ТАҶЛИЛИ РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЗАБОНИ ҲИНДӢ

171

Имрӯз (03.02.2024) бо ибтикори кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ маҳфили илмӣ-фарҳангӣ бахшида ба “Рӯзи байналмилалии забони ҳиндӣ” баргузор гардид, ки дар он устодони кафедра ва донишҷӯён ширкат варзиданд.

Нишаст бо сухани муқаддимавии декани факултет, дотсент Сайдализода Шодмон оғоз ёфт.

Сипас устоди Донишгоҳи Алигарҳи Ҷумҳурии Ҳиндустон Муштоқ Садаф, ки наздики ду сол мешавад дар кафедраи филология Ҳинд ба донишҷӯён забону адабиёти Ҳиндро меомӯзонад, перомуни баргузории “Рӯзи байналмилалии забони ҳиндӣ” андешаҳои хешро баён доштанд.

Баъдан маърӯзаи профессори кафедраи филологияи Ҳинд, Раҷабов Ҳабибулло ва мудири кафедраи филологияи Ҳинд, дотсент Қурбонов Ҳайдар низ шунида шуд.

Дар поёни чорабинӣ донишҷӯён бо як маҳорати балад ба забони ҳиндӣ шеър хонданд.