ДОНИШМАНДИ АСИЛ ВА ШАРҚШИНОСИ ВАРЗИДА

202

Дар ҳар замоне аз рӯзгори одамизод, ки шебу фароз ва шикасту бархостанҳо дорад, ин хирадмандонанд, ки раҳнамову раҳкушоянд ва ба андозаи нур худафрӯзӣ мекунанд, то фардои дигаронро рушноӣ бахшанд. Маҳз ганҷинаи пиндору хиради ҳамин нафарон аст, ки барои рушду густариши донишу хирад чун гавҳар шуда, зиндагиро шукуфо мегардонанд.
Яке аз чунин шахсиятҳо ва инсони хирадгарову фарзона дар замони мо доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи забони арабии Ҷумҳурии Мисри Араб, профессор Сулаймонов Саидраҳмон аст.
Доираи фаъолияти устод Сулаймонов Саидраҳмон хеле густардатар аз он аст, ки дар шумор меоварем: муаллими мумтоз, пажӯҳандаи борикбин, арабшиноси варзида, фарҳангнигори номвар, шарқшинос – файласуф, тарҷумон, муҳаққиқи осори Ибни Сино…
Ба ростӣ устод Сулаймонов Саидраҳмон хирадманди равшанзамир ва соҳибмактабаст, ки равишу усуби хоссаи худро дорост ва дар замони ҳозир камтар касонеанд, ки чунин ҷойгоҳро сазовор бошанд. Ба пиндори мо дар ҷомеаи имрӯзи Тоҷикистон аз мактаби устод Сулаймонов Саидраҳмон дида, бузургтар ва тавонотар мактаби арабшиносие вуҷуд надорад.
Воқеан ҳам, фидоии роҳи илм ва миллати сарфарози хешанд ва бо ҳамаи ҳастӣ, бо тамоми эътиқоду самимият ба хидмати Ватани дӯстдоштанӣ камари ҳиммат бастаанд ва дар ин роҳ, хушо, ки хастагие дар устод эҳсос намешаваду гӯё қотеона мегӯянд: «Мавҷему осудагии мо адами мост…»
Ормони мо аз ин гуфтаҳо ин аст, ки бо қарори Раёсати Комиссиси олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июни соли 2022, №6 ба Сулаймонов Саидраҳмон унвони илмии профессор аз рӯйи ихтисоси “Забоншиносӣ” дода шуд.
Умед дорем, ки устод бо заҳматҳои ба миллат эҳдо кардаашон иктифо накарда, нақшаву ниятҳои дар қалбашон нуҳуфтаро татбиқ намоянд. Дар ин роҳ ба устоди азиз комёбиҳои тоза ба тоза, тандурустӣ ва умри бардавомро орзумандем.