Истиқлолияту озодӣ мафҳумҳои ба ҳам наздиканд. Истиқлолияти ҳар давлату миллат муқаддас шумурда мешавад, зеро он гоҳе вақт бо ҷангу хунрезӣ ва гоҳе бо роҳи осоишта ба даст меояд. Давлату миллати тоҷик зиёда аз ҳазор сол дар зери султаи аҷнабиён буд, соли 1924 ҳамчун ҷумҳурии мухтор ва соли 1929 ба ҷумҳурии иттифоқӣ дар ҳайати Иттиҳоди Шуравӣ табдил дода шуд. Соли 1991, ки давлати Шуравӣ барҳам хӯрд, ҷумҳуриҳои тобеи он низ мустақил шуданд. Кишвари азизи мо низ санаи 9 сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард. Ҷумҳурии Тоҷикистон 2 марти соли 1992 узви расмии Созмони Милали Муттаҳид эълон гардид.Баъд аз ин ҷумҳурӣ бо роҳи осоишта тақдири худро муайян менамуд, вале моҳи майи соли 1992 бо дахолати беруниву дохилӣ ҷанги шаҳрвандӣ (бародаркуш) дар Тоҷикистон сар зад. Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд барпо гардид, Эмомалӣ Раҳмонро раиси Шурои Олӣ интихоб намуд.Ин ҷанг зиёда аз 150 ҳазор кушта, ҳазорҳо гуреза ва зарари модии ин ҷанг 7 миллиард долларро ташкил медод. Аксарияти гурезаҳо, ки ба давлати ҷангзадаи Афғонистон паноҳ бурда буданд, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷони худро дар хатар гузошта он гурезаҳоро ба Ватан баргардонд. Баъд аз 8 музокираи ҳалкунанда 27 июни соли 1997 Созишномаи сулҳ байни тоҷикон ба имзо расид, ки Ваҳдати миллиро дар Тоҷикистон барқарор намуд.Чунонки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Яке аз муҳимтарин дастовардҳои мо дар даврони истиқлолият давлатсозӣ ва давлатдории муосири миллӣ мебошад, ки моҳиятан шакли ҳуқуқбунёд, иҷтимоӣ ва дунявиро дорад».
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз ин роҳи осоиштаро пеш гирифт ва ободиву созандагиро пешаи худ намуд.Соли 1999 ба ифтихори 1100 солагии давлати Сомониён муҷассамаи Исмоили Сомонӣ дар шаҳри Душанбе қомат афрохт. Соли 2003 ҷумҳурӣ сиёсати дарҳои кушодро эълон кард ва ин восита сармояҳои хориҷӣ ба ҷумҳурӣ ворид мешуданд. Соли 2004 80 солаги пойтахти азизамон шаҳри Душанбе ҷашн гирифта шуд. Дар соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ” Танзими анъана ва ҷашну маросимҳо” қабул карда шуд. Назари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба муқаддасоти милливу динӣ хеле ҳассос буд, соли 2009- ро соли Имоми Аъзам эълон намуд. Барои тараққӣ додани соҳаи маориф ва технологияи муосир соли 2010 – ро соли Маориф ва фарҳанги технологӣ қабул гардид. Барои боз ҳам хубтару беҳтар шудани муносибатҳои оилавӣ, пешгирии никоҳи хешутаборӣ ва садҳо масъалаҳои дигар соли 2015 Соли оила таъйин гардид.
Барои боз ҳам тақвият бахшидани нақши ҷавонон дар ҷомеа, ки Пешвои миллат ҳама вақт онҳоро дастгирӣ мекунанд, бо дастури Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2017 Соли Ҷавонон эълон гардид. Ташаббусҳои беназири Тоҷикистон дар соҳаи об, ки дар сатҳи байналмилалӣ эътироф шудааст, нишонаи истиқлолу озодии кишвар аст. Дар соли 2021 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тантана таҷлил гардид. Соли равон, ки санаи 9 сентябр Истиқлолияти давлатӣ ҷашн гирифта шуд ва ба ин муносибат маҷмааи бо шукуҳе ба шарафи 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе қомат афрохт. Имрӯзҳо мо сиюмин солгарди Иҷлосияи таърихиро ҷашн мегирем. Мо пайравони Пешвои миллат аз ин ҷашни пуршукӯҳ шод ҳастем ва дар фазои сулҳу суботу оромӣ шукргузорӣ мекунем. Дар охир таманниёти хешро бахшида ба ин санаи муборак гуфтаниям.
Кишвари азизам туро бо 30 соли бурдборӣ, пешравӣ, орому осудагӣ, таҳкими сулҳу субот, ободиву созандагӣ ва садҳо бурдбориҳои дигар табрик мегӯям. Худо кунад чашми бади адӯ ба ин неъматҳои бузурги ту нарасад.
Абдурофеъ Гадоев, донишҷӯи факултети забонҳои Осиё ва Аврупои ДМТ