ТАДБИҚИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН “ДАР БОРАИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМ” ДАР ДМТ

257

Имрӯз 06.12.2023 дар толори Ш.Ҳусейнзода бо мақсади дар амалия тадбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тибқи нақшачорабинии раёсати донишгоҳ бо ибтикори садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо ҷаласаи васеи комиссияи ҷаъмиятии танзими анъана ва ҷашну маросим баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур сухангӯи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Афшин Муқим, намояндаи Кумитаи дин, раиси Шӯрои кураторони донишгоҳ Ашуров Илҳомуддин, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Рустамхон Шодиев ва донишҷӯёну аъзоёни комиссияи ҷаъмиятии танзими анъана ва ҷашну маросими факултети мазкур иштирок намуданд. Зимни баромади хеш масъулин вобаста ба амалишавии қонуни мазкур андешаҳои худро иброз доштанд.