Файз Аҳмад Файз ва Мирзо Турсунзода

497

Файз Аҳмад Файз ва Мирзо Турсунзода

Қурбонов Ҳайдар –мудири кафедраи филологияи Ҳинд, н.и.ф., дотсент

         Донишмандоне, ки ҷаҳони маърифат, хирад  ва  андешаро  дар пешгоҳи фаъолияти азалии худ бо ихлоси тамом пеш гузоштаанду бо амалҳои бедареғашон, бо дарк ва шинохти дарди ҷомеа, розу ниёз ва сӯзу сози мардум дар кошонаи дилҳо ҷой додаанд, ниҳоят кам мебошанд. Файз Аҳмад Файз (1911-1984) ва Мирзо Турсунзода (1911-1977) аз табори ҳамин  гуна донишмандон, аз шумори бузургмардони шеъру адаб, фалсафа ва ҳикмат, сиёсат ва диёнат, аз мубаллиғони фаъоли ғояҳои истиқлол, иттиҳод, дӯстӣ ва рафоқат, ҳомиёни роҳи мубориза бар зидди истеъмор муҳофизони асили ватан, шаъну шарафи инсон ва ҷонибдори инсонвор зистани одам мебошанд.  

 Ҳарчанд дар боби тадқиқи ҳаёт ва осори Файз Аҳмад Файз  ва Мирзо Турсунзода чӣ дар Шибҳқораи Ҳиндустону Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чӣ дар дигар мамолики хориҷӣ силсилаи рисолаву маҷмуаи мақолаҳо интишор ёфта бошанд ҳам, эҷодиёти ин ду нобиға аз назари муқоисаи умумияти андешаашон ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор нагирифтааст. Мавзуъи баҳси ин бахши мақола низ ҳаддулимкон равшан намудани ин нукта мебошад. Ҳардуи  ин нобиғаҳои адаб дар соли 1911 таваллуд шудаанд. Ин  он замоне буд, ки кишвари Ҳинд зери итоати мустамликадорони англис қарор дошт ва Ҷумҳурии Тоҷикистон давраи феодалиро паси сар карда истода, ҳамчун кишвари тозабунёди сотсиалистӣ, дар харитаи ҷаҳон ҳамчун кишвари худмухтор пайдо шуда истода буд.

          Тавре, ки гуфта шуд, Файз Аҳмад Файз дар замони итоати кишвари Ҳинд ба мустамликадорони англис фаъолияти эҷодии худро оғоз намуда, дар даврони болоравии ҳаракатҳои миллӣ – озодихоҳии мардуми ҷабрдидаи Ҳиндустон идома додааст ва  бо ин васила худ низ  баҳри озодӣ мубориза бурдааст. Мирзо Турсунзода бошад, дар кишвари тозабунёди сотсиалистӣ ба камол расида, чун инсони комил, фарзанди нангбардор, дӯстдори миллату адабиёти тоҷик, ҳомии сулҳ, ва сарояндаи дӯстии халқҳо эҷод кардааст. Ба ибораи дигар, Файз Аҳмад Файз дар шароити мустамликадорӣ ва Мирзо Турсунзода дар замони сотсиалистӣ зиста бошанд  ҳам, дар эҷодиёти онҳо умумияти дарк намудани ҳодисаву воқеаҳои зиндагии мардумони ҳарду кишвар ва тамоми олам бараъло дида мешаванд. Файз Аҳмади Файз ва Мирзо Турсунзода чун абармардони мутафаккир ва андешаманд бо назар ва ақидаҳои сиёсӣ , иҷтимоӣ ва иқтисодиву фарҳангиашон  кӯшиш намудаанд, ки дар мавриди тадбиқи ормонҳои инсонӣ кореро амалан ба анҷом расонида тавонанд ва ин кор бо гуфтор, пиндор ва пешниҳодҳояшон ҷомаи амал пӯшидааст.

