БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲҲОИ ДОНИШГОҲ

13

Бо ташаббуси садорати факултетҳои забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ чорабинии тарбиявӣ баргузор гардид. Дар қисмати аввал вохӯрии намояндагони факултет бо донишҷӯёни хобгоҳҳои 6 ва 8 дар самти шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир шуд.

Дар қисмати дуюми чорабинӣ бо роҳбарии декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо Сайдализода Ш. вохӯрии инфиродӣ бо донишҷӯён дар ҳуҷраҳо доир шуд. Зимнан дар масъалаҳои марбут ба таълиму илм ва тардиботи хобгоҳҳо ба донишҷӯён фаҳмонида шуданд.