ИСТИҚЛОЛ – РОҲ БА ОЯНДАИ ДУРАХШОН

57

Истиқлол барои сарнавишти миллати тоҷик оғози марҳалаи нави рушд дар ҳама соҳаҳо гардида, иҷрои вазифаи бисёр пурмасъулияти таърихӣ, яъне бунёди давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар, инчунин, эҷоди аркони давлатдории муосирро фароҳам овард.

Ҳақиқатан ҳам, истиқлол заминаи асосии рушду нумӯи давлат ва муайянкунандаи сиёсати дохилию хориҷии ҳар кишвар аст. Истиқлол арзиши олӣ буда, нишони ҳувият, ифтихор, нангу номус, озодӣ, субот ва шарти бақои миллат мебошад.

Бо шарофати истиқлол дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар комёбиҳои беназир ба даст оварда шуд. Дар баробари ин, истиқлол дар назди миллати тоҷик рисолати бузургеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили пояҳои давлати соҳибихтиёри миллӣ, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои дигар, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти маҳбуби кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Ба шарофати мустақилият халқи мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчам, Нишон ва Суруди миллӣ гардид. Асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои нави идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар муқаррар гардида, асъори миллӣ ба муомилот бароварда шуд.”

Бояд гуфт, мустақилияти давлат дар нигоҳ доштани ягонагӣ ва волоияти ҳокимияти давлатӣ дар қаламрави мамлакат ва соҳибихтиёрӣ дар муносибат бо субъектҳои сиёсии байналмилалӣ ифода меёбад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ гардида, бо аксар кишварҳои олам ва созмонҳои ҷаҳонӣ муносибатҳои дипломатӣ ва ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаро барқарор намудааст. Тоҷикистон узви фаъоли зиёда аз 55 созмонҳои бонуфузи байналхалқию минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва чандин ташкилотҳои байналмилаливу минтақавии дигар мебошад.

Падидаи муҳим дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидани пешниҳодҳо дар сатҳи байналмилалӣ мебошад. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ташаббусҳои созандаи Сарвари давлат ба ҳалли мушкилоти глобалии сайёра, аз ҷумла ба масъалаи об, равона гардидаанд, қобили дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд ва кишвари мо дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст.

Истиқлоли давлатӣ барои рушди иқтисодиёти ватанӣ шароити хуб фароҳам овард. Бунёди роҳҳои оҳан ва автомобилгард қадами бузург баҳри иҷрои ҳадафҳои стратегӣ ва омили муҳим баҳри ҳамгироии ҷомеа мебошанд.

Таҷрибаи сиёсӣ нишон медиҳад, ки маҳз истиқлол ва ваҳдати миллӣ роҳи инкишофи имрӯзу ояндаи дурахшон ва пешрафти ҷомеаи моро муайян ва самтҳои ба мақсад расиданро равшан сохта, тамоми шаҳрвандонро баҳри амалӣ гардондани онҳо ҳидоят менамояд.

Маҳз истиқлол аст, ки имрӯзҳо тоҷиконро дар саросари дунё мешиносанд ва ҳамчун мардуми бофарҳанг, меҳнатдӯст ва хушахлоқ эҳтиром менамоянд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар шароити бархӯрди тамаддунҳо қарор дошта, бисёр фарҳангҳои гуногунро ба бор оварда истодааст, ки бештари онҳо ба нормаҳои ахлоқ ва урфу одати бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик мухолифат дорад. Аз ин лиҳоз моро мебояд, ки наврасон ва ҷавононро дар партави ватандӯстӣ ва ҳифзи арзишҳои миллӣ тарбия намоем, одоби либоспӯшӣ, суханварӣ ва инсондӯстиро ба онҳо омӯзем.

Мудири кафедраи мутолиоти аврупоии ДМТ, н.и.ф., дотсент Наҷмиддинов А.Ф.

Дотсенти кафедраи мутолиоти Шарқи ДМТ, н.и.ф., дотсент Тупалов Ғ.Ш.