ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ЗАБОНИ ФАРОНСАВӢ БО ИШТИРОКИ САФИР

123

Имрӯз(24.04.2024) дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи забони фаронсавии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо бахшида ба рӯзи забони фаронсавӣ, ба истилоҳ ҳафтаи «Франкофонӣ» дар ДМТ чорабинии илмию фарҳангӣ баргузор гардид. Чорабинӣ бо сухани муқаддимавии мудири шуъбаи робитаҳои байналмилалии Донишгоҳ Қурбонов Қ. оғоз ёфт.

Дар чорабинӣ сафири Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, хонум Элза Пинёл ва намояндагони Маркази фарҳангии «Бохтар» иштирок варзиданд.

Декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Сайдализода Ш. зимни суханронӣ зикр кард, ки чорабинии мазкур дар доираи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса гузаронида мешавад. Мақсади гузаронидани чунин чорабинӣ такмил додани омӯзиши забони фаронсавӣ, ҳамзамон, арҷ ва эҳтиром гузоштан ба забон, фарҳанг ва анъанаҳои ин кишвари ба мо дӯст мебошад ва роҳандозии чунин маҳфилҳо ҷиҳати таҳким бахшидани робитаҳои байниҳамдигарӣ мусоидат менамояд.

Сипас сафири Фаронса дар Тоҷикистон аз омодагии хуби донишҷӯён ва пазироии гарми раёсат ва садорати факултет изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки минбаъд низ ҳамкориҳои мутақобиларо миёни кишварҳоямон боз ҳам густариш медиҳем.

Дар маҳфил донишҷӯёни факултети забонҳои Осиё ва Аврупо барномаи рангини фарҳангиро намоиш доданд. Инчунин, донишҷӯён порачаҳо аз ҳикояву романҳои фаронсавӣ ва шеърҳоро аз осори бузургони Фаронса бо як маҳорати баланд пешкаши меҳмонон гардониданд.

Ҳамзамон, устодону донишҷӯёни факултети мазкур, ки дар ин чорабинӣ фаъолона иштирок намуданд, аз ҷониби Сафорат ва Маркази фарҳангии «Бохтар» бо диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.