ҚОНУНИ ТАНЗИМ – САДДЕ БАРОИ ИСРОФКОРӢ

19

Дар чорякасри соҳибистиқлолӣ дар партави сиёсати хирадмандонаву мардумгароёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар қонунҳои мутааддиде ба тасвиб расидаву мавриди амал қарор гирифтанд, ки дар беҳбуд бахшидани ҳаёти иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва арзишгароии миллат нақши муассир доранд.

Бе шак, аз миллитарин, мардумитарин ва муҳимтарин қавонине, ки бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат ва дастгирии оммаи васеи мардуми кишвар мувофиқ ба меъёрҳои конститутсионию байналмилалӣ қабул ва амалӣ гашта истодаанд, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба шумор мераванд.

Аллакай, чанд сол мешавад, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар сартосари кишвар мавриди амал қарор дораду ба монанди садде дар муқобили исрофкориҳо побарҷо гаштааст ва аз юмну баракати он буҷаи ҳар хонадон аз хароҷоти ноҷову миёншикан эмин гаштааст.

Имрӯз (13.12.2024) дар доираи нақшаи чорабиниҳои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо мақсади шиносоии бештари устодону донишҷӯёни Донишгоҳ вохӯрии намояндагони Маркази исломшиносӣ бо зумрае аз устодону донишҷӯёни факултетҳои Шаҳраки донишҷӯёни Донишгоҳ доир гардид.

Иштирокдорон доир ба қабули қонуни номбаршуда, афзалиятҳо ва дигар масъалаҳои марбут ба он ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.