ИНСОНИЯТ ВА ИНСОНДЎСТӢ ДАР АДАБИЁТИ ИМРЎЗ

167

Санаи (03.05.2024) дар пояи кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон семинари умумидонишгоҳии илмию назариявӣ дар мавзуи «Инсоният ва инсондӯстӣ дар адабиёти имрӯз» баргузор гардид.

Семинарро декани факултети мазкур, дотсент Сайдализода Ш.А. оғоз намуд.  Сипас намояндаи самти илми Донишгоҳ Абдуллозода Р. атрофи мавзуи асосии семинар сухан гуфта, барои маърузакунандагон муваффақият орзу кард.

Дар семинар мавзуоте монанди: “Инсон дар шеъри муосири форсӣ”, сухангӯ: доктори илмҳои филологӣ, профессори кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Сафаров Умархоҷа Раҳимович; “Humanity, unity, tolerance, love and brotherhood in Urdu literature (Инсондӯстӣ, ваҳдат, таҳаммулпазирӣ ва дӯстиву бародарӣ дар адабиёти урду.)”, сухангӯ: профессори даъватшудаи кафедраи Ҳинд, факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ доктор Муштақ Садаф; “Накуҳиши каҷандешӣ ва каҷнигарӣ дар шеъри шоирон”, сухангӯ: номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедраи филологияи Эрон, муовини декан оид ба илми факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Абдулҳадов Ҷумъахон Зикируллоевич; “Инсондӯстӣ ва масоили иҷтимоӣ дар ҳикояҳои Меҳруннисо Парвиз”, сухангӯ: номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи филологияи Ҳинди факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Латипов Алихон Давлатович; “Ватандӯстӣ ва масоили иҷтимоӣ дар шеъри Ҳушанг Ибтиҳоҷ Соя”, сухангӯ: номзади илмҳои филологӣ, дотсент, и.в. мудири кафедраи филологияи Эрони факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ Қосимов Ҷумъахон Салимович мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифтанд.

Баъд аз ҳар суханронӣ пурсишу баҳс миёни сухангӯ ва иштирокчиён ба амал омад.