ПАРЧАМИ МИЛЛӢ- НИШОН АЗ ЯКПОРЧАГИИ МИЛЛӢ

272

Таърихи пайдоиши парчам ҳамчун рамзи миллӣ ва давлатдорӣ ба давраҳои бостонии таърих рафта мерасад. Махсусан, дар хаёти мардуми Эронзамин пайдоиши парчам ба замонҳои хеле қадим мансуб мебошад. Масалан, дар заминаи ҷустуҷӯҳои бостоншиносон дар шарқи қадимаи Эрон ливои хурди филизиеро пайдо намуданд, ки таърихи он ба ҳазораи 3-и пеш аз милод рост меояд. Ин бозёфт, ки дар он расми шер ва тулӯи офтоб акс ёфтааст, яке аз қадимтарин ливо дар таърихи башарӣ ҳисобида мешавад. Дарвоқеъ, то замони бавуҷудоии парчам дар шакли имрӯзааш, дар оғоз ливо ҳамчун рамз ё нишонаи даъват ба муттаҳидӣ ва мубориза истифода мешуд. Вале он на дар шакли ҳозирааш, ки аз матоъ ва аломатҳои тасвиршуда таркиб ёфтааст, иборат буд, балки ашёи гуногунро дар бар гирифта, муносибати одамонро ба ин ва ё он ҷамъият, масалан ба қабила, қушун, равияҳои динӣ ва ғайра ифода мекард. Ливо дар шаклҳои мухталиф зоҳир мешуд: мағзи сари пешвои тавоно, ки дар чӯби дароз насб шудааст, чӯбе, ки дар он пӯсти ҳайвони ваҳшӣ насб шудааст, чӯбдаст бо шохаҳои гуногуне, ки дар он ашёҳои гуногун овезон шудааст ё ин ки тумор, тасвири «Худо»-ҳо, руҳҳо ва ғайра.

Ҳанӯз дар гузашта рушди рамзҳои ливо ва такмилёбии унсурҳои он ба тақвиятёбии корҳои ҷангӣ мусоидат менамуданд. Ливо чун қоида, дар муборизаҳо маркази лашкар ва ё макони ҷойгиршавии пешвои ҷангро ифода мекард. Ба даст даровардани ливои душман одатан рақибро аз лиҳози маънавӣ шикаст медод, зеро аз даст рафтани ливо ифодагари он буд, ки пешво мурдааст ва ё ӯ асир гирифта шудааст. Ҳамчунин, ливо нақши даркнамоиро иҷро мекард: ҳангоми ҷанг аз руйи он ҷанговарон ё муттаҳид мешуданд ва ё ақибнишинӣ мекарданд. Ба даст овардани ливо чун одат маънои ғалаба аз болои рақибро дошт. Ҷиҳати мазкур, яъне тақдирсоз будани ливо бо мурури замон онро ба як унсури муқаддасе табдил дод, ки эҳтиром ва эҳтиёташ хислати ҳатмӣ гирифт. Бо мурури замон ливо тағйир ёфта, шакли ягона ва муқарраршударо ба худ гирифт. Ба он акнун тасма ва ё пораи латтаро насб мекардагӣ шуданд. Илова шудани матоъ ба ин рамзи қадима ба ҷихати дигаре хусусияти ҳатмӣ бахшид: акнун он бояд ҳатман дар ҳаво алвонҷ мехӯрд ва ин хусусиятро танҳо матоъ метавонист дошта бошад. Тибқи сарчашмаҳои таърихӣ аввалин ливои матоӣ (то ин вақт пӯстӣ, пашминадор, филизӣ ва ғайра истифода мешуданд) дар Чин ба вуҷуд омад. Ба эҳтимоли ғолиб ин ба он вобаста буд, ки Чин маркази истеҳсоли масолеҳи абрешимие ба шумор мерафт, ки ба тамоми ҷаҳон содирот мешуд.

