Имрӯз (15.11.2025) дар факултети забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии декани факултет, дотсент Сайдализода Шодмон оғоз гардида афзуд, ки нақшу ҷойгоҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими давлатдории миллӣ, рушди соҳаҳои илму маориф ва ҳифзи арзишҳои миллӣ назаррас аст.
Сипас профессор Умар Сафар дар бораи хидматҳои арзандаи Пешвои миллат дар самти баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, таъмини сулҳу субот ва пешрафти кишвар суханронӣ кард.
Дар идома донишҷӯёни факултет дар васфи Пешвои миллат шеъру сурудхонӣ намуданд, ки ба чорабинӣ руҳу таровати бештар бахшид.
Дар анҷом устодон ва донишҷӯёни фаъол бо ифтихорномаҳои садорати факултет сарфароз гардиданд.
















