ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ШАРАФУ НОМУС

170

Маъмулан замоне ки сухан аз ҷашну суннатҳои миллӣ ва ё мавзуъҳое, ки ҷанбаи ҳамагонӣ доранд, дар миён меафтад, зеҳни инсонӣ талош меварзад пешинаи шинохту ошноӣ бо матлаби мавриди назарро дар пардаи хеш ҳувайдо созад, дидаҳову донишҳои андӯхтаашро барқарор намояд, то асбобу абзоре барои гуфтану пешниҳод кардан муҳайё гардад.

Намунаи шоҳид барои ин матлаб мавзуи Парчами миллӣ аст, ки баробари ба забон гирифтани он мо ба ёди корнамоии қаҳрамони романи «Вафо»-и нависандаи машҳури тоҷик, шодравон Ф. Ниёзӣ, Дима меафтем.

Дима қаҳрамони хурдсолест, ки дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ байрақи як қисми низомиро, ки афсарону сарбозонаш қаҳрамонона ҳалок мешаванд, гирифта, то замони пирӯз гаштани сарбозони Шуравӣ бар олмониҳо дар ҷойи амне пинҳон месозад. Байрақро пинҳон мекунад, то ба дасти душманон наафтад.

Ҳифзу эмин нигоҳ доштани байрақ ё парчам ба маънии мустақилият, ифтихор, гувоҳи рашодату мардонагӣ ва ҳастӣ аст. То даме ки байрақ ҳаст ҳеҷ кас наметавонад соҳиби онро мурда ё шикастхӯрда, мағлуб бихонад.

Ногуфта намонад, ки бахши марбут ба корномаи Димаи диловар дар барномаҳои таълимӣ ворид шуда ва дар дарсҳои адабиёт омӯхта мешавад. Дар он бахш ташреҳу тафсири зиёде перомуни аҳаммияти ҳифзи байрақ ё нақши он мавҷуд нест, вале наврасон бо хондани ин порчаи адабӣ ба таври нохудогоҳ муҳимму муқаддас будани ҷойгоҳи онро дар конуни ҳастӣ дарк месозанд.

Албатта мавзуи Парчами миллӣ ҳамчун намунае аз муқаддасоти миллӣ ҳамеша дар матни зиндагии мо буда, вале бидуни шак дар замони истиқлол вусъату доманаи бештаре пайдо намудааст.

Беҳуда нест, ки 29 октябри соли 2009 дар ҳамоиши илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Қонуни асосии ҶТ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид, ки 24 ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ин рӯз ба ин минвол ҷашн гирифта шавад.

Бояд таъкид намуд, ки ин пешниҳоди наҷибу нек идомаи сиёсати созандаву бунёдкоронаи давлат ва ҳукумати кишвар буд, ки аз ҳар фарди кишвар эҳсоси баланди хештаншиносиву меҳанпарварӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдориро тақозо менамуд.

Инак муддати зиёдест, ки мо ҷашни Парчами миллиро ҳамасола дар чунин шабу рӯзе таҷлил мекунем. Ҷашни дӯстдоштание, ки яке аз омилҳову заминаҳои рушду камоли ҳувияти миллӣ, дарки худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба равони бузургони миллат, ба забону фарҳанг ва тамҷиди пешинаи фарҳангии миллати куҳанбунёди тоҷик маҳсуб мешавад.

Парчами миллӣ имрӯз як узви фаъоли рӯзгори мост. Ҳузурашро мо дар ҳама ҷо эҳсос мекунем. Нигоҳе ба муҳити перомун андозем,Парчам аст, ки ҷодаву хиёбонҳо, биноҳои маъмурии ҷомеаро зиннат мебахшад, мо тасвири онро дар ашёи рӯзгор, девору даромадгоҳҳои роҳҳои мошингарду оҳан ва ҳавоӣ шоҳид ҳастем.

