КОНСТИТУТСИЯ – САНАДИ САРНАВИШТСОЗ

25

Ба муносибати солгарди муҳимтарин санади ҳуқуқии кишвар — Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллӣ вохӯрӣ бо устоди Донишгоҳ Ҳафиз Раҳмон, баргузор гардид.

Мавзуи суҳбат аҳаммияти Қонуни асосӣ дар рушди зиндагии ҷомеа ва давлат буд. Зимни мулоқот ба донишҷӯён таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини кишварҳои аъзои Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба ҳисоб меравад. Ин санади тақдирсоз бо он арзишманд аст, ки роҳи пешрафти миллат ва давлатро ба сӯйи зиндагии шоиста ва озод дар оянда равшан месозад. Конститутсия инсон, шаҳрванд ва ҳуқуқи ӯро арзиши олӣ мешуморад ва заминаи асосии рушди устувори ҷомеаи демократиро фароҳам меорад. Бо вуҷуди ин, зикр гардид, ки Конститутсия худ аз худ чизеро тағйир намедиҳад, то он даме ки мардум ба сатҳи баланди худшиносӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва талош барои ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои миллӣ нарасад.

Конститутсия санади ваҳдатбахш аст, ки ҳадафи он таҳкими ҳамбастагии ҷомеа ва давлат мебошад. Он садҳо паҳлуи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангии шаҳрвандонро фаро мегирад ва решаи ҳамаи онҳо дар фарҳанги волои ватандӯстӣ ва эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ҷой дорад.