Ҳамин тавр, дастрасии давлатҳо ба ашёи хом ва фарҳанги ғаноманди чинӣ- ғояи ташаккули ливоро ба қуллаи ниҳоӣ оварда расонид. Ливо акнун матоеро ташкил медод, ки ба чӯб насб шуда, бо рамзҳо ва аломатҳои гуногун ороиш меёфт. Матоъро ё аз тасмаҳои рангаи мухталиф омода мекарданд ва ё онро ранг мекарданд. Ҳар як ливо ба рамзе табдил меёфт, ки назири худро надошт ва дар худ мафҳуми хоссеро ифода мекард. Дар «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ дар ҷое ливо дар шакли чарминаи муқаррарӣ (Дирафши Ковиён) ва дар ҷои дигар дар шакли чарминае, ки дар он сурати гавазн акс ёфтааст (Дирафши Сиёвуш), зикр мешавад. Мутаассифона, оид ба он, ки дирафш чи гуна ранг, таркиб ва андоза дошт, дар «Шоҳнома» маълумот дода нашудааст.

Дар Аврупо чунин ливоҳо каме баъдтар ба вуҷуд омаданд ва ба якчанд намудҳо ҷудо шуданд, яъне ливои давлатӣ, ҳарбӣ, динӣ ва ғайра. Ливои давлатӣ барои ҳама умумӣ маҳсуб ёфта, аз рамзи ҳокимияти давлатӣ иборат буд. Баъзан дар он маълумот оид ба роҳбари давлат низ дарҷ карда мешуд. Ливои ҳарбӣ бошад, хос барои ҳар як воҳиди ҳарбӣ буда, дар он рамз ва номи ҷузъу томҳо инъикос меёфт. Зарурат ба чунин ливо дар ҳолате ба вуҷуд меомад, ки сарҳади давлатӣ ва ё майдони ҳарб васеъ мешуд.

Муфид будани истифодаи ливо низ ба он вобаста буд, ки ҳангоми муҳориба сарлашкар метавонист дар куҷо қарор доштан ва ба кадом самт ҳаракат кардани ҷузъу томро наззора намояд. Аз тарафи дигар, васеъшавии сарҳади давлатӣ талаботро барои ташкили қушуни сершумор ва доимӣ ба вучуд оварда буд, ки ҳимояи сарҳади давлатӣ бе он имконнопазир мегардид. Ливои динӣ дар маросимҳо ва ҳам дар корҳои ҳарбӣ истифода мешуд.

Мисоли ин дар юришҳои салибӣ зоҳир мешавад. Ритсарҳо баҳри забти Байтулмуқаддас таҳти ливои калисои католикӣ ва ливои давлатҳо ва князигариҳо ҳамла оварданд. Бояд зикр намуд, ки амалиёти ҳарбӣ байни давлатхо на танҳо дар хушкӣ, балки дар баҳрхо низ рушд карданд ва воситаи асосии ҳаракати қушунҳои баҳрӣ қаиқҳои бодбондор ба ҳисоб мерафтанд. Истифодабарии ливо, ки он барои дар даст гирифтан пешбинӣ мешуд, акнун дар дохили ин қаиқҳо номувофиқ ба шумор мерафт. Илова бар ин, дар натиҷаи ҷунбиш ва ё ҳаракати зиёди дастони сарбозон ливо дар тӯли ду – се ҳафта корношоям шуда, зарурати сохтани ливои нав ба вуҷуд меомад. Ҳолати мазкур кӯшиши истифодаи ливоро дар тарзи нисбатан мувофиқ ба миён овард. Ин кӯшишҳо бошанд, аввалин маротиба дар таърих фаҳми парчамро ба вуҷуд оварданд.

Парчам асосан аз ҷониби флотҳои баҳрӣ барои аз масофаи дур дидани киштиҳо сохта шуда, дар нуқтаи аз ҳама баланди сутуни киштӣ насб мешуд ва андозаи хеле калон дошт. Метавон гуфт, ки парчам фарзанд ва ё тавлидшудаи ливо аст. Парчам вобаста ба он ки чи «хизмат»-ро адо мекунад, метавонист андозаи куллан гуногун дошта бошад. Яъне он акнун андозаи васеъ дошта, дар нуқтаи баланд насб карда мешуд. Бар замми ин, ҷуз вазифаи даркнамоӣ ва ҷудокунӣ, парчам акнун барои ифодаи мавқеи сиёсӣ, варзишӣ ва шахсӣ истифода мешуд. Дар парчам метавонист ҳадафҳои инқилобӣ (соли 1789 дар Фаронса), созандагӣ ва рушд (досу болға дар парчами давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ) ва сохторию идеологӣ инъикос шавад. Ба ҷуз ҳамчун рамзи давлатӣ, динӣ ва ҳарбӣ истифодаи парчам ба сифати рамзи миллӣ, тиҷоратӣ (фирмавӣ), чун рамзи ифодакунандаи муносибат ба ин ё он ташкилот: маҳалгароӣ, гурӯҳи варзишӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва инчунин ба сифати рамзи муборизаи халқҳо барои истиқлолияти миллӣ маъмул гардид.