Меҳру алоқаву бастагии мардум ба Парчам ба андозаест, ки онро дар матоъҳо гулдӯзӣ мекунанд, дар либосҳои варзишӣ, галстукҳо тасвир месозанд.Ҷавонони тоҷик, хосатан варзишгарон ва намояндагони дигар риштаҳои иҷтимоӣ зимни пирӯзӣ дар мусобиқаву ҳамоишҳои илмӣ бо алвонҷ додани Парчами миллӣ аз ғолибияту ифтихор, сарбаландии хеш паём медиҳанд.

Дар тули замон перомуни парчаму парчамдорӣ, таърихи зуҳури парчам, маводу мақолоти пуршуморе ба чоп расида, ки мо аз тафсири онҳо сарфи назар мекунем. Танҳо ба таври иҷмолӣ ба бархе аз сурудаҳои шоирони тоҷик дар ситоиши Парчам назар меандозем. Зеро сурудаи шоир танҳо адои қарзи шаҳрвандии вай нест. Як шеъри ситоишӣ қодир аст дар зеҳни насли ҷавон хеле амиқу густурда тухми эҳтирому дӯстдориро нисбат ба ин рукни муқаддас биншонад. Нақши ашъори ситоишӣ дар бораи Парчам дар тарбияти ватандӯстӣ, шинохти таъриху фарҳанг аз ҷониби насли тозанафас бисёр чашмгир аст.

Шоири маҳбуб Муҳаммад Ғоиб дар шеъри «Парчам»,Парчамро нишони ватандорӣ, шаъну шукӯҳи забон, заминаи қудрату неруи лашкари кишвар медонад:

Як нишони Ватан Парчам аст,

Шаъну шони Ватан Парчам аст,

Қудрати лашкар аз Парчам аст,

Шавкати кишвар аз Парчам аст.

Дар банди баъдӣ адиб хеле шоирона таъкид менамояд, ки Парчам дар зиндагии инсонҳо, дар мусофираташон ба сифати роҳнамо буда, ҳангоми зафар ифтихору пайки ғолибият аст:

Роҳнамо дар сафар Парчам аст,

Пайки рӯзи сафар Парчам аст,

Боли парвозҳо парчам аст,

Фахри сарбозҳо Парчам аст.

Давлат Сафар дар ғазали зебои «Ливои мо» зимни бозтобу тасвири вусъати меҳру иродати мардум ба ин рукни зиндагисози миллӣ таъкид мекунад, ки вуҷуди ливо дар бому дари мо нишонаи дурахшиши бахту нури ифтихори дили мост. Ин ки зимни истиқболу пешвозгирии дӯстону меҳмонон мо ливоро баланд мекунем ин гувоҳи салому дуруди мо аст.

Ҷилои бахту нури ифтихори мо,

Бувад ба рӯи боми мо, ливои мо.

Ба пешвозу эҳтироми дӯстон,

Шаҳодати саломи мо, ливои мо.

Миёни ашъори ситоишӣ дар махсусан сурудаи шоири номвар Озар ҷалби таваҷҷуҳ мекунад. Озар бо ёдовар шудан аз Коваи оҳангар, ки ба таърихи зуҳури парчамдорӣ бастагӣ дорад. Парчами миллиро гувоҳи эътиқоду боварӣ медонад. Аз дидгоҳи ӯ Парчами миллӣ минбари баланду бошукуҳест, ки дар миёни ҳазорон-ҳазор мардуму ҳазорон парчам асли тоҷикро ба маърази тамошо мегузорад:

Диравши Коваи оҳангарӣ, эй Парчами миллӣ,

Намои эътиқоду боварӣ, эй Парчами миллӣ.

Намоёни миёни садҳазорон рамзи дунёӣ,

Шукӯҳи асли моро минбарӣ, эй Парчами миллӣ.

Тамошои Парчам дар ниҳоди инсон шуҷоату мардонагӣ, ифтихору ғурур меофаринад. Парчаме, ки ҷунбишу дурахшишаш зояндаи шодиву нишот, эҳсоси хушоянду баланди ватандорӣ аст.

Аминов Ҷ.Ҳ.- асситенти кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