ВОХӮРӢ БО МАСЪУЛИНИ ИЛМ: ФАЪОЛИЯТ БЕҲБУДИРО МЕТАЛАБАД…

297

Имрӯз (17.02.2022) ректори донишгоҳ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. бо муовинони деканҳо оид ба илм ва равобити байналмилалӣ, инчунин, масъулини сомонаҳои факултетҳо вохӯрӣ намуд.

Дар вохӯрӣ ректори донишгоҳ дар самти фаъолияти илмию байналмилалии факултетҳо, аз ҷумла баргузории чорабиниҳои илмӣ-амалӣ, омода намудани донишҷӯён ба озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, иштироки онҳо дар олимпиадаҳои гуногунсатҳ, зиёд намудани мақолаҳои тақризшаванда дар маҷаллаҳои байналмилалӣ ва ҷоннок намудани сомонаи факултетҳо, инчунин, пайванд намудани илм бо истеҳсолот тавсеаҳои судманд доданд.

 Зимнан таъкид шуд, ки дар партави «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” ва эълон гардидани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» тадбирҳои амалӣ андешида шуда, ҷиҳати татбиқи илм бо истеҳсолот ва ҷалби хонандагони сомонаҳо ташаббусҳои назаррас роҳандозӣ шавад.

 «Фаъолияти муовинони декан оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, инчунин, масъулони сомонаҳои факултетҳо таҷдиди назар карда шуда, низомномаи ин самтҳо бознигарӣ гардид ва дар робита ба фаъолияти минбаъдаи муовинону масъулон пайваста санҷиш гузаронида шавад» -таъкид шуд дар вохӯрӣ.

Дар интиҳо гуфта шуд, ки раёсати донишгоҳ ҷиҳати беҳтар намудани фаъолияти муовинон иқдоми тозаеро андешида истодааст, ки дар сурати нишон додани дастовардҳои назаррас онҳо ҳавасманд гардонида мешаванд.