ПАРЧАМИ МИЛЛӢ – РАМЗИ ИСТИҚЛОЛУ ДАВЛАТДОРӢ

126

Парчам нишонаи ҳар як давлати мустақилу соҳибихтиёр буда, яке аз муқаддасоти миллӣ ба шумор меравад. Миллати тоҷик аз миллатҳоест, ки доштани парчами давлатиро ба ҷаҳониён омӯхтааст. Ин матои муқаддас волотарин арзишҳои миллиро дар худ инъикос намудааст.

Парчами давлатӣ баёнгари оромӣ, сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва якпорчагии ватани азизи мо Тоҷикистон аст. Чунончӣ, дар “Шоҳнома” – и Фирдавсӣ гуфта мешавад, Коваи оҳангар аз зулму истибдоди Заҳҳок ба танг омада, ба зидди ӯ қиём мекунад. Чунончӣ:

Баъди марги Коваву ҳаждаҳ писар,

Парчаме афрохтан осон набуд…

Дар ҳамин вақт ӯ пешдомани чармини худро бар найза баст ва мардумро барои раҳоӣ аз зулми Заҳҳок ба сӯйи худ хонд. Ин ҷунбиши халқӣ ғалаба кард ва некӣ бар бадӣ пирӯз гашт.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дарозои таърих дар ҳайати давлатҳои милливу аҷнабӣ дорои парчамҳои гуногун будааст. Дар давраи Шӯравӣ Тоҷикистон дорои парчамҳои гуногун буд. Баъд аз Истиқлол ба даст овардани кишвари азизамон, дар қатори дигар муқаддасоти миллӣ доштани парчами давлатӣ низ барои давлати соҳибистиқлолу соҳибихтиёр заруру ҳатмӣ ба шумор мерафт. Бо ин мақсад дар таърихи 24 ноябри соли 1992 Парчами давлатии Тоҷикистон аз тарафи Шурои Олии Тоҷикистон қабул гардид. Дар моҳи сентябри 2011 бахшида ба 20 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатӣ дар пояи 165 метр, худи матоъ бо 60 метр дарозӣ, 30 метр паҳно дар маркази шаҳри Душанбе афрохта шуд, ки дар ҳоли ҳозир яке аз ду парчами баландтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад.

Имсол аз қабули Парчами давлатӣ 31 сол мегузарад. Рӯзи Парчам ба тамоми ватандӯстон, меҳанпарастон ва кулли мардуми шарифи Тоҷикистон муборак бошад.

Абдурофеъ Гадоев – донишҷӯи соли сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон.