СӮҲБАТУ ВОХӮРИҲОИ СУДМАНД БО ДОНИШҶӮЁНИ ХОБГОҲҲО

4

Шоми имрӯз (16.09.2025) ҳайати садорат ва устодони факултетҳои журналистика ва забонҳои Осиё ва Аврупо дар толори маҷлисгоҳи бинои хобгоҳи N°8 бо донишҷӯён вохӯрии судманд доир намуданд.

Вохӯриҳои мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои таҳиянамудаи раёсати донишгоҳ бо мақсади шиносоӣ аз вазъи будубоши донишҷӯён дар хобгоҳ, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ ва бо ин васила саҳмгузорӣ дар татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон баргузор мегарданд.

Дар вохӯрӣ декани факултети журналистика, профессор Ҳошимзода Бахтиёр, декани факултети забонҳои Осиё ва Аврупо, дотсент Сайдализода Шодмон, мудири шӯъбаи тарбия, дотсент Саидов Ҳусниддин ва дигар устодон баромад намуда, зимни сӯҳбат ба масъалаи илмомӯзии донишҷӯён ва самаранок истифода бурдани вақт таваҷҷӯҳи хоса зоҳир намуданд.

Таъкид гардид, ки вазифаи ҳар як донишҷӯ пеш аз ҳама омӯхтани илм ва аз бар намудани донишҳои замони муосир мебошад. Инчунин, ҳар як ҷавонро зарур аст, аз ҳар гуна падидаву зуҳуроти номатлуби ҷомеа канораҷӯӣ намуда, вақти худро сарфи китобхониву забономӯзӣ ва дигар машғулиятҳои омӯзишӣ намояд.

Лозим ба қайд аст, ки чунин сӯҳбату вохӯриҳо байни устодону донишҷӯёни дигар факултетҳои донишгоҳ низ ташкил ва гузаронида мешавад.