Чӣ Файз Аҳмад Файз ва чӣ  Мирзо Турсунзода аз ватанпарастони асили даврони худ буданд. Аз ин рӯ оҳангҳои ватанпарвариро дар эҷодиёти ин ду нобиға саросар мушоҳида кардан мумкин аст. Мирзо Турсунзода тавассути саёҳатҳои зиёд ба кишварҳои  гуногуни дунё, ватанаш Иттиҳоди Шуравӣ алалхусус , зодгоҳаш Тоҷикистон, ки аз ин ҳама диданҳо завқи саршор гирифта буд, дар шеърҳояш ба қалам додааст:                    

    Ёд намудем насими Ҳисор,

                                      Алмаато- мамлакати себзор.

                                      Ёд намудем канори Хазар,

                                      Водии Фарғонаи шаккарсамар.

                                      Қуллаи Помир, яхи Элбрус,

                            Волга- ҳамон модари дарёи рус.

         Дар ашъори Файз Аҳмад Файз низ масъалаи ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ хеле муҳим ва пурарзиш садо додааст:

  Ошиқи рӯйи Ватанам, кори ман,

Ишқу умеди ҳама афкори ман.

Бо Ватанам зӯру тавоно бувад,

     Бо Ватанам – шӯҳраи дунё бувад.

   Рӯйи Ватан боғу баҳорам бувад,

     Шавқи ватан зӯру мадорам бувад.

Аз осори ин устодони шеър бӯйи муаттари гулу гиёҳҳои равонбахши Тоҷикистону Ҳиндустон, нашъаи махмуркунандаи бешазорони нопайдоканор, нафаси атромези боғу ҷангалҳои афсонавӣ , ва амсоли онҳо амиқ эҳсос мешаванд. Ба назар чунин мерасад, ки тамоми зебоиҳои мафтункунандаи Машриқзамин дар оинаи поку беғубори осори Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмад Файз акс андохтаанд, тамоми мамолики Осиёву Ҳиндустон қаҳрамонони шеъру достонҳои ин шоирон, тамоми дунёи тамаддун мабдаи парвози фикру андеша ва хаёлоти мунаққаши онҳо мебошанд. Бо вуҷуди ин ҳама, васфи Тоҷикистону Ҳиндустон дар ҷои аввал қарор дорад. Ватани азиз бо мардуми заҳматкашу бунёдкораш, бо водиҳои зархез ва кӯҳҳои осмонбӯсаш, бо рӯдҳои хушсадо ва чашмасорони пурҷилояш,бо хиёбонҳо ва гулгаштҳояш, бо майдону боғистонҳои шаҳдрезаш дар осори Мирзо Турсунзода ва Файз Аҳмад Файз мақоми хеле шоиста ишғол кардаанд. Баҳри васфи онҳо суханҳои мувофиқу муносиб пайдо намудаанд. Ин аст, ки Мирзо Турсунзода шоири ҷаҳондида бошад ҳам, ҳамеша бо Ватан буд ва худро ҳамеша дар оғӯши Ватан шоду масрур ба шумор меовард:

                          Агарчи борҳо афтодаам аз ёру диёрам дур,

                          Ба сайёҳӣ маро карданд гарчи дӯстон машҳур.

                          Вале ман дар ҳама ҷо, дар ҳама кунҷу канори даҳр,

                          Ҳамеша бо Ватан будам, ҳамеша бо Ватан масрур.

         Сафарҳои аҳли илму адаби тоҷик ба Ҳинду Покистон, диду боздидҳои онҳо бо ҳамкасбони худ, ошноии бештар бо ҳаёти гузаштаю имрӯзаи мардум ба онҳо илҳом бахшида, сабаби эҷоди асарҳои тоза гардиданд. Ин буд, ки Мирзо Турсунсуда дар ашъори худ нигоҳи дилсӯзона ба Ҳиндустони мустаъмараи англис дошта, ҳамеша чун ҳамдарди мардуми азияткашидаи ин кишвар баромад кардааст:

                                  Баҳри чӣ ин мағрибии дилсиёҳ,

                                  Карда ҳарисона ба машриқ нигоҳ?

                                  Бурд дилашро магар ин сарзамин,

                                  Бӯйи хуши ин чамани нозанин?

                                  Ё ҳаваси дидани бӯзинаҳо,

                                  Ё ба каф овардани ганҷинаҳо?

