АРАБИЗАБОНӢ ВА ДУЗАБОНӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ МАВЛОНО ДАР АСОСИ «КУЛЛИЁТИ ДЕВОНИ ШАМС»

16

Зиёда аз 800 сол муқаддам дар хонадони Муҳаммад ибн Ҳусайни Балхӣ машҳур ба Султонулуламо Баҳоуддин Валад, тифле бо номи Муҳаммад ба дунё омад, ки Ҷалолиддин унвони ифтихории ӯ шуд. Ӯ дар аввал ифтихори падар буд ва билохир ифтихори оламиён гашт. Падар нисбати ӯ муҳаббати беандоза дошт ва дар ташаккули ҷаҳонбиниву такмили саводаш саҳми бузург гузошт. Ҳанӯз хурдсол буд, ки бо падари бузургвораш дар сафарҳо ҳамроҳӣ менамуд. Аснои ҳамин сафарҳо ба дидори шайх Фаридаддин Аттори Нишопурӣ мушарраф гашт, ки ин ба ҳаёти ӯ бетаъсир намонд.

​Зеҳни бурро, акли расо ва дониши волои Ҷалолиддин боиси он шуд, ки ба зӯдӣ машҳур гардад ва ҳамон гуна, ки шайх Аттор гуфта буд: «Оташ ба сӯхтагони олам занад». Ихлосмандону мӯътақидон ва пайравонаш аз гӯшаву канор ба зиёраташ меомаданд ва хонаи ӯро ба макони маҷлису махфилҳо ва мактаби омӯзишу парвариши аҳли адаб табдил дода буданд ва ӯро бо номҳои «Мавлоно Муҳаммад, Мавлонои Рум, Мавлоно Ҷалолиддин Муҳаммад Румии Балхӣ» ёд мекарданд. Сабаби ба Ҷалолиддини Румӣ машҳур шуданаш дар он аст, ки ӯ Румро ватани дуюми худ қарор дода, дар ин сарзамин истиқомати ҳамешагиро ихтиёр карда буд.

​Зиндагонии рангини Ҷалолиддин Муҳаммад пас аз шиносоӣ бо Шамси Табрезӣ ном орифи дарвешмашрабе рангинтар гардида, ба ҳаёти ӯ тағйироти куллие ворид сохт ва ӯро мафтуну шефтаи худ гардонид. То он ҷо, ки ӯ барои Мавлоно ҳамчун тимсоли таҷаллии нури Ҳак таҷассум ёфт. Ба ин маънӣ худи Мавлавӣ борҳо дар ашъораш ишора намуда, аз ҷумла дар ин байт мегӯяд:

​​Мафхари Табрези ҷон Шамси Ҳақӣ, ай ёри мо,

Равнақи гуфтори моӣ, зиннати ашъори мо.​

Ё ин ки:

Хомуш кардам ин забон, бо кас нагӯям ин замон,​​

Шуд Шамси Табрезӣ аён бар мусҳафи девони мо.

Аз он ҳангом, ки нуфузи Мавлоно ва шӯру шавқи эҳсоси ботиниву рӯҳонии ӯ рушд кардааст, тамаддуну фарҳанги ҷаҳонӣ то ба имрӯз ба ӯ ва ба мактаби таълимоти ӯ беш аз пеш ниёз доранд. Асарҳои ӯро дар давлатҳои Аврупову Амрико, Фаронсаву Русия, Эрону Ҳиндустон, кишварҳои арабизабон ва дар дигар манотиқи олам мавриди таҳқиқу омӯзиш ва баҳрабардорӣ қарор додаанд, ки ҳанӯз он ҷӯйишу омӯзишҳо идома доранд. Осори ин адиби шаҳир, аз ҷониби мутарҷимон ва забондонони барҷаста бо 40 забони дунё тарҷума шуда, ба шефтагону алоқамандони Мавлоно пешкаш шудаанд.

Имрӯз низ дар ҷаҳони Арабу Аҷам шинохти Мавлоно ва асарҳои бебаҳои ӯ мақоми хоса дорад. Ва дар ин замина заҳмату талошҳои муҳаққиқони барҷаста, ки Мавлоноро барои оламиён муаррифӣ кардаанд, ба монанди Риналд Николсон, Абдулбоқии Гулпинорлӣ, Абдулҳусайни Зарринкӯб, Бадеъуззамони Фурӯзонфар, Радий Фиш, Анамори Шиммел, Абдулваҳҳоб Иззом, Муҳаммад Абдусалом Кафофӣ, Иброҳим ад-Дасуқӣ ва чанде дигарон басо назаррас аст.