Дар таърихи тоҷикон «Дирафши Ковиён» мақоми махсус дорад. “Дирафши Ковиён» дар рафти шӯриши эрониён, ки бар зидди Заҳҳок нигаронида шуда буд, тавлид шудааст. Шӯришро Коваи Оҳангар сардорӣ намуда, таҳти дирафше, ки онро аз миёнбанди чарминаи худ сохта буд, идора менамуд. Таҳти ин парчам Фаридун хамчун меросбари қонунии шоҳони Пешдодӣ ба тахт оварда шуд, то зулмро барканор ва адолатро пойдор кунад. Дар пайгирӣ аз ин ҳадаф Кова тавонист Фаридунро барои соҳиб шудан ба тахт раҳнамоӣ созад. Фаридун чун ба тахт нишаст, «Дирафши Ковиён»- ро муқаддас шуморид ва онро бо тилло оро дод. Илова бар ин, дар чор кунҷи он акси ситораро гузошт. Чор ситораи дурахшон ливои мазкурро номи дигар бахшид ва он «Ахтари Ковиён» номгузорӣ карда шуд. «Дирафши Ковиён» чун анъана ва рамзи асосии давлатдорӣ ба наслҳои минбаъдаи шоҳони эронӣ интиқол ёфта, то замони Сосониён (224 – 651 ) аҳаммияти худро ҳифз намуд. Бояд зикр намуд, ки «Дирафши Ковиён» то замони мо аҳаммияти таърихии худро ҳифз карда омадааст ва он дар маркази Ливои Президенти Чумхурии Тоҷикистон дарҷ ёфтааст, ки рамзи абадӣ, бардавомии таърихии давлатдории миллии тоҷикон мебошад.

Парчами Точикистон 14 октябри соли 1924 дар Ҷумхурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таъсис ёфт ва бо қарори Президиуми кумитаи марказии иҷроияи он аз 23 феврали соли 1924 парчами давлатӣ қабул карда шуд, ки аз матои сурх иборат буда, дар кунҷи он нишони давлатӣ бо навиштаҷоти «Пролетариатҳои ҳамаи давлатҳо як шавед» акс ёфта буд. 16 октябри соли 1924 Ҷумхурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ба Ҷумхурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон табдил ёфт ва 5 декабри соли 1929 бевосита ба ҳайати ИҶШС шомил карда шуд. Моҳи апрели ҳамон сол парчам дар таҳрири нав қабул шуд. Баъди қабули парчам аз соли 1929 то соли соли 1953 ба он ҳафт маротиба таҳрир ворид карда шуд ва аз соли 1953 бе таҳрир то соли 1991 арзи вуҷуд кард. Ҷумхурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 Истиқлолияти давлатии худро эълон намуд ва баъди панҷ моҳ ҳамчун ҷумхурии мустақил узви комилҳуқуқи СММ гардид. Узвият ба СММ дар ҳоле сурат гирифт, ки парчами нави ҷумҳурӣ таҳия ва тасдиқи худро наёфта буд. Вақте маросими ботантанаи узвият ба СММ 2 марти соли 1992 бо бардоштани парчами кишварҳои Озарбойҷон, Арманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдавия, Сан-Марино, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон дар бинои созмон оғоз шуд, барои Қазоқистон, Қирғизистон Тоҷикистон, Туркманистон бо далели қабул нашудани парчами нав, парчами ҶШС Қазоқистон, ҶШС Қирғизистон, ҶШС Тоҷикистон бардошта шуд. То санаи қабули нишон ва парчами давлатӣ чанд моҳ қабл озмун эълон карда шуд, ки он ба таври пӯшида ҷараён меёфт. Дар озмун зиёда аз 200 лоиҳа пешкаш карда шуд, ки ҳар як лоиҳаро комиссияи махсус таҳти роҳбарии академик Муҳамммад Осимӣ мавриди омӯзиш ва хулосабарорӣ қарор медод. Ҳамаи барандагони озмуни беҳтарин парчами миллӣ матои серангаро (матоъ бо се тасмаи рангаро) пешниход намуданд, ки ҳар як ранг ифодакунандаи муҳтавои таърихи гузашта ва имрӯзаи халқи тоҷик буд. Яъне ранги сурх – озодӣ ва ҷоннисории фарзандони халқро баҳри ҳифзи марзу буми кишвар, сафед – оромӣ , сабз – ободӣ ва сарсабзии кишвару миллатро бозгӯ мекард. Ҳамин тавр, комиссия кори худро бо интихоби лоиҳаи парчам ва нишони давлатие, ки аз ҷониби Ҳабибуллаев З., Заневский А., Додхудоева Л., Игнатушина Н ва Сайдалиев М пешниҳод шуда буд, нуқта гузошт. Авҷ гирифтани ҷанги шаҳрвандӣ ба таҳия ва қабули рамзҳои нави давлатӣ монеа эҷод кард ва танҳо санаи 24 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоб дар Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Чумхурии Тоҷикистон -Нишон ва Парчами нави давлатӣ қабул гардид. Дар Иҷлосия “Қарор оид ба Парчами Ҷумхурии Тоҷикистон» ва “Қарор оид ба Нишони Ҷумхурии Тоҷикистон» қабул гардид, ки дар асоси он ба моддаи 169 ва170 Конститутсияи Ҷумхурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуд. Мувофиқи он «Парчами давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад». Ба ин ҷиҳат бояд арҷ гузошт, ки бори аввал дар тӯли зиёда аз 70 соли мавҷудияти Тоҷикистон ҳамчун ҷумҳурӣ, бори аввал парчами ин кишвар ҳамчун рамзи истиқлолияти давлатӣ тавзеҳ дода мешавад ва ё аввалин маротиба калимаи «Истиқлолият» дар тафсир ва ё шарҳи парчам ворид шуд. То ин дам парчамҳои қаблӣ танҳо рамзи фарқкунадагии давлатиро иҷро мекарданд, ки Тоҷикистонро ҳамчун ҷумҳурии тобеъ аз 14 ҷумҳурии дигари Иттифоқ дар фарқият қарор медод. Парчами нав бошад, акнун Тоҷикистонро на чун давлати тобеъ, балки ҳамчун ҷумҳурии мустақил миёни зиёда аз 200 давлати дунё дар тафовут қарор медод. Бо парчами нави давлатӣ орзуҳои нав ва интизориҳои халқи тоҷик ба миён омад. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандӣ интизориҳои тоҷикистониёнро як муддат зери шубҳа бурд, аммо он дурудароз давом накард ва баъди истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ умеди мардум ба давлат ва эътиқоди онҳо ба ояндаи созанда дучанд зиёд гардид. Моҳи сентябри соли 2011 ба муносибати 20 солагии Истиқлолияти давлатӣ баландатарин парчам дар ҷаҳон (165 м) бунёд шуд, ки он ба китоби Рекордхои Гиннес ворид карда шуд. Дар чунин шакл ва андоза бунёди парчам ифодаи ғурури сатҳи давлатдорӣ ва ё худнамоӣ набуда, он ифодаи давлатдории қадимии халқи тоҷик мебошад, ки ба ҳар як метри он як давраи таърихии нашъунамои миллию сиёсии тоҷикон рост меояд. Қуллаи парчам қуллаи баланди ташкили давлатдорӣ ва ё давлатдории мустақил мебошад, ки онро тоҷикон ба баҳои талафоти беназири моддию маънавӣ дар тӯли таърих ба даст овардаанд.

Саидзода Собирҷон, донишҷӯйи факултети забонҳои Осиё ва Аврупо