ДАРСИ КУШОДИ ФАРҲАНГӢ-АДАБӢ

6

Дар толори фарҳангии ба номи Ш. Ҳусейнзодаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дарси кушоди фарҳангӣ-адабӣ таҳти унвони “Вилям Шекспир — драматурги бузурги ҷаҳон” баргузор гардид. Чорабинӣ бо ташаббуси дотсенти кафедраи забони англисӣ ва типологияи муқоисавӣ Дадаҷанова И.Б. ва бо иштироки донишҷӯёни курси сеюми ихтисосҳои ҳиндӣ, урду, пашту ва форсии факултети забонҳои Осиё ва Аврупо роҳандозӣ шуд.

Мавзуи чорабинӣ дар асоси дарсҳои таърихи адабиёти Англия интихоб гардида, донишҷӯён бо роҳбарии устод ба хулоса омаданд, ки ҷараёни омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Шекспирро дар шакли амалӣ ва фарҳангӣ таҷассум диҳанд.

Дар ҷараёни дарс донишҷӯён порчаҳо аз асарҳои машҳури драматург, аз ҷумла «Ҳамлет», «Шоҳ Лир», «Ромео ва Ҷулетта» ва сонетаҳои ӯро қироат карданд. Ҳамчунин саҳнае аз достони муҳаббати фоҷиавии «Ромео ва Ҷулетта» намоиш дода шуд, ки фазои эҳсосӣ ва фарҳангии ин асари ҷовидонаро зинда гардонд.

Мақсади асосии баргузории чунин чорабиниҳо бедор сохтани шавқу рағбати донишҷӯён ба адабиёти классикии ҷаҳонӣ, мусоидат ба муқоисаи он бо адабиёти тоҷик ва таҳкими донишҳои забономӯзии онҳо мебошад.

Садорати факултет баргузории дарси кушодро ҳамчун як иқдоми муассир дар баланд бардоштани сатҳи таълим, густариши маҳорати забонӣ ва тарбияи мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир арзёбӣ намуд.

Садорати факултети забонҳои Осиё ва Аврупо