Муҳаққиқон дар таҳқиқи осори ин адиби бузург камари ҳиммат гумоштанд ва дар натиҷагирии он муваффақ ҳам шудаанд. “Куллиёти девони Шамс” яке аз асарҳои гаронбаҳои ӯ буда, аз қасоиду ғазалиёт, рубоиву мустадрикот ва қитъаву муламмаот иборат аст, ки ҳудуди 50 000 байт дар он гирдоварӣ шудааст.

Дар ин куллиёт қариб 100 ғазал бо забони арабӣ, беш аз 120 ғазал ашъори дузабонаи форсиву арабӣ ва теъдоди камтаре абёти туркӣ ва ҳам ашъори сезабонаи шоир фароҳам оварда шудааст. “Куллиёти девони Шамси Табрезӣ” бо ғазали маъруфи:

“Эй растахези ногаҳон, в-эй раҳмати бемунтаҳо,

Эй оташе афрӯхта дар бешаи андешаҳо.

Имрӯз хандон омадӣ, мифтоҳи зиндон омадӣ,

Бар мустамандон омадӣ, чун бахшишу фазли Худо.

Хуршедро ҳоҷиб туйӣ, умедро воҷиб туйӣ,

Матлаб туйӣ, толиб туйӣ, ҳам мунтаҳо ҳам мубтадо”оғоз шудааст.

Бо назардошти ин ҳама масъалаи таҳқиқи хусусиятҳои бадеӣ, мавзӯй ва шаклии ашъори арабии Мавлавии Балхӣ, аз муҳимтарин ҷузъиёти эҷодиёти ӯ буда, он дар вазнҳои гуногуни шеърӣ аз қабили рубоӣ, ғазал, қитъа, қасида ва ғайра суруда шудааст, ки ин шеърҳо аз ҷиҳати вазну қофия ва мазмуну мундариҷа дорои фаркиятҳо мебошанд.

​Илова бар ин, омӯзиши ашъори арабии Ҷалолиддини Балхӣ дар муайян намудани шеъри арабизабони асри ӯ саҳми беандоза мегузорад.

Намунаи чанде аз ашъори арабии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ:​​

Ҷоа рабиъу муфтахиран фӣ ҷиворино,​​

Ҷоа-л-ҳабибу мубтасиман васта дорино.

​​ Тайибу ва акриму ва таъолу литашрабу,​​

Инда-л-ҳабиби мубташиран фӣ уқорино.​​​​​​[283,153]

Умрука ё воҳидан фӣ дараҷотил камол,

​​ Қад назала-л-ҳаму бӣ ё сайидӣ қум таъол.

​​ Ё фараҳӣ, мӯнисӣ, ё қамара-л- маҷлисӣ,

Ваҷҳука бадру тамом, риқука хамру ҳалол [1368,530]

Мисоли дигар:

Ё мунирал-бадри қад авзаҳта бил-билболи бол,

Билҳаво залзалтанӣ вал-ақлу физ-зилзоли зол.

Кам унодӣ, унзуруно нақтабис мин нурикум,

Қад раҷаъно ҷонибан мин тури анворил-ҷалол [5, 529]

Қудрати Мавлоноро дар маъниофаринӣ аз ин чиз эҳсос кардан мумкин аст,ки як воҳиди забониро дар доираи як мисра ё байт ба маъниҳои мухталиф мавриди истифода қарор додааст ва умумияту тафовутҳои ғоявӣ ва мавзӯии ашъори арабӣ ва форсиро баён кардааст. Ҳангоми омӯзиш ва мутолиаи ашъори арабӣ таваҷҷӯҳи хонандаро ҷозибаи дигари забонӣ ва луғавии арабиаслу форсӣ ба худ ҷалб мекунад. Аз ҷумлаи санъатҳои бадеӣ, он чӣ Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бештар истифода бурдааст, ин санъати муламмаъ ё худ рангорангии каломи адабии дузабонаи форсию арабӣ мебошад, ки беш аз 120 ғазали худро бо он тараннум намудааст. Маҳорати баланди ғазалсароии Мавлоно воқеан беназир аст. Ӯ ҳатто як калимаро дар лафзи арабиву форсӣ бо санъати баланди шоирона омезиш дода, ниҳоят хушоянду дилписанд гуфтааст.

В-ар фақиҳӣ, пок бош аз иннаҳум ло яфқаҳун,

Чашми шухи савфа юбсир бош, пеш аз юбсирун.

Сарсабзу хуш ҳар туррае, наъразанон ҳар заррае,

К-ассабру мифтоҳу-л-фараҳ, ваш-шукру мифтоҳу-р-ризо.