Фарзандони бузурги халқҳои тоҷику Ҳинд ойини дӯстию бародариро ба мерос мондаанд. Мо ин дӯстии самимиро байни шоири тоҷик   Мирзо Турсунзода ва шоири Ҳинду Покистон Файз Аҳмад Файз ба хубӣ мебинем. Онҳо бори аввал моҳи ноябри соли 1949 дар шаҳри Лоҳури Покистон бо ҳам мулоқот доштанд ва аз ҳамон сол то охири умр дӯстони самимӣ боқӣ монданд.

Хонандаи тоҷик бори аввал бо Файз Аҳмади Файз тавассути эҷодиёти Мирзо Турсунзода шинос гардидааст. Мавзӯи Шарқи хориҷӣ, алалхусус, Ҳинду Покистон дар эҷодиёти Турсунзода мавқеи махсус дорад. Бинобар ин диққату эътибори махсуси шоири интернационалист ба ҳаёти халқҳои Ҳинду Покистон ва муборизаи он бар зидди истилогарони хориҷӣ боиси ба вуҷуд омадани чунин асарҳои тоза гардиданд, ки дар онҳо марҳилаҳои гуногуни ҳаракати миллию озодихоҳӣ ва муборизаи ин халқҳо дар роҳи сулҳу амният бо санъати баланди шоирона тасвир шудааст.

Дар достони «Ҷони ширин» Турсунзода бо образҳои рамзии равшан дунёи ботинии Файзро кушода, ватанпарвари ҳақиқӣ будани шоирро ба назар гирифта , чунин гуфтааст:

Ёд дорӣ аз мубориз шоирон,

Файз буд дар хонаи мо меҳмон.

Аз Ватан гап сар кунӣ дар мегирифт,

Дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт.

Баъдтар дар рӯзномаҳои даврии тоҷикӣ шеърҳои Файз Аҳмади Файз чоп шудан гирифтанд.

Пас аз фавти Мирзо Турсунзода, дар соли 1977  Файз Аҳмади Файз дар хотираҳои худ дар бораи шоир менависад, ки ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарону дӯкондорон ба забони форсӣ суҳбат мекард ва онҳо ӯро ба осонӣ мефаҳмиданд, чунки ӯ метавонист бо одамон бо чашму дил суҳбат кунад. Устод Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи ин халқ буд. Дар ҳама ҷо ӯро самимона эҳтиром мекунанд. Шоир ватани худ ва халқи худро дӯст медошт. Ӯ бо забони классикии форсӣ, яъне тоҷикӣ сухан мегуфт ва менавишт, ки он лаҳҷаи ғазал буд. Гарчанде Мирзо Турсунзода ҳамроҳи мо нест, лекин ӯ дар дили мост. Ман ба хотири Турсунзода  ба забони тоҷикӣ як ғазал навишта будам, вале он аз ёдам рафтааст. Кӯшиш мекунам байтеро ба ёд орам. Ин ғазал дар мақтаи ғазали Бедил аст:

Биё ёрам, ки чашмам музтариб баҳри тамошоят,

Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар талоши омаданҳоят.

Зи мо рафтӣ, валекин пеши олам дар миён ҳастӣ,

Ва бо мардум, ки мерақсанд дар тарзи суханҳоят.

Дар бораи устод Мирзо Турсунзода ҳамчун шоири барҷаста, инсони комил, суханҳои зиёд гуфтан мумкин аст, лекин интиқоли бемаҳали вай боиси маъюсии ҳама  дӯстон  гаштааст. Бинобар ин мо бояд васиятҳои устодро оид ба дӯстии халқҳо ҳамеша азиз дорем.

Соли 1977 бо кӯшиши ходимони илмии институти шарқшиносии АФ РСС Тоҷикистон Ҳабибулло Раҷабов ва Абдуллоҷон Ғаффоров намунаи ашъори Файз, ки аз «Нақши фарёдӣ», «Дасти сабо», «Зиндоннома», «Дасти таҳи санг» ном маҷмуаҳои шоир интихоб шудаанд, тарҷума карда шуда, аз тарафи шоирон Мастон Шералӣ, Қутбӣ Киром, Гулрухсор ба риштаи назм кашида шуда буданд ва  бо номи «Рӯҳи озод» дар шакли як китобе ба табъ расида буд. То ҳол ба забони  тоҷикӣ ин ягона маҷмуаест, ки дар он ашъори Файз Аҳмади Файз гирд оварда шудааст.

         Аз гуфтаҳои боло маълум мешавад, ки на танҳо адибони Шибҳқора дар бораи Файз Аҳмад Файз маълумот додаанд, балки муҳаққиқони Тоҷикистон низ саҳми худро ин ҷо гузоштаанд.

    Дар ҳақиқат, номи ин шоиру мутафаккири бузурги Ҳинду Покистон барои халқи тоҷик ва тамоми мардуми тараққипарвари ҷаҳон пеш аз ҳама барои он азизу муътабар аст, ки ӯ дар замони тақдирсози кишвараш чароғи илму маърифатро барафрӯхта, дар осори безаволи худ ғояҳои дӯстии халқҳо, иттиҳоди пайравони дину оинҳои мухталиф, ватандӯстӣ, бузургии инсон ва тараққихоҳиро тараннум кардааст. Файз Аҳмад Файз дар асарҳои худ ба бисёр масъалаҳои иҷтимоӣ-ахлоқии замони худ дахл намуда, дар як қатор масъалаҳо бо шоири барҷастаи замони худ аллома Муҳаммад Иқбол, ки дар таърихи адабиёти форсу тоҷик ва урду ҳамчун сухандони беҳамто машҳур мебошад, ҳамовоз гардидааст.    

Файз Аҳмад Файз ва Мирзо Турсунзода танҳо фарзанду шоири як миллат набуданд. Онҳо шоирони оламӣ ва фарзандони кулли одамӣ, шаҳрвандони тамоми сайёраи мо ба шумор мераванд. Овози ботамкину гуворои ин нобиғаҳо, садои шеъри пурэҳсос ва нишонрас занҷирҳоро гусаста, деворҳои зиндонҳоро шикастааст ва дар дили миллионҳо одамон абадан ҷой гирифтааст.

Дар моҳи октябри соли 1981 дар Қасри дӯстии шаҳри Душанбе ба ифтихори 70-солагии зодрӯзи Файз Аҳмад Файз бо ташаббуси ҷамъияти равобити фарҳангии Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои забон ва адабиёти тоҷик ва Ховаршиносии Академияи улуми Тоҷикистон шабнишинӣ доир гардид. Дар ин шаби адабӣ олимону адибони тоҷик аз ҷумлаи Меҳрубон Назаров, Ҳабибулло Раҷабов, Абдуллоҷон Ғаффоров, Мастон Шералӣ, Қутби Киром ва диг. оид ба паҳлуҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти шоир гузоришҳо пешкаш намуда, аз осори ба забони тоҷикӣ тарҷумашудаи ӯ намунаҳо оварданд.

   Шоир тамоми умр ҳақиқатҷӯиро пеша карда буд ва ҳамеша аз ҳақиқати ҳаёт, аз ҳақиқати айём сухан гуфта буд, аз дигарон низ ҳақиқатгӯиро талаб мекард:

Сухан бебок фармо то забон дорӣ,

Ки ҳақ гуфтан бувад шарти забондорӣ.

Сухан гӯй аз ҳуқуқу зиндагоният,

Наярзад бар сухан кибри ҷаҳондорӣ.

Хулоса, аз ашъори ботамкини ҳам Файз Аҳмад Файз ва ҳам Мирзо Турсунзода силсилаи нуктаҳои муҳими таърих ва зиндагӣ, меҳнат ва мубориза, санъату адабиёт, имрӯзу фардоро шунидан мумкин аст, ки дар он вусъати доираи ҷаҳонбинӣ ва ҷаҳоншиносии ин нобиғаҳои адаб дарак медиҳад. Файз Аҳмад Файз ва Мирзо Турсунзода чун шахсиятҳои барҷастаи фарҳанг, адибони забардаст, фарзандони нангбардор, ҳомиёни сулҳ, мураббиёни ғамхори адибони ҷавони ҳам Ҳинду Покистон ва ҳам Тоҷикистон буданд ва хоҳанд буд.