АҲАММИЯТИ ТАЪРИХИИ ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛИИ ҶТ

175

Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ки санаи 16-уми ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри бостонии Хуҷанд баргузор гардид, воқеан ҳам дар таърихи давлатдории навини тоҷикон заминагузор ва пойдевори Тоҷикистони соҳибистиқлол гардид. Аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ қабл аз ҳама дар он буд, ки кишвари порагаштаи дар вартаи ҳалокат қарордоштаро аз нав эҳё намуда, роҳбарони тарафҳои даргирро ба ҳам овард ва намояндагони халқро сари мизи мудаввар ҷамъ намуд, то ин ки баҳри ояндаи халқу миллати худ андешаи солимро матраҳ созанд.Аҳаммияти бузурги таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ боз дар он таҷассум мегардад, ки он асоси сулҳу суботи миллӣ ва таҳкимбахши пояҳои давлатдорӣ гардид. Маҳз дар ин Иҷлосияи воқеан ҳам тақдирсоз гуфтушунид бо роҳбарони гурӯҳҳои мухолифин оғоз карда шуд, ки ниҳоят бо имзо шудани Шартномаи истиқрори сулҳ бо сарони Қувваҳои мухолифин дар шаҳри Маскав санаи 27.07.1997 ба анҷом расид, ки барои миллати тоҷик боиси ифтихору сарбаландӣ ва намунаи барҷастаи сулҳофаринӣ ва ваҳдати миллӣ маҳсуб меёбад.

Яке аз арзишҳои муҳимми Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, ин ба арсаи сиёсат ворид намудани фарзанди барӯманди ин сарзамин Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ин сиёсатмадори шуҳратном робитаи қавӣ доранд. Аз лаҳзаҳои аввали сарвари давлат интихоб гардидани ин сиёсатмадори хирадманду дурбин асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар ҷорӣ гардида, пули миллӣ ба муомилот баромад ва шиносномаи миллӣ дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардид. Ҳамзамон дар мамлакат яке аз рукнҳои асосии давлатдории мустақил – Артиши миллӣ ва нерӯҳои сарҳадӣ таъсис ёфт, ки дар натиҷа ҳифзи марзу буми Ватан ва сарҳади давлат таҳти назорати доимӣ қарор дода шуд.Тамоми сокинони кишвари озоду ободи мо имрӯз ифтихор доранд, ки сиву ду сол қабл аз ин нахустин хиштҳои пойдевори истиқлолияти воқеӣ ва давлатдории миллии худро ниҳода, ба шарофати мустақилият соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди нави миллӣ гардидем.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аҳаммияти таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ, руҳияи безаволи истиқлолияту ваҳдати миллӣ дар асарҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пажуҳишҳои илмӣ хеле дақиқу возеҳ баён гардидаанд.

Хушбахтона, бо ҳукми таърих ва замон дарёфтани лаҳзаҳои беназири тақдирсози миллати бузургманиши тоҷик насиби насли хуштолеи имрӯз гардидааст. Муҷиби саодатмандист, ки мо шоҳиди на танҳо ин зуҳуроти таърихӣ ҳастем, балки худ дар бунёди давлати навини тоҷикон ширкат дорем ва имконият дорем, ки саҳми боризи хешро дар роҳи бунёди ҷомеаи мутамаддин гузорем. Пас ҳар як фарди ҷомеаро муҳим аст, ки дар таҳкими арзишҳои Истиқлолияти миллӣ ва Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ собитқадамона заҳмат кашад ва барои пешрафти ҷомеаи ободу осуда саҳми арзандаи хешро гузорад.

Раҷабова М.Т. – доктори илмҳои филологӣ, мудири кафедраи филологияи араби ДМТ