Яке аз сабабҳои истифодаи забони арабӣ ва туркӣ дар ашъори Мавлоно он аст, ки ӯ аз кишварҳои гуногуни форсизабон ва арабиву туркизабонон дидан карда, баъзе унсурҳои баёнро бо ин забонҳо ва омезиши онҳо дар ашъори худ иброз доштааст. Аз ҳамин сабаб дар истифодаи алфози арабиву туркӣ ва ҳамҷоягии онҳо бо забони форсӣ дар ашъораш маҳорати баланди суханшиносиву сухандонӣ нишон дода, бо чунин сабки эҷод тавонистааст, ки забони асари худро ба олами бою рангини маонишиносӣ ворид созад.

Дар миёни ин ғазалиёт мисраҳо ва байтҳои муламмаъшудаи арабие ҳастанд, ки дар вазни шеъри форсӣ суруда шудаанд ва баръакс мисра ё абёти форсие ҳаст, ки дар вазни шеъри арабӣ суруда шудаанд. Бино ба гуфти муҳаққиқи тоҷик Алии Муҳаммадии Хуросонӣ, Мавлоно зиёда аз чиҳил авзони шеъриро дар ғазалҳои арабӣ истифода кардааст.

Муламмаоти Мавлоно Ҷалолиддин бо маҳорати баланд ҳам дар мисраҳо ва ҳам дар абёту ғазал гардиш ёфта, бархе аз сурудаҳояш ибтидо бо мисраҳои форсӣ ва интиҳо бо арабист ва баръакс бо мисраҳои арабӣ оғоз шуда, ба форсӣ анҷом ёфтаанд.

Ҳон эй табиби ошиқон, савдоие дидӣ чу ман

Ё соҳибайя иннанӣ мустаҳлику лав локумо

Эй Юсуфи сад анҷуман, Яъқуб дидастӣ чу ман

Исфарра хаддӣ мин ҷаво вабяза айнӣ мин буко

Аз чашми Яъқуби суфӣ ашке равон бин Юсуфӣ

Таҷрӣ думуъӣ билвало мин муқлато айнил вало

Хомуш, боқиро биҷӯ аз нотиқи икромхӯ

Фал фаҳму мин иҳоиҳи мин кулли макруҳи шифо.[261, 146]

Чанд аз ин қилу қол, ишқ парасту бибол,

То ту бимонӣ чу ишқ дар ду ҷаҳон бе завол.

Чанд кашӣ бори ҳаҷр, ғуссаву тимори ҳаҷр,

Хоса ки минқори ҳаҷр канад туро пару бол.

Як дам бонги наҷот, як дам овози мот,

Мезад он хушсифот бар ману бар васфи ҳол.

Туслиҳу мизонано, туҳсину алҳонано

Тузҳибу аҳзонано анта шадидул миҳол.[1352, 524]

Дар ин ду мисоли дигар ибтидои ғазал арабӣ буда, бо форсӣ интиҳо ёфтаанд.

Антумуш шамс вал қамар минкумус самъ вал басар

Назарул қалбӣ фикум бикум янҷалӣ назар

Қултумус сабру аҷмал сабарал ъабду мо ансабар

Наҳну абноу вақтино раҳималлоҳу ман ғабар.

Бар он ёри хушназар ту магӯ ҳеҷ аз хабар,

Чу хабар нест аз маҳрамаш, бари ӯ бош бохабар.

Бирав аз гӯш сӯи дил, бинигар кист масттар?

Арабӣ гар чӣ хуш бувад, аҷамӣ гӯ ту эй писар.[1176, 465]

Руҳука баҳрул вафо лавнука ламъус сафо

Умрука лав ло илтақо қулту аё зулҷалол.

Оҳ зи нафси фузул, оҳ зи заъфи уқул

Оҳ зи ёри малул, чанд намояд малул.

Тудрибу қалбул варо тускируҳум билҳаво

Тудрику мо ло юро анта латифул хиёл.​

Ҷумла суолу ҷавоб з-ӯсту манам чун рубоб,

Мезанадам ӯ шитоб, захма ки яъне бинол [1361, 528]

Аз рубоиёти пурра арабии Мавлоно намунае ин аст:

Мавлоя анна т тоибу миммо салафо,

Ҳал юқбалу узру ошиқин қад талафо.

Ин кона надоматӣ судудан ва ҷафо,

Мавлоя афаллоҳу афаллоҳу, афо.

Мисоли дигар дар рубоиёте, ки бо рангорангии фарҳанги себона аз рӯи абёти ғазалиёти туркию арабӣ ва форсӣ истифода шудааст.

Ё авҳаду бил ҷамоли, ё ҷонум сан

Аз аҳди ман, ай дӯст, магар ёдум сан.

Қад кунта туҳиббунӣ, фа қул тоҷик сан

Вал явма ҳаҷартанӣ , фа қул сен ким сан.

Каримова Дилором Баҳромовна-дотсенти кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупо