ВОЛОТАРИН НЕЪМАТИ ҲАЁТ

138

Ҳамаи мавҷудоти оламро табиат офаридааст, ҳамчунин офарандаи дигаре дар гетӣ бо меҳру муҳаббат, самимият, инсонсозӣ ва дигар хусусиятҳои баланди одамият арзи ҳастӣ дорад, бо номи модар.

Модар бузургтарин шахсиятест умри худро фидои фарзанд мекунад ва худ дар ҷойи зарурӣ тамоми неъматҳои дунёро сарфи назар мекунад то фарзандонаш дар камоли хушиву хурсандӣ зиндагӣ кунанд. Модар равшангари ҳастӣ ва волотарин ҳадяи худовандист. Нафари ангуштшуморест, ки дар хушбахтии фарзанд хурсанд ва дар ғаму андӯҳи вай ғамгин аст. Падару модар шахсияти бузурге ҳастанд, ки ҳангоми муваффақияти ҷигарбандашон ягон буғзу кина ва бахилӣ дар дил надоранд ва баръакс барои расидан ба қуллаи мурод баҳри фарзандон ҳастии худро фидо мекунанд.

Бузургии зан – модар дар он аст, ҳар ҷое, ки ҳаст дар онҷо машъали меҳру муҳаббат, дӯстдорӣ, одамият ва беҳтарин хислати инсонӣ фурузон аст. Модар фариштае ҳаст, ки бо як даст гаҳвора ва бо дасти дигар дунёро такон медиҳад ва олиҳаи муқаддасе аст, ки биҳиштро дар зери қадамҳои ӯ қарор додаанд. Модарон ҳастанд, ки ба дунё чеҳраҳое ба вуҷуд меоранд, ки ин чеҳраҳо дар гетӣ тағйироти куллиро рақам мезананд ва барои хайри аҳли башар Худованд ба воситаи модар онҳоро ба ин ҷаҳон фиристодааст, то ҷаҳлу нодониро дар сартосари ҷаҳон барҳам диҳанд.

Модар нахустин устод, тарбиятгар аст, ки аз даврони туфулият то бузург шудани фарзанд ҳамеша роҳнамову роҳкушо ва равшангари дунёи ӯст. Бузургии модар дар он аст, ки барҷастатарин шахсиятҳои олам пеши ӯ сари таъзим фуруд овардаанд, паёмбарону мутафаккирон самимитарин суханҳо, шоирону нависандагон достонҳову асарҳои бузурги худро ба ӯ бахшидаанд ва ин хизмати худро дар назди якшаба ранҷи ӯ ҳеҷ мепиндоранд.

Ягона доваре, ки гуноҳи моро мебахшад, модар аст. (Муҳаммад Ҳиҷозӣ).

Тифлию домони модар хуш биҳиште будааст,

То ба пои худ равон гаштем, саргардон шудем.(Абулқодири Бедил).

Модар ягона офаридгорест дар рӯйи замин, ки худошиносон намедонанд.(Пегуве).

Модар ҳатто пас аз марг боз ҳам модар ва муқаддастарин мавҷудоти ҷаҳон аст. (Кулриҷ).

Модар пурқувваттарин мавҷуди дунё аст, ки худро ба обу оташ мезанад, сахтиҳои рӯзгор пушти сар мегузорад то фарзандашро ба воя расонад. Бошад, ки мо ҳама вақт дӯстдори модарон бошем ва ҳамеша эҳтироми онҳоро ба ҷо биёварем. Ҳангоме пир шуд асои дасти ӯ бошем ва бо он навозишҳое, ки моро бузург кард, дар айёми пирӣ ин навозишҳоро ба амалу рафтор, бо меҳрубонии худ ба ӯ бозпас гардонем. Тамоми амалҳои солеҳи худро бо дуои неки ӯ оғоз бахшем.

Рӯзи модар ба кулли модарони ҷаҳон муборак бошад!

Абдурофеъ Гадоев – донишҷӯи курси сеюми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