ДИРАФШИ ФАТҲУ ИРШОДИ ТОҶИК ТО АБАД ПАРАФШОН БОД!

108

Миллати тоҷик аз даврони қадим дорои парчамимиллии хеш буда, фарҳанги парчамдорӣ чун нишона ва баёнгари рамзи муттаҳидӣ ва ҳамраъйӣ вуҷуд дошта буд. Дар замони соҳибистиқлолӣ низҷилваи он бар боми кишвар парафшон асту ҳастии он мардумро ба сӯи зафар ва ягонагӣ ҳидоят менамояд. Парчами миллӣ ҳамчун рамзи миллӣ ва соҳибдавлатӣ бидуни шакку шубҳа ифодагари озодиимиллӣ ва баёнгари соҳибихтиёрии давлат маҳсуб гардида дар омил ва заминаи ҳуқуқӣ, фарҳангӣ ва сиёсию иҷтимоӣ ҷиҳати баланд бардоштани ҳис ва ифтихори миллӣ нақш ва ҷойгоҳи сазовори худро дорад.

Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон миллати куҳанбунёди тоҷик дигарбора соҳиби давлати озоду соҳибихтиёр гардид, ки ин марҳилаи бунёди давлати миллӣ ба шумор меравад. Меваҳоиширини Истиқлолияти давлатӣ буд, ки кишвар соҳиби Парчами миллӣ – яъне таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ гардид.

Парчами миллӣ ифтихору садоқат ва муттаҳидии миллати мост. Зеропас аз ҳазорсолаҳо боз дурухши он зери парафшонии худ миллати тоҷикро ҷамъ овард, ки натиҷаи ҷонбозиҳо ва заҳмати басо сангину азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи миллати тоҷик мебошад. Ифодаи “ҷоннисориҳои мардум ба хотири ҳифзи марзу бум” дар ранги сурх маҳз ана ҳамон дарваҳои таърхӣ аст, ки миллати мо онро бо рамзи зафар ва қудрату тавонмандии давлату миллат ҷой додааст. Фидокорию ҷоннисориҳои фарзандони шуҷоу далери миллати тоҷик дар ин ранг таҷассум ёфтаанд.

Нишона аз давлатдорӣ ва соҳибтамаддунии миллати тоҷик дар рӯйи ранги сафед, бо тоҷ ва дар болои он ҳафт ситораро тасвир гардидааст. Бояд тазакур дод, ки ранги сафед-ифодагари сулҳу осоиштагӣ ва дӯстию бародари мебошад, ки фарҳанг ва тавонмандии миллати тоҷик аз давлатдории онҳоро инъикос менамояд. Миллати тоҷик дар таърихи мавҷудияти худ бо тамоми халқу миллатҳо муносибати сулҳҷӯёна барпо намуда, имрӯз низ баҳри ҳифзи кишварҳои минтақа талош меварзад. Таъмини сиёсати сулҳҷӯёна яке аз ҳадафҳои асосии давлат ва ҳукумат ба шумор рафта мардуми тоҷик пайваста ҷиҳати таҳкими ваҳдату ҳамбастагӣ талош меварзанд.

Пешрафту инкишоф, сарсабзию хуррамии кишвар ва неъмату фаровонӣ дар ҳар хонадони тоҷик дар ранги сабз ифода ёфтааст. Яъне зиндагии мардум осоишта, роҳи он сафед ва Тоҷикистони азизамон сол ба сол сарсабзу хуррам гардида ва миллати сулҳпарвари тоҷик аз як гиребон сар бароварда, ҳамеша роҳи ободиву хуррамии кишвар кӯшиш карда, дар зери Парчами парафшони ватанамон муттаҳид бошем.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар аввалин табрикоташон дар Рӯзи Парчами давлатӣзикр карда буданд, ки “…Парчами давлатӣ ҳар фарди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ, ҳифзи дастовардҳои он ва пеш аз ҳама, ваҳдати миллӣ ва саъю талоши пайваста ба хотири ободии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят намуда, ҳангоми маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳамчун рамзи шоистаи ватандории тоҷикон барафрошта мешавад.” [Аз Табрикоти телевизионии Пешвои миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ. 23.11.2009].

Боиси ифтихору сарбаландист, ки ки имрӯз ҷиҳати арҷгузоштан ва эҳтироми хоса нисбати муқаддасоти миллат — Парчами миллӣ дар пойтахти кишвари азизамон дар маркази шаҳри Душанбе назди Қасри Миллат ва Осорхонаи миллӣ, баландтарин поя бо баландии 165 метр, дарозии 60 метр ва паҳноии 30 метр барафрохта шуд.

Ҳамчунин боиси хушнудист, ки имрӯз ягон корхонаву муассиса, идораҳои давлатӣ, маъмурӣ, ҳуҷраҳои корӣ, майдонҳои варзишӣ, мактабу таълимгоҳҳое нест, ки онҷо Парчами миллӣ парафшон набошад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки бо шарофату заҳматҳои фарзанди фарзонаи миллат, обурую шаҳомати шинохти миллати тоҷик Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми созмонҳои бонуфузи олам Парчами давлатӣ – ҳамчун рамзи давлат ва давлатдории тоҷикон барафрохта мешавад.

Бигзор ҳамеша Парчами миллӣ чун пораи ҷисму ҷони миллати мо бо ҷилвааш парафшон бимонад!

РӮЗИ ПАРЧАМИ ТОҶИКИСТОН МУБОРАК!

Мубирхони Мӯминпур,унвонҷӯи соли авваликафедраи филологияи Ҳинди ДМТ