Истиқлолият барои ҳар як фарди озодихоҳу озодипарвар рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлату давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои симои миллат, рамзи асолату ҳувият, мазҳари орзуву ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тоҷикон дар таърих ҳамчун мардуми озодихоҳу озодипараст шинохта шуда, ҳамеша дар ҳар давру замон барои истиқлолияти худ мубориза мебурданд. Мисоли равшани ин гуфтаҳо зуҳуру ташаккули ҷараёни “шуубия” мебошад, ки минбаъд заминаи асосии исёни Абумуслими Хуросонӣ бар зидди ҳукумати Умавиён гардида, ниҳоят бо сарнагун гардидани ин хонадон ва ба сари қудрат омадани Аббосиён дар соли 750 мелодӣ анҷом ёфт. Ҳамчунин намунаи боризи истиқлолхоҳии мардуми тоҷик ин исёни Муқаннаъ бар зидди хонадони Аббосиён ба шумор меравад, ки тавонист ҷаҳони арабро ба ҷунбиш орад.
Бар асари таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии ибтидои солҳои 90- уми асри гузашта халқи тоҷик баъди ҳазор сол аз нав ба эҳё ва эъмори давлати миллии худ ноил гардид. Истиқлолият дар таърихи ҳазорсолаи халқи тоҷик ин воқеаи хеле бузург буд. 24-уми августи соли 1990 Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи истиқлолияти ҷумҳурӣ эъломия қабул кард. Моддаи аввали эъломия эълон кард, ки «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати мустақили демократии ҳуқуқбунёд мебошад».
Тоҷикистон аз нахустин рӯзҳои истиқлолияти худ дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлату давлатдории нав, таъмини амнияту оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иҷтимоии кишвар бо мушкилоту монеаҳои зиёд рӯ ба рӯ гардид. Душманони халқи тоҷик мехостанд, ки бо ҳар роҳу васила миёни мардуми кишвар тухми нифоқ коранд ва бо ҷорӣ намудани нооромию ҷангу ҷидол миёни маҳалҳои гуногуни кшвар ҷанги шаҳрвандиро ба вуҷуд оранд ва ин вазъиятро ба манфиати худ истифода намоянд. Вале мардуми тоҷик аз ҷумлаи он миллатҳое мебошад, ки марзу буми худро хеле дӯст медорад ва барои бақову устувории он бо тамоми ҳастӣ ҷоннисорӣ мекунад. Фарзандони бонангу номуси тоҷик дар ҳамаи давраҳои таърихӣ бо сарсупурдагӣ ва талошҳои созанда Ватани хешро ҳифз мекарданд ва аз вартаи нобудӣ эмин медоштанд. Бешубҳа, низоъ ва кашмакашҳои дохилии кишвар низ бо раъйи мардуми тоҷик рух надода, нақши хиёнаткоронаи душманони берунӣ ва нотавонбини давлати тоҷикон буд. Новобаста аз душвориҳои зиёд, билохира, нерўи фарҳангии собиқа ба миллати тоҷик имкон дод, ки бинои давлати тозабунёди хешро бунёд созад.
Маҳз дар ҳамин давраи душвор ва тақдирсоз, пас аз як соли эълони Истиқлолият, аниқтараш моҳи ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби ноҳияи Б.Ғафуров Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба арсаи сиёсати кишвар шахсиятеро рӯи кор овард, ки дастовардҳои минбаъдаи кишвар ба номи ӯ алоқамандии зич доранд. Баробари ба сарварии давлати тозабунёд интихоб гардидани фарзанди фарзонаи миллат – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми сохторҳои ҳокимият дигаргунӣ ворид гардид. Ин сиёсатмадори соҳибхирад тавонист, ки дар як муддати кӯтоҳ бо тадбирҳои дурбинона тамоми қувваҳои сиёсиро ба ҳам орад, мардуми парокандаи тоҷикро дар зери парчами кишвар муттаҳид созад, ба ҷанги бародаркуш хотима бахшад ва дар як муддати кӯтоҳ сохтори давлатро ба меъёрҳои дунявӣ созгор намояд. Ҳамзамон Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба гузаронидани ислоҳоти иқтисодӣ шуруъ намуд. Дар робита ба ин, пеш аз ҳама, дар ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқии ислоҳоти иқтисодӣ дида баромада шуд. Қабули қонунҳо оид ба моликият, соҳибкорӣ, андози даромад, буҷети давлатӣ, пардохти истифодаи замин ва ғайраҳо шаҳодати гуфтаҳои фавқ мебошанд.
Бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО Сангтӯда, Помир-1, Роғун, роҳи оҳани Қурғонтеппа-Кӯлоб, роҳҳои мошингарди Душанбе-Хоруғ-Мурғоб, Душанбе-Рашт-Саритош, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ ва нақби Шаршар шуруъ гардид, ки дар натиҷаи пурра ба анҷом расидани онҳо ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар қатори давлатҳои мутараққӣ қарор гирифт.
Тоҷикистонро шинохтани зиёда аз 165 кишвари ҷаҳон далели равшании афкори хирадмандонаи роҳбарияти давлати тоҷикон аст. Тасдиқи рамзҳои давлатӣ, пули миллӣ, бунёди муассисаҳои фарҳангию тиҷоратӣ, сохтмонҳои азими кишвар боварии мардумро ба ояндаи дурахшон рӯз аз рӯз афзун менамояд. Имрўз ҳар як тоҷик аз он ифтихор мекунад, ки соҳиби ватани озод ва давлати мустақил аст ва дар давоми 31-соли Истиқлоли Ватан Тоҷикистон ба дастовардҳои бузург ноил гардидааст. Имрӯзҳо пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе ба бустони сабзу хуррам, макони баргузории чорабиниҳои байналмилалии сатҳи баланд, конфронсу симпозиумҳои байналмилалӣ табдил ёфтааст. Хушбахтии мардуми тоҷик дар он аст, ки дар ҳама ҳолат аз душвориҳо наҳаросида, сабру таҳаммулро пеша менамояд ва бо меҳнати пуршарафи худ Ватанро обод мекунад.
Имрӯзҳо дар чунин як марҳалаи мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир ба иттиҳоду ҳамраъйӣ, ваҳдати миллӣ, маърифату зиракии сиёсӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстиву ватандорӣ бештар ниёз эҳсос мешавад. Бино бар таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шароити кунунӣ, дар раванди ҷаҳонишавӣ ба кишварҳои ҷаҳон хатарҳои гуногун таҳдид менамояд: “Солҳои охир дар ҷаҳон як силсила тамоюлоти хатарнок, аз қабили таҳдиди терроризми байналмилалӣ, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва фаъолияти гурӯҳҳои ҷинояткори трансмиллӣ қувват мегиранд, ки инҳо метавонанд ба оромиву суботи минтақа ва амнияти давлатии кишварҳои алоҳида таъсири ногувор расонанд”.
Бо назардошти ин, ҷомеаи кишвар ва махсусан ҷавононро лозим аст, ки бо дониши комил, зиракии сиёсӣ ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ монеаҳои мавҷударо паси сар намуда, дар пешрафти рӯзафзуни кишвари соҳибистиқлоли худ саҳми арзанда гузоранд. Зеро дар дунёи пуртазоди муосир танҳо миллате соҳиби иззату эҳтиром шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.
Раҷабова Марҳабо – н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи филологияи араби факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