БИЁ, БАҲОР!

29

Ҳамаи фаслҳои сол зебоянд. Домани ҳар яке саршор аз шавқу шӯри зиндагист. Мо инсонҳо бо дидани падидаҳои саҳнаҳои ҳар мавсиме аз сол шоду масрур мегардем, диламон бозу равшан мешавад, умеду орзу дар қалбамон мавҷ мезанад.

Аммо рости миёни фаслҳо ҷойи баҳор дигаргуна аст. Замоне, ки баҳор фаро мерасад рӯзгориякрангу якнавохти мо ранг иваз мекунад, маънии тоза мегирад. Хосияти баҳор ин аст, ки мазоҳири ҳастиро либоси шоирона мепушонад. Чашму гӯши инсонӣ дунёро бо шеър бо зебоӣ тарҷума мекунанд. Қалбҳо ғазалхону таронахон мегарданд.

Дар сафҳаи зеҳни одамӣ хотирот ёдвораҳо зинда мешаванд. Хатсурате, ки ҳам ғамолуданд ва ҳам тарабангез. Ин хотироти баргашта аз баракати баҳор гоҳе лабханд мезананд ва гоҳе гиряро раҳо месозанд.

Баҳори ҷон! Хубтар аст аз эҳсосоти худам бароят бигӯям. Боварам мекунӣ ҳар сол чашмони ман дар интизори омаданат чор мешавад. Ошиқонат зиёданд вале гумон мекунам ман беш аз дигарон дустат дорам. Аммо аҷиб аст, ки даргири ёди ту ғами лаззатборе вуҷудамро фаро мегирад. Аммо ман танҳо бо ғаму андуҳи хеш нестам. Қалбам барои ҳамаи дилдодагону ошиқони олам месӯзад. Барои рафтагони нарасида ба баҳор мегӯяму гиря мекунам. Ба дармондагии ҳар як ошиқе, ки посухи рад шунидаву ёр надорад, мебинам ғаму ғуссаи дилсупурдагон ранҷу азобат медиҳад. Мегӯянд ғаме, ки ба хотири дигаре бошад лаззатбору арзишманд аст. Дар ин раванди хушоянди андешафарсойи лаҳзае зарраҳои вуҷуд бо ҳам пайванд мехураду хеле зуд гусаста мегардаданд ва ман бетобу ноором мешавам. Дар тули солҳо ман яқин ҳосил кардам, ки замоне тору пуди вуҷуди ҳар инсоне аз ғами баҳор саршор гардид, олам барояш чароғонӣ мегардад, ӯ забони куҳу дашт, бешазорону боғистон, осмону ахтарон, обу дарёҳоро мефаҳмонад. Дар чунин ҳолате шоирони бузург саъю талош мекунанд то рамзу рози суханро бо дили ин ғамдори буҳтзада бигӯянд. Хосияти баҳор аст, ки нахуст зеҳни одамиро побанду маҷзуби хеш меноманд, меҳмони шабонарузии ӯ мегардад. Агар деҳи баҳор надошта бошад, боғистони шеър, баргу гул нахоҳад дошт. Ҳазор дастон нола намекунад, насим аз вазиш мемонад. Дигар душизагони дами бахт аз нерӯи ишқу муҳаббат бенасиб шӯридигӣ намекунанд.

Дар ин айём касе, ки шеър намефаҳмад, яқин аст, ки панҷаи зимистон аст. Сабзишу рӯйише дар вай нест.

Баҳори ҷон! Пештар гуфтам аз эҳсосоти хеш мегӯям. Зеҳни ман аз хотираҳои баҳорона саршор аст. Мурури он зеҳннишастаҳо маро ба ваҷҳ меоранд, ғайриихтиёр мисли ин ки парвозӣ мешавам, бо хештани хеш дар гуфтугӯ мешавам, мечархаму зеботарин таронаҳои диламро мехонам.

Ёдат ҳаст, порина, ки меҳмон будӣ, дар ҳузурат чиҳо бо ман гузашт. Он лаҳазоти дурахшонро ҳатман дар ҳофиза дорӣ. Бегоҳ буд, ки роҳии зебодара шудам. Боди латифу пурасрат соҳиби майдон буд. Бо вазиши сабук оҳиста рухсори сабзаву себаргаҳоро меошуфт ва атру бӯйи хушатро чун ҳадяи баҳор тақдимашон менамуд.

Он рӯз бори нахуст ба хуршед хира шудам, дидам, ки чигуна ҳарисона аз рухсори баргҳои дарахтон, ки рухсори бо шабнамшустан худро ба офтоб пушту рӯ мекунанд, буса мегирад.

Дарё дар бистари хеш дамида буд ва аз фарти шодӣ нафас-нафас мезад. Амвоҷаш хаму хези чашмрабо дошт. Гоҳо бо хезиши чашмрабодошт. Гоҳо бо хезиши амвоҷ якҷо моҳиҳо боло мепариданд ва дубора бо риштамавҷҳо пойин меомаданд.

Ногаҳ чашмам ба анбуҳи шабпаракҳо афтод, ки шабеҳи барги гул дар панҷаи бод паҳну пареш мешуданд ва пардае турмананд, сафеди сафед пеши назар ба ҷунбиш медаромад.

Заминро нурҳои зарринфоми хуршед бо пардаи ҳарири зарфбофтсақфгуна пушида буданд ва ҳаво саршор аз атру бӯйи ишқ буд.

Хурдтарин мавҷудоти фазо бо нағмаҳову таронаҳои осмонӣ даромехта буданд. Ҳама махлуқот ғарқ дар дунёи баҳоронаи хеш мерақсиданду баҳор мекарданд.

Одинаҳмад Саидов,муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо