МАҚОМИ ЗАНОН ДАР ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ

270

(Дар партави Паём)

Дар даврони Истиқлолият дар Тоҷикистони соҳибистиқлол нуфузу мақоми занон дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар тамоми сохторҳои давлатӣ ва муассисаҳои мухталифи кишвар ҷойгоҳи хосси худро пайдо намуданд. Қобили тазаккур аст, ки маҳз ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни таваҷҷуҳ ба фаъолияти ҷамъиятию соҳавии бонувон бештар гардид. Қабул гардидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» аз зумраи он санадҳои муҳимтарине маҳсуб мешавад, ки дар таърихи давлатдории муосири мавқеи вижаро соҳиб гардидааст. Дар робита ба ин, фаъолияти густардаи занон ба сифати аъзои Ҳукумат, роҳбарони мақомоти назди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо, олимону донишмандони номвари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, соҳибкорони муваффақ шаҳодати боризи он аст, ки воқеан ҳам ин фармони сарнавиштсоз самараҳои нек ба бор меоварад.

Лозим ба ёдоварист, ки сатҳи маърифатнокии ҷомеа ва нуфузу эътибори он дар муносибат ба зан ва модар таъйин карда мешавад, зеро дар паси ҳар марди муваффақ зану модаре меистад ва мардони бузургро модарони матиниродаву соҳибмаърифат ба дунё меоранду ба камол мерасонанд. Хушбахтона, Ҳукумати Тоҷикистон ҳанӯз аз оғози давлатдории навин перомуни таҳким бахшидан ба мақому манзалат ва таъмини риояи ҳуқуқи конститутсионии занон тамоми тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намуда, онҳоро мутобиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ амалӣ мегардонад. Қобили таваҷҷуҳ аст, ки дар давраи Истиқлолият бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон, аз ҷумлаи занону духтарони лаёқатманд тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда як силсила асноди зарурӣ қабул гардидаву дар амал татбиқ карда мешаванд. Ҳадафи асосӣ аз қабули ин санадҳо, пеш аз ҳама, арҷгузорӣ ба ҳуқуқу озодиҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, муайян намудани нақши ӯ дар ҳаёти сиёсӣ ва иқтисодию иҷтимоии мамлакат, фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти занону духтарон маҳсуб меёбад. Чунин ғамхориҳои Ҳукумати Тоҷикистон солҳои охир самараи пурбор оварда, имрӯзҳо теъдоди занони мутахассису соҳибтаҷриба дар зинаҳои гуногуни ҳокимияти давлатӣ, Мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти судиву иҷроия ва тамоми сохтору дастгоҳҳои давлатию ҷамъиятӣ торафт афзоиш меёбанд.

Ҳамасола дар Паёмҳои Пешвои миллат манзалати зан-модар баланд арзёбӣ гардида, беҳтар намудани савияи донишу маърифатнокии онҳо пайваста таъкид карда мешавад. Андешаҳои мазкур дар дар Паёми Пешвои миллат дар соли 2022 таҷассуми барҷаста пайдо намудааст, ки гуфтаанд: «Мо ба нақши зан-модар, ки мавҷуди муқаддас мебошад, ҳамеша арҷ мегузорем, чунки ӯ насли инсонро ба вуҷуд меоварад, тарбия мекунад ва ба камол мерасонад».

Дар робита ба ин, дар Паёми соли ҷорӣ низ Пешвои миллат ҷойгоҳи занону бонувонро дар рушду нумуи ҷомеаи давр баланд арзёбӣ намуда, аз ҷумла чунин таъкид намудаанд: «Нақши занону бонувон дар пойдории сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои милливу фарҳангӣ, дар ниҳоди фарзандон тарбия намудани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, инсондӯстиву масъулиятшиносӣ, инчунин, пешгирӣ кардани омилҳои номатлуби иҷтимоӣ муассир аст».

Гузашта аз ин, Пешвои миллат изҳори боварӣ намуданд, ки «занон ва модарону бонувону духтарони арҷманди мо минбаъд низ дар риояи муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ба ҳаёти мустақилона омода намудани фарзандон, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва беҳтар гардидани зиндагии ҳар як оилаи мамлакат нақши арзишманди худро мегузоранд».

Гуфтаҳои боло далели возеҳи онанд, ки ҳамасола Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри баланд бардоштани мақому манзалати занон, ҷиҳати фаъолияти босамари онҳо дар арсаҳои мухталифи ҷомеаи кишвар ва ширкати густурдаи онҳо дар пешрафти ҷомеа тадбирҳои амалӣ ва саривақтӣ меандешанд, зеро занон ва модарони мо воқеан нерӯи тавонои ақлонӣ, фарҳангӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ ба шумор мераванд.

Дар маҷмуъ, дар даврони соҳибистиқлолӣ ба шарофати ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат заминаҳои ҳуқуқии маънавии ҳифз ва таҳкими оила ҳамчун арзиши муҳимтарини иҷтимоӣ такмил ёфта, моҳияти ҳақиқии оилаи суннатии тоҷик ҳамчун рукни муқаддасу арзишманд эътироф гардид. Ин ҳама дастгириву ғамхориҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат дар канори мардони бонангу номуси Ватан занону модаронро низ водор месозад, ки дар марҳалаи кунунии давлатсозию давлатдорӣ мавқеи фаъол ва устувори шаҳрвандиро интихоб намуда, содиқона дар амалӣ сохтани ҳадафҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ саҳми сазовори худро гузоранд.

Раҷабова М.Т. – д.и.ф., дотсент, мудири кафедраи филологияи араби ДМТ