Истиқлол муқаддастарин ва азизтарин неъматест, ки ба миллати тоҷик имкон дод, то бо сари баланд ба саҳнаи таъриху тамаддуни ҷаҳон ворид гардад. Ин рӯйдоди сарнавиштсоз 9-уми сентябри соли 1991 иттифоқ афтод ва аз ҳамон лаҳза дари фардои нав ба рӯйи миллати куҳанбунёди тоҷик боз гардид.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми тоҷик рамзи пойдории давлат, ифтихори миллӣ, шарафу номус ва нишони ҳувият ва озодист. Он мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва рамзи пайвастани Тоҷикистони соҳибистиқлол ба ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ мебошад.
Мардуми озоду ободкори Тоҷикистон 34 сол қабл пояҳои истиқлолро гузошта, бо қадамҳои устувор ба роҳи давлатдории миллӣ ворид шуданд. Ба шарофати истиқлол мо соҳиби рамзҳои давлатӣ – Парчаму Нишони далатӣ ва Суруди миллӣ гардидем, ки ҳар кадоми онҳо ифодаи руҳи миллӣ ва ваҳдати сартосарии кишвар аст.
Бо ба даст омадани ин неъмати гаронбаҳо, миллати ранҷкашидаи тоҷик дубора соҳибихтиёр гашт. Истиқлол чун нури умед, меҳру вафо, ободӣ ва сулҳу амонӣ ба хонадони тоҷикон ворид шуда, зиндагии наву шоистаро таъмин намуд.
Имрӯз миллати тоҷик дар байни ҷомеаи байналмилалӣ ҳамчун як миллати тамаддунсоз ва сулҳпарвар эътироф гардидааст. Фарзандони ин миллати сарбаланд дар саросари ҷаҳон дар соҳаҳои мухталиф фаъолият мекунанд ва Тоҷикистонро бо ифтихор муаррифӣ менамоянд. Қариб ҳамаи кишварҳои ҷаҳон бо Тоҷикистон робитаҳои дӯстонаву ҳамкорӣ доранд, ки ин ҳам яке аз нишонаҳои асосии соҳибистиқлолӣ мебошад.
Истиқлол миллати тоҷикро ба марҳалаи нав – худшиносии миллӣ ва ваҳдати сиёсиву фарҳангӣ ворид кард. Тоҷиконро дар тамоми гӯшаву канори ҷаҳон ба ҳам овард ва дари меҳру вафо ва бародариро боз намуд. Имрӯз Тоҷикистон кишвари соҳибихтиёру озод аст, ки дар ҷаҳон бо симои сулҳпарвар ва сиёсати некхоҳона шинохта мешавад.
Пас, мебояд, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо бирасем ва ҳифзи онро баҳри худ ҳам фарз ва ҳам қарз шуморем, сухани Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ созем: “Ҳифзи озодиву истиқлол ва манфиатҳои милливу давлатӣ вазифаи муҳимтарини ҳар як фарди бонангу номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи ин сарзамин мебошад”.
Одинааҳмад САИДЗОДА, муовини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ
Санаи нашр: 15.09.2025 №: 177