ТАҶЛИЛИ РӮЗИ ИҚБОЛ ДАР ДМТ

583

Имрӯз (09.11.2021) бахшида ба 144 – солагии аллома Муҳаммад Иқбол бо иштироки сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имран Ҳайдар дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Нахуст меҳмони олиқадр сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имран Ҳайдар аз Ганҷинаи ба номи профессор Шарифҷон Ҳусейнзода, ки дар он нодиртарин дастхатҳо маҳфуз аст, дидан намуд. Сипас дар толори калони Шаҳраки донишҷӯён дар пояи кафедраи филологияи Ҳинду Покистони факултети забонҳои Осиё ва Аврупо маҳфили адабии “Рӯзи Иқбол” баргузор гардид.

Дар ибтидо ректори ДМТ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. ҳозиринро ба ин маҳфили пуршукуҳи адабӣ, ки ифодакунандаи эътибори хоссаи аҳли илму фарҳанги Тоҷикистон ва умуман халқи тоҷик ба мардуми шарифи Покистон ва фарҳанги волои он мебошад, самимона табрик намуд. Ректори донишгоҳ зимни баромади худ, иброз дошт, ки “муносибатҳои дӯстонаи Тоҷикистону Покистон дар соҳаҳои гуногун сол то сол густариш ёфта, саҳми роҳбарони олиқадри ҳарду давлат назаррас аст. Муҳаммад Иқбол бузургтарин шоири асри ХХ-и на фақат Ҳинду Покистон, балки тамоми кишварҳои Осиё ба шумор меравад. Асарҳои ба забони урду ва форсӣ эҷодкардаи Иқбол чӣ аз ҷиҳати мазмун ва чӣ аз ҷиҳати фарогирии масъалаҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ, фалсафӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ дар адабиёти урду ва форсизабонони Ҳинду Покистон мавқеъ ва мақоми махсус дорад. Мақому манзалати Муҳаммад Иқбол, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки ӯ асарҳои худро ба масъалаҳои мубраму муҳимтарини замонаш бахшидааст. Муҳаммад Иқбол на танҳо забону адабиёти форсиро дар Ҳинду Покистон зинда нигоҳ дошта, онро ривоҷу равнақ додааст, балки шеъри форсиро ба мунтаҳои камол расонидааст”.

Сипас сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон ҷаноби Имран Ҳайдар суханронӣ намуда, зикр намуд, ки “Аллома Иқбол шоири боистеъдод, донишманди барҷаста ва файласуфи бузург буд. Ашъори Аллома Иқбол паёми умумибашарӣ дорад ва ба ин тартиб ӯ орзуи беҳбудии тамоми башарият дар Осиё – Аврупо, Африқо – Амрико, Покистон ва Тоҷикистонро дошт. Асарҳои шоирона ва фалсафии ӯ ба ҳар кас писанд меояд. Барои мо мояи ифтихор аст, ки шоири миллии Покистонро тамоми ҷаҳон мешиносанд ва дар Тоҷикистон ҳамчун “Иқболи Лоҳурӣ” эҳтиром доранд”.

Дар идомаи маҳфил устоди Донишгоҳи Алигарҳи Ҷумҳурии Ҳиндустон доктор Муштоқ Аҳмад доир ба “Зикри Иқбол, фикри Иқбол” ходими калони илмии Иститути омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АМИТ, Р.Мирсаид дар мавзӯи “Таҷдиду таъсирпазирии донишмандони Ғарб аз дарки ишқу маърифат, худшиносӣ ва адабу забони тоҷикӣ – форсии Мавлоно ва Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ” мудири кафедраи филологияи Ҳинду Покистони ДМТ дотсент, Ҳ.Қурбонов оид ба “Чанд нукта аз ҳаёти Муҳаммад Иқбол” маърӯза намуданд.

Дар охир аз ҷониби сафорат китобҳои гуногуни таълимӣ ба фонди китобхонаи донишгоҳ туҳфа гардид. Ҳамзамон, чанде аз донишҷӯёни ихтисоси урду аз ашори гаронмояи Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ бо забони урду ва тоҷикӣ шеърҳои маҳбубу машҳури ӯро, ки муҳтавояшон саршор аз ваҳдату дӯстӣ, сулҳу осоиштагӣ ва хулқу атвори неки инсонӣ буданд, ироа намуда, аз ҷониби Сафир бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ шуданд.