда, аз нобудии миллат, пароканда ва пора-пора гардидани давлат дар паҳнаи корзори таърихи миллати тоҷик пойи неки худро гузошт – ин марди рӯинтан Эмомалӣ Раҳмон буд, ки 16-уми ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар замони барои миллати тоҷик сахту душвор ва сарнавиштсоз баргузор гардида буд, аз сӯйи вакилон ҳамчун раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар соли 1994 дар асоси интихоботи президентӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Ин фарзанди меҳандӯсти миллат ҳанӯз аз сароғози кор ба чораҷӯйӣ ва раҳоии душвориву гирифториҳои муҳимму боарзиши сиёсию иҷтимоӣ, поён гузоштан ба ҷанги таҳмилӣ, баргардонидани гурезаҳо, ба ҳам овардани тамоми бошандагони кишвар, барпову пойдор кардани ҳамбастагӣ ва ягонагии комил дар саросари Тоҷикистон, раҳоӣ бахшидани кишвар аз гирдоби нодорию бечорагӣ, ба даст овардани оштию созиш, пазируфтани давлатдории тоҷикон аз сӯйи ҷомеаи ҷаҳонӣ ва наҷот додани мардум аз гуруснагӣ, беҳтар намудани шароити таълиму тарбия, баланд бардоштани ҳисси худогоҳию хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, арҷгузорӣ аз таъриху фарҳанги ниёгон, дубора зинда кардани ҳунарҳои ойинию бостонии мардумӣ ва шинохти бузургони миллат ормонҳои созандаи хешро омода намуда бо як устуворию нерумандӣ ва мардонагию паҳлавонии нотакрораш баҳри амалӣ кардани онҳо сарсупурдагӣ ва кӯшишу талош кард.

Некбахтона, сарвари донову тавоно муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ дар ҳама бахшҳои иҷтимоӣ, бавижа рушду такомули маориф, фарҳанг, тандурустӣ ва ҳифзу ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои бошандагони кишвар дигаргуниҳои ҷиддӣ роҳандозӣ намояд.

Бо сипосгузорӣ аз меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии ин фарзанди хирадманди миллат бо пешниҳоди вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 15-уми ноябри соли 2016, оид ба ворид намудани илова ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рўзҳои ид» ва дар таърихи 16-уми ноябр ҳамасола ҷашн гирифтани Рўзи Президент қабул гардида, аз соли 2016 инҷониб санаи 16-уми ноябр дар саросари кишвар –Рўзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад.

Сарваре, ки орзуву ормонаш одилона, суханаш ҳакимона ва кору кирдораш хирадмандона аст. Имондорона бояд ба забон оварем, ки хирадманде бо ному нажоди Эмомалӣ Раҳмон ин меҳан, ин миллат ва ин халқу ин забонро бо фарҳанги тамаддунсозаш бо тамоми ҳастӣ дӯст медорад ва бори дигар ҷаҳониёнро аз шукӯҳу шаҳомати тамаддуни бостонии тоҷикон баҳравар кард. Ба сухани шоир Давлат Сафар:

Эй, ҳамватан, биёву муродиф ба ҳам шавем,

Миллат вуҷуди меҳану ӯ ҷони миллат аст.

Шодиев Р.А. – дотсент, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо.

Абдулҳадов Ҷ.З. – дотсент, муовини декан оид ба илм.