ДАРСИ ОЛИМИ ЧИНӢ ЙЕ ҶУН

137

Имрӯзҳо дар доираи ҳамкориҳо олимони Ҷумҳурии Мардумии Чин ҷиҳати баргузор намудани курсҳои такмили ихтисос ба Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди ДМТ ташриф овардаанд. Йе Ҷун аз ҷумлаи олимони чинӣ мебошад, ки дар баробари иштирок дар курсҳои омӯзишӣ, инчунин, бо донишҷӯён дарсҳои судманд ташкил намудааст. Имрӯз донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо дар дарси Йе Ҷун, ки дар пояи Донишкадаи Конфутсий баргузор гардид, иштирок намуданд.

Ёдрас мешавем, ки Йе Ҷун дар сохторҳои мухталифи чинӣ фаъолият намудааст ва менамояд: профессор ва мудири шуъбаи докторантураи Донишгоҳи омӯзгории Шарқии Чин (Хуадон), муовини директори Донишкадаи байналмилалии забони чинӣ ва фарҳанг, муовини директори Маркази тадқиқоти глобалии рушди забони чинӣ дар комиссияи миллии забонҳо, Узви кумитаи роҳбарикунандаи миллии таҳсилоти баъдидипломӣ дар соҳаи таҳсилоти байналмилалии Чин, Дабири кулли Кумитаи касбии баланд бардоштани ихтисоси омӯзгорони ҷамъияти умумиҷаҳонии омӯзгорони забони чинӣ…

Ӯ асосан бо забондонӣ ва забоншиносии амалӣ, таҳсилоти байналмилалии чинӣ, тадқиқот дар соҳаи фонология ва грамматикаи чинӣ машғул аст. Доктори фахрии Донишгоҳи Корнелл, Донишгоҳи Уэллсли ва Донишгоҳи Вирҷиния мебошад